Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонум Ширинмоҳ 52 сол дорад, сокини шаҳри Душанбест ва аз модар маъюб ба дунё омадааст.

Буғумҳои пой ва миёнаш дардманд буда, ба ӯ маҷоли роҳ рафтан ва кор карданро намедиҳанд. Замоне, ки мо ба аёдати ӯ рафтем, ҳаво боронӣ буд ва хонум Ширинмоҳ гуфт, дар чунин рӯзи абриву боронӣ дарди буғумҳо ва устухонҳо ӯро аз ҳаррӯза дида, бештар ранҷ медиҳад.

Манзили Ширинмоҳро дар миёни биноҳои боҳашамат ва хонаҳои ду ва сеошёнаи ҳамсояҳои сарватмандаш пайдо кардан бароямон чандон осон набуд. Хонум Ширинмоҳ дар яке аз хиёбонҳои марказии пойтахт маскан дорад, ба гуфтаи худи ӯ, агар онро маскан гуфтан мумкин бошад. Кулбае, ки Ширинмоҳ зиндагӣ мекунад, танҳо аз як ҳуҷра ва даҳлези хурдакак иборат аст. Масоҳати манзили зисти Ширинмоҳ дар маҷмӯъ тақрибан 5 метрро ташкил мекунад. Ва он ҳам барояш хонаи хоб аст, ҳам меҳмонхона ва ҳам ошхона:

«Ин хонаи ман анбор буд. Як шинос кӯмак кард, ки онро ба ман доданд. Аммо ордер надорад. Ба мақомот муроҷиат кардам,
гуфтанд, пул биёр, ордер мекунем. Ман аз куҷо пул дорам? Бо садақаи мардум рӯзамро мегузаронам. Ҳамагӣ 68 сомонӣ нафақапулӣ мегирам. Ба ҳар ҳол шукр, ки бехонаву бомж нестам, мисли дигар маъюбон»


Хонум Ширинмоҳ мегӯяд, боронро раҳмати худо мегӯянд ва файзи замин, аммо ӯ боронро хуш надорад, зеро бо бориданаш он рӯзгори тираву фақиронаи ӯро тиратар месозад, яъне, бо боридани борон ба замми хурӯҷ кардани дарди устухонхояш, боми хонааш мечакад ва низ роҳгузарону ҳолдонҳое, ки гоҳ-гоҳе ягон хӯрданӣ ё ягон пайсаеро, ки барояш садақа оварданӣ бошанд, ин амали хайри худро ба рӯзи дигар мегузоранд.

Хонум Ширинмо узви ҷамъияти маъюбон нест ва намедонад, ки дар Тоҷикистон чунин як созмоне вуҷуд дорад. Вай ба ҷузъ 68 сомонӣ нафақапулӣ, ки барои маъюбияш мегирад, ва дафтарчае, ки тавассути он дар автобусу троллейбус ройгон савор мешавад, дигар аз ягон имтиёзе бархӯрдор нест.

«Ман аз ягон кас ва ягон идораи давлатӣ кӯмак намегирам. Як шиносам маро ба Кумитаи имдоди эрониҳо аъзо кард. Аз ҳамон ҷо ба ман кам-кам орду равғану макарон медоданд, ҳоло он ҳам тамом шуд. Як бор аҳволам бад шуд, духтур рафтам, ба 90 сомонӣ дору навишт, харида натавонистам ва омада хобидам. Худо худаш боз даво бахшид ва сарамро боз аз бистари беморӣ бардоштам»

Ширинмоҳ 52 сол дорад. Боре издивоҷ накардааст. Ба гуфтаи худаш, пироҳан ва чодари арӯсиро надидааст. Аммо дар соатҳое, ки дарди ҷонгудози устухонҳо раҳояш мекунад, сӯзану ришта мегирад ва барои навдомодон локӣ ё камарбанди домодӣ медӯзад. Мегӯяд, хондани рӯзнома ва китобҳои бадеиро аз хурдӣ бисёр дӯст медорад, зеро худро лаҳзае ҳам бошад, хаёлан дар дунёи қаҳрамонони ин асарҳо мебинад ва маъюбиву дардмандии худро фаромӯш месозад.

Замоне, ки мо бо Ширинмоҳ, қаҳрамони гузоришамон, худоҳофизӣ мекардем, марде дари манзили ӯро кӯфт ва чанд пайсаеро ба дасташ доду пас гашт. Хонум Ширинмоҳ дасти дуо бардошта гуфт; «Илоҳо давлататро зиёд кунад». Ин соҳибҳиммат ҳозир нашуд бо мо сӯҳбат кунад ва ё ному насабашро ошкор созад, ба ҷузъ ин ки, гуфт, бахшишу саховат ҷои худнамоӣ надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG