Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонон чӣ гуна ба Амрико сафар кунанд?


Элиза Вилсон, консули Амрико дар Тоҷикистон.

Элиза Вилсон, консули Амрико дар Тоҷикистон.

Хеле муфид буд, ки дар гуфтугӯ бо консули Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Элиза Вилсон ҳамаи пурсишҳои ҷавонон баррасӣ шуд ва хеле фараҳбахш буд, ки ин сӯҳбат аз сар то ба охир бо забони тоҷикӣ сурат гирифт.

Озодӣ: Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба чи қадар шаҳрвандони Тоҷикистон раводид дода шуд ва ғолибан синну соли онҳо чанд аст?

Элиза Вилсон: Дар нимсолаи аввали соли 2009 тақрибан 700 нафар тоҷикон ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, барои сафар кардан ба Иёлоти Муттаҳида раводид гирифтаанд, вале мо оиди синну соли дархосткунандагону гирандагони раводид ягон ҳисоби махсусе намебарем.

Озодӣ: Умуман дар муддати солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон чӣ теъдоди ҷавонон бо ҳадафи таҳсил ва бо кӯмаки Шумо ба Амрико рафтаанд?

Элиза Вилсон: Тибқи маълумоти «Дарҳои кушода» дар тўли солҳои 2007-2008 ва 2008-2009 тақрибан 350 нафар ҷавонони тоҷикистонӣ дар коллеҷу донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида таҳсил менамуданд. Зиёда аз нисфи ин ҷавонон тибқи барномаҳои барои донишҷўён ва хатмкардагони донишгоҳҳо тарҳрезишуда таҳсил менамоянду боқимонда дар барномаҳои кўтоҳмуддати таълимӣ бе имкони соҳиб шудан ба диплом иштирок мекунанд. Ин маълумотро на сафорати ИМА, балки аз тарафи Институти Маълумоти Байналмилалии Иёлоти Муттаҳида пешниҳод карда шудааст.

Озодӣ: Имрӯз аксари ҷавонони тоҷик кўшиши сафар ба Амрико ва таҳсил дар курсҳои омӯзишии онро мекунанд, аммо чуноне ба назар мерасад, сафорат на ба ҳамаи онҳо раводид медиҳад ва маъмулан шумори зиёди чавонон посухи рад мегиранд, сабаб чи аст?

Элиза Вилсон:
Чи хеле, ки дар боло зикр кардем, миқдори зиёди тоҷикон барои гирифтани дараҷаи илми ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида таҳсил менамоянд. Қисми зиёди ин нафарон забони англисиро дар худи Тоҷикитон меомўзанд, то тавонанд ба коллеҷу донишгоҳҳои ИМА дохил шаванд. Баъзе аз ин донишҷўён барои пардохти маблағи таҳсилашон барномахои стипендиявиро ҷустуҷу ва дарёфт мекунанд. Ба донишҷӯёне, ки дар курсхои кутоҳмуддат таҳсил мекунанд ва дорои раводиди саёҳиянд, кор кардан иҷозат дода намешавад. Он донишҷӯёне, ки раводиди донишҷӯиро доранд, метавонанд на зиёд аз 20 соат дар як хафта ичозати кор дар ҳудуди ҷои тахсилашонро дошат бошанд. Танҳо дар ҳолате, ки агар онхо меъёрҳои муайянкардашудаи Шӯъбаи Мухочиратии ИМА-ро риоя кунанд.
Довталабони раводиди донишҷӯӣ, бояд нишон диҳанд, ки вақте, ки онҳо барои раводид гирифтан муроҷиат мекунанд, онҳо барои хониши болаёқат дар ИМА ба як соли пурраи тахсил маблаги расандаро доранд.

Барои онҳое, ки забони англисиро дар курсҳои забони англисии ИМА меомӯзанд, барои як моҳи зиндагӣ ва таҳсилашон ҳадди ақал 1000 долари амрикоӣ зарур аст. Ва албатта ин қиммати билет то ИМА-ро дар бар намегирад. Агар ба назар гирем, ки маоши миёнаи мардуми тоҷик дар як моҳ хеле камтар аз 500 доллар асту онҳо боз аз он ба оилаҳояшон низ кўмак мекунанд, сарф кардани чунин маблағи калон танҳо ба хотири омўхтани забон ҳеҷ маъние надорад, дар ҳоле, ки ин корро дар ҳамин ҷо низ кардан мумкин аст.

Озодӣ: Пеш аз ворид шудан ба сӯҳбат бо консул ҷавонон ба мисле ки ба имтиҳон омодагӣ мегирифта бошанд, посух ба суолҳои зиёдро аз худ мекунанд, бигӯед, ки шарти асосии гирифтани раводид чи аст?
Элиза Вилсон - Намудҳои гуногуни раводид вуҷуд доранд, раводиди муҳоҷиратӣ ва ғайри муҳочиратӣ. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон танҳо раводиди ғайримуҳоҷиратӣ медиҳад. Ин намуди раводид танҳо барои сафари муваққатӣ ба Иёлоти Муттаҳида дода мешавад. Масалан барои саёҳат ё сафари хидматии кўтоҳмуддат ё барои таҳсили донишҷўён ва ё барои иштирок кардан дар ягон барномаҳои табодулӣ ба ИМА. Раводиди муҳоҷиратӣ ба шахсони алоҳидае дода мешавад, ки мақсади дар Иёлоти Муттаҳида муқимӣ шудан доранд ва талаботҳо барои додани чунин намуди раводид гуногун аст. Ҳоло ҳозир чунин намуди раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон сафорати ИМА дар шаҳри Алмато медиҳад.

Дар сомонаи (web site) сафорати ИМА дар Тоҷикистон тамоми маълумоти заруриро оиди ҳуҷҷатҳое, ки кас бояд ҳамроҳи худ ба сўҳбати консул биёрад, пайдо кардан мумкин аст. Аз ин рў, ҳеҷ зарурате барои «Тайёрӣ дидан» ба чунин сўҳбат нест, агар онҳо барои раводид, гирифтан салоҳиятдор бошанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки шумо оиди сабаби сафари эҳтимолии худ ба Иёлоти Муттаҳида софдилона маълумот диҳанд ва ҳақиқатро гўянд.

Агар ягон кас барои гирифтани раводиди ғайримуҳоҷирати муроҷиат кунад, қонуни Муҳоҷиратии ИМА талаб мекунад, ки муроҷиаткунанда бояд Ходими Консулро бовар кунонда тавонад, ки ӯ ба ИМА мақсади муҳоҷират карданро надорад. Барои он, ки шумо барои гирифтани раводид салоҳиятдор бошед, бояд, ки навъи раводиде, ки шумо талаб карда истодаед, бо мақсади сафари шумо ба ИМА мувофиқат кунад.

Барои мисол, агар шумо барои гирифтани раводиди донишҷўӣ дархост пешниҳод кардаеду мақсади шумо омўхтани забони англисӣ дар Иёлоти Муттаҳида бошад, пас шумо бояд исбот кунед, ки имкон доред, ки маблағи таҳсили худро пардохт кунед.
Шумо ҳамчунин бояд исбот кунед, ки барои шумо воқеан ҳам омўхтани забони англисӣ дар Иёлоти Муттаҳида зарур аст. Ин танҳо як мисол аст. Мисоли дигар – нафаре, ки ба раводиди кӯтоҳмуддати корӣ ба ИМА муроҷиат мекунад бояд маълумоти муносиб вобаста ба саёӯаташ дошта бошад, ки барои раводид гирифтан салоҳиятдор бошад. Дар ҳар дуи ин ҳолат, Ходими Консул метавонад, ки чи андоза мустаҳкам будани иртиботи берун аз ИМА доштаи муроҷиаткунандаро, ки ба раводиди ғайримуӯоҷирати дархост кардааст аз назар гузаронад. Навъҳои раводид ба ИМА хеле гуногунанд. Маълумот оиди навъҳои маъмули раводид ба ИМА-ро дар сомонаи мо пайдо кардан мумкин аст.

Озодӣ:
Довталабе, ки мехоҳад ба Амрико сафар кунад, дорои чи ҳуҷҷатҳо ва хусусиятҳо бояд бошад?

Элиза Вилсон: Умуман, барои дархости раводиди ғайримуҳоҷиратӣ кас бояд аввал ба сомонаи мо даромада шакли электронии дархостномаи моро пур кунад ва вақти вохуриаш бо консулро муайян карда сабт кунад. Мўҳлати эътибори шиносномаи дархосткунандаи раводид бояд на кам аз шаш моҳи дигар пас аз анҷоми сафари ў ба Иёлоти Муттаҳида давом ёбад. Онҳо бояд ба мусоҳиба ҳамроҳи худ шакли чопкардашудаи дархости мусоҳиба, шиноснома, ҳамаи дархостномаҳое, ки алҳол пур кардаанд, 2 дона расми 5 ба 5, маблағи 131 доллар барои пардохти боҷи консулӣ ё муодили ин маблағ бо сомонӣ (590 сомони), дигар ҳуҷҷатҳои ёрирасонро биёранд. Маълумоти пурра оиди ин масъала дар сомонаи мо вуҷуд дорад.

Озодӣ:
Як гурӯҳи ҷавонон аз он изҳори норизоӣ мекунанд, ки қиммати боҷи давлатӣ барои мулоқот бо консули Амрико гарон аст ва дар сурати гирифтани посухи манфӣ, маблағашон қисман баргардонида намешавад. Ва ҳар навбат зарурати аз нав пардохтани боҷи давлатӣ пеш меояд, оё сафорат метавонад барои ҷавонони тоҷик, ки аксарашон аз назари молӣ шароити на чандон хуб доранд, дар ин масъала мусоидат намояд?

Элиза Вилсон:
Маблағи 131 доллар барои боҷи консулӣ аз ҷониби Департаменти Давлатии ИМА бо назардошти масрафи умумии содиркунии раводид новобаста аз он, ки раводид дарёфт мешавад ё не, муайян карда шудааст. Ин қиммат барои ҳамаи кишварҳо якест ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон онро наметавонад таъғир диҳад. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар асоси созишномаҳои дуҷониба боз маблағҳои дигаре барои гирифтани раводид низ пардохт карда мешаванд, ки мо онҳоро дар Тоҷикистон талаб намекунем.

Озодӣ:
Соли гузашта мо чанд ҳодисаи боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистон, яъне ҷавононеро дар Амрико шунидем, ки бо сабаби хатми мӯҳлати раводиди Амрико боздошт ва баъдан ихроҷ шуданд. Оё аз рӯи маълумоте, ки шумо дар ихтиёр доред, шумори ингуна мавридҳо чанд аст? Аксари ин қонунвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ гуна будаанд, яъне аз кадом бахши ҷиноятҳо ҳисоб мешаванд?

Элиза Вилсон:
Як бори дигар мехоҳам ин нуқтаро таъкид кунам, ки на ҳамеша анҷоми мўҳлати раводид метавонад сабаби чунин ҳодиса гардад, балки шояд онҳо аз мўҳлати иҷозатдодашудаи иқоматашон дар ИМА зиёдтар истодаанд. Мо медонем, ки ҳодисаҳои зиёде рӯй додаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида аз мўҳлати расман иҷозатдодашуда зиёдтар меистанд, ки ин вайронкунии қонунҳои ИМА мебошад. Мақомоти қудратии мо на ҳамеша онҳоро дастгир мекунанд, вале агар онҳо касеро дастгир кардаанд, пас барои ин ягон сабаби ҷиддие вуҷуд дошта будааст, аз ҷумла он чи шумо зикр кардед, ва он сабаб мешавад, ки ин нафарон даъфаи дигар аз ҳаққи гирифтани раводиди ИМА маҳрум мегарданд. Ман ҳаққи шарҳ додани шумораи ҳодисаҳои аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон вайрон кардани қонунҳои Иёлоти Муттаҳидаро надорам, зеро ин салоҳияти мақомоти қудратӣ аст, на Шўъбаи консулӣ.

Озодӣ:
Оё чӣ шумори шаҳрвандони Тоҷикистон то имрӯз соҳиби ҳақи зиндагӣ дар Амрико шудаанд дар ин солҳои охир? Роҳи гирифтани корти сабз яъне грин-картаи Амрико чӣ гуна аст?

Элиза Вилсон: Хуб, барои мисол, тибқи омори Ҳукумати ИМА дар соли 2008 тақрибан 230 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи иқомати доимиро дар Амрико пайдо кардаанд.Грин корт ё худ Корти иқомати доимӣ ба касоне дода мешавад, ки тавассути раводиди муҳоҷирати ба ИМА ворид шудаанд. Раводиди муҳоҷиратӣ ба он касоне дода мешавад, ки мақсади дар Иёлоти Муттаҳида ба шакли доимӣ ё худ давомдор иқомат карданро доранд. Роҳҳои дарёфти чунин равод гуногунанд, аз ҷумла аз тариқи «Раводиди гуногуншаклӣ», ки бештар бо номи «лотореяи виза» машҳур аст ва ё агар дархост аз ҷониби хешовандони наздик, ки шаҳрванди Амрико ё истиқоматкунандагони доими мебошанд, пешниҳод шуда бошад. Раводиди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон на дар Душанбе, балки дар шаҳри Алмато дода мешавад. Маълумоти муфассалро оиди раводиди муҳоҷиратӣ ва «лотореяи Раводиди гуногуншаклӣ» шумо метавонед аз сомонаи мо ва сомонаи сафорати ИМА дар ш. Алмато ва ё аз тариқи занги телефонӣ ба Шўъбаи консулии сафорати ИМА дар Тоҷикистон пайдо кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG