Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон эълон шуданд


Ҳуҷумкунандаи дастаи «Вахш», қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2009 ва беҳтарин голзани ин мавсими Лигаи Олӣ Нӯъмон Ҳакимов беҳтарин бозигари сол дониста шуд.

Нӯъмон Ҳакимов барои дуввумин бор аст, ки унвони беҳтарин бозигари сол аз нигоҳи Федеросюни футболи Тоҷикистонро ба даст меорад. Дар соли 2007 низ ин ҷоиза насиби ӯ гашта буд.

Беҳтарин бозигари сол ба хабаргузории варзишии «Варзиш-Спорт» гуфтааст, интизори ин ҷоизаро надошт ва ҳамакнун худро хеле хушбахт ҳис мекунад. Ӯ гуфтааст, таваллуди фарзандаш дар имсол ба ӯ нерӯи тоза ва бештар бахшидааст. Нӯъмон Ҳакимов гуфтааст, мехоҳад дар ҳайъати «Вахш» дар Ҷоми Иттиҳод, ки моҳи январ дар Маскав доир хоҳад шуд, ба муқобили «Рубин»-и Қазон ва «Динамо»-и Киев ба майдон барояд. Воқеан, ҳар дуи ин дастаҳо имшаб дар бозиҳои охирини худ дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо аз абардастаҳои ҷаҳонӣ - мутаносибан «Интер»-и Италия ва «Барселона»-и Испания шикаст хӯрданд.

Федеросюни футболи Тоҷикистон ҳамчунин беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар бахшҳои дигаррро низ эълон кард. Ҳамин гуна, дарвозабони «Регар» ТадАЗ Алишер Додов, муҳофизи «Вахш» Раҳматулло Фузайлов, нимҳимоятгари «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамдастаи ӯ ҳуҷумкунанда Юсуф Рабиев низ дар хатҳои худ беҳтарин дониста шуданд. Сармураббии рақами як Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии ҷавони «Вахш» гардид, ки бо нахустин таҷрибааш ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон ноил шуд.

Раҷаб Расулов аз «Варзоб» беҳтарин мураббии кӯдакон, Шерзод Ҷумъаев аз «Вавилон» беҳтарин бозигари футзол ва Дамир Камолиддинов, сармураббии мунтахаби футзоли Тоҷикистон беҳтарин мураббии футзол, Мадина Фозилова аз «Ласточка» (Душанбе) беҳтарин бозигарзани футбол ва Сулаймон Бобокалонов беҳтарин мураббии футболи занона муаррифӣ шуданд. Беҳтарин довар Ориф Ҷӯраев аз Шаҳринав гардид.

Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар солиҳои 2002-2009

2002
Дарвозабон - Насим Баротов ("Хуҷанд");
Муҳофиз - Субҳон Хоҷамов (СКА "Помир");
Нимҳимоятгар - Алишер Ҳақбердиев ("Регар" ТадАЗ);
Муҳоҷим - Ҳикмат Фузайлов (БДА);
Беҳтарин голзан - Ҷомихон Муҳиддинов ("Хуҷанд") - 29 гол;
Мураббӣ - Ӯроз Турақулов ("Вахш");
Довар - Ориф Ҷӯраев (Шаҳринав).

2003
Дарвозабон - Аслиддин Ҳабибуллоев ("Вахш");
Муҳофиз - Субҳон Хоҷамов ("Хуҷанд");
Нимҳимоятгар – Нӯъмон Ҳакимов ("Вахш");
Муҳоҷим - Осим Бобоев ("Регар" ТадАЗ);
Беҳтарин голзан - Осим Бобоев ("Регар" ТадАЗ) - 38 гол;
Бозигари сол - Аслиддин Ҳабибуллоев ("Вахш");
Мураббӣ - Ӯроз Турақулов ("Вахш");
Довар - Ориф Ҷӯраев (Шаҳринав).

2004
Дарвозабон - Аслиддин Ҳабибуллоев ("Вахш");
Муҳофиз - Далер Тухтасунов ("Вахш");
Нимҳимоятгар - Анвар Норқулов ("Авиатор");
Муҳоҷим - Назир Ризомов ("Вахш");
Беҳтарин голзан – Сӯҳроб Ҳамидов ("Регар" ТадАЗ) - 33 гол;
Бозигари сол - Анвар Норқулов ("Авиатор");
Мураббӣ - Шариф Назаров ("Авиатор");
Довар - Диловар Орзуев (Ҳисор).

2005
Дарвозабон - Умед Ҳоҷимуродов ("Регар" ТадАЗ);
Муҳофиз - Ҷамолиддин Оев ("Вахш");
Нимҳимоятгар - Одил Эргашев ("Регар" ТадАЗ);
Муҳоҷим - Назир Ризомов ("Вахш");
Беҳтарин голзан - Аҳтам Ҳамроқулов ("Вахш") - 12 гол;
Бозигари сол - Хуршед Маҳмудов ("Регар" ТадАЗ);
Мураббӣ - Ӯроз Турақулов ("Вахш");
Довар - Ориф Ҷӯраев (Шаҳринав).

2006
Дарвозабон - Аслиддин Ҳабибуллоев ("Вахш");
Муҳофиз - Ҷамолиддин Оев ("Хима");
Нимҳимоятгар - Иброҳим Рабимов ("Регар" ТадАЗ);
Муҳоҷим – Нӯъмон Ҳакимов ("Парвоз");
Беҳтарин голзан - Фозил Сатторов ("Тоҷиктелеком") – 20 гол;
Бозигари сол - Хуршед Маҳмудов ("Регар" ТадАЗ);
Мураббӣ - Шариф Назаров, Пӯлод Қодиров, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев;
Довар - Ориф Ҷӯраев (Шаҳринав).

2007
Дарвозабон - Алишер Тӯйчиев ("Парвоз");
Муҳофиз - Наим Носиров ("Регар" ТадАЗ);
Нимҳимоятгар - Хуршед Маҳмудов ("Регар" ТадАЗ);
Муҳоҷим - Комил Саидов ("Хима");
Беҳтарин голзан – Сӯҳроб Ҳамидов ("Регар" ТадАЗ) - 21 гол;
Бозигари сол – Нӯъмон Ҳакимов ("Парвоз");
Мураббӣ - Салоҳиддин Ғафуров ("Вахш");
Довар - Ориф Ҷӯраев (Шаҳринав).

2008
Дарвозабон - Насим Баротов ("Хуҷанд");
Муҳофиз - Эраҷ Раҷабов ("Динамо");
Нимҳимоятгар - Юсуф Рабиев ("Хуҷанд");
Муҳоҷим – Сӯҳроб Ҳамидов ("Энергетик");
Беҳтарин голзан – Нӯъмон Ҳакимов ("Парвоз") – 30 гол;
Бозигари сол - Хуршед Маҳмудов ("Регар" ТадАЗ);
Мураббӣ - Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ("Регар" ТадАЗ);
Довар - Рустам Холов (Душанбе).

2009
Дарвозабон - Алишер Додов ("Регар" ТадАЗ);
Муҳофиз - Раҳматулло Фузайлов ("Вахш");
Нимҳимоятгар - Фатҳулло Фатҳуллоев ("Истиқлол");
Муҳоҷим - Юсуф Рабиев ("Истиқлол");
Беҳтарин голзан – Нӯъмон Ҳакимов ("Вахш") - 15 гол;
Бозигари сол – Нӯъмон Ҳакимов ("Вахш");
Мураббӣ - Аслиддин Ҳабибуллоев ("Вахш");
Довар – ОрифҶӯраев (Шаҳринав).
XS
SM
MD
LG