Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин бор дар 15 соли охир ҳукуматҳо, созмонҳои байнулмилал ва маҳаллӣ, пизишкон ва дорусозон тавонистанд, пеши роҳи густариши бемории силро бигиранд. Дар ин бора Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар додааст.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, нақшаи худро дар табобати беморони сил барзиёд иҷро карда, дар 15 соли гузашта 36 миллион нафарро муолиҷа намуд ва 8 миллион нафарро аз марг наҷот дод.

Мудири барномаи пешгирӣ аз сил дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Марио Равилён ин натиҷаҳоро як хушхабар номид: "Нахустин бор дар ин ҳама фурсат мо марзи 85 дарсадро гузаштем ва 87 дарсади беморонро муолиҷа кардем. Ин бисёр хушоянд аст ва моро водор мекунад, бигӯем, ки барномаи дар ҳоли иҷрои дурусташ муваффақиятомези табобати миллионҳо нафарро дар даст дорем."
Дар ҳафт соле, ки мо тибқи барнома амал кардем, вазифае, ки дар назди мо буд, бомуваффақият иҷро шуд. Ба мо муяссар шуд, ки авҷи минбаъдаи бемории силро дар кишвар нигоҳ дорем. Соли сеюм аст, ки шумораи беморони сил дар Тоҷикистон дар як сатҳи муайян 6 ҳазор то 6 065 нафар боқӣ мондааст...

Доктор Равилён афзуд, ба ин тартиб имкон дорад, ҷаҳон бемории силро дар 50 ё 70 соли оянда комилан аз байн барад. Аммо изҳори нигаронӣ кард, ки вазъ дар Русия, Осиёи Марказӣ ва бархе аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ, монанди Беларус, Руминия ва Украина ҳамоно сангин боқӣ мемонад. Сабаб дар он аст, ки дар ин манотиқ навъи ба доруҳо тобовари сил густариш ёфта, сабаби марги ҳазорон нафар мегардад.

Сармутахассиси Вазорати тандурустии Тоҷикистон, собиқ раиси Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил, Саъдулло Саидалиев ишораи Равилёнро дар бобати анвои ба дору тобовари сил тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ин натиҷаи ҳарҷумарҷ дар низоми муолиҷаи замони шӯравист ва ба ин сабаб дар ҳамаи қаламрави мазкур паҳн гаштааст.

Дар мавриди Тоҷикистон, доктор Саидалиев меафзояд, шикасти низомҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини иҷтимоӣ ва сипас ҷанги дохилӣ ҳамин системи муолиҷаро низ барҳам зад ва беморон аз доруҳое истифода мекарданд, асли баромадашон номаълум буд.

Вале ба сурати умум, саҳми Тоҷикистон дар муваффақияти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт низ ҳаст. Доктор Саидалиев мегӯяд: "Дар ҳафт соле, ки мо тибқи барнома амал кардем, вазифае, ки дар назди мо буд, бомуваффақият иҷро шуд. Ба мо муяссар шуд, ки авҷи минбаъдаи бемории силро дар кишвар нигоҳ дорем. Соли сеюм аст, ки шумораи беморони сил дар Тоҷикистон дар як сатҳи муайян 6 ҳазор то 6 065 нафар боқӣ мондааст."

Аммо ҳамзамон ба ин сармутахассиси Вазорати тандурустии Тоҷикистон, собиқ раиси Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил, Саъдулло Саидалиев гуфт, афзоиши гирифторон ба навъи тобовари сил ва ҳам зиёд шудани гирифторони вирус ё ангали HIV/AIDS ё СПИД вазъро хатарнок нигоҳ медорад.

Мудири барномаи пешгирӣ аз сил дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Марио Равилён вазъи кишварҳои Осиёи Марказиро ба душвориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бастагӣ медиҳад. Вай мегӯяд, ба иллати фақр, ин кишварҳо наметавонанд, муборизаи қавиеро зидди бемории сил ба роҳ монанд. Аз ин лиҳоз, доктор Равилён кӯмаки байнулмилалиро ба ин кишварҳо муҳиму сарнавиштсоз номид.

Вале стратегияи умумии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар муборизаи зидди сил сармоягузории давлатӣ, афзоиши ташхиси дақиқ, муолиҷаи тибқи дастури Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, таъмини комил бо доруву дармон ва назми мушоҳидаи натиҷаҳои табобатро дар бар мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG