Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назархоҳии беҳтаринҳои футболи тоҷик


Торнигори машҳури "Футболи Тоҷикистон" дар нашри ахири худ силсилаи назарсанҷиҳоеро дар миён гузоштааст, ки ба эҳтимоли қавӣ хоҳад тавонист, вазъу симои имрӯзаи футболи тоҷикро падид оварад.

Ба думболи ҳар бахш хонандагони торнигор имкон доранд, ба пуштибонӣ аз онҳое, ки беҳтаринашон мешуморанд, раъй диҳанд. Аммо ба хонандагон имконияти илова кардани номҳое, ки дар феҳрасти торнигор нестанд, дода нашудааст ва манзур аз бахши "Фарангии сол" фаҳмову рӯшан нест. Бо вуҷуди ин назарсанҷии ҷолибе пешниҳод шудааст ва хоҳем дид, ки натиҷаҳои он чӣ хоҳад буд.

БОЗИГАРИ СОЛ КИРО ИНТИХОБ МЕКУНЕД?


Дилшод Восиев бо таҷрибаи аз Арманистон андӯхтааш ба «Истиқлол» омаду, ба яке аз муҳаррикони «Истиқлол» табдил ёфт. Дилшод канорҳои ҳар рақиби «Истиқлол»-ро шикаставу пора-пора мекард, то тӯбро то ба ҷаримагоҳи рақиб бибарад ва ба муҳоҷимони дастааш партоб намояд ва ё худ гол бизанад. Бояд гуфт, Дилшод ҳамчунин беҳтарин бозигари моҳҳои июн ва август дар «Футболи Тоҷикистон» шинохта шуда буд. Ҳеҷ аз бозигарони тоҷикистонӣ бештар аз як бор Бозигари моҳ нашудаанд, ҷузъ Дилшод.

Юсуф Рабиев то як қадами дигар аз унвони беҳтарин голзани сабқати имсола қарор гирифт. Айни ҳарфҳое, ки дар бораи Дилшод гуфтем, мешавад дар бораи Юсуф низ бигӯем. Страйкери «Истиқлол» ҳамакнун талош хоҳад кард, то барои дуввумин бор пайидарҳам беҳтарин бозигари Тоҷикистон аз рӯи назари хонандагони «Футболи Тоҷикистон» бигардад.

Хуршед Маҳмудов ҳамин гуна муҳаррик/engine/мотор барои «Регар» ТадАЗ буд. Хуршед имсол ба мисли соли гузашта нерӯяшро нишон надод, вале дар ҳар бозӣ, ки барои дастааш мушкил пайдо мешуд, ӯ нафаси дубора мекашид ва бо тамоми талошаш ба сӯи пеш мешитофт ва дигаронро низ бо худ ба пеш мебурд.

Агар «Энергетик» дар ҷойи панҷум аст, пас бояд аз Сӯҳроб Ҳамидов миннатдор бошад. Умуман, вақти он расидааст, ки «Энергетик» рақами Сӯҳроб Ҳамидовро барои абад ба номи ӯ бинависад ва дигар ба касе надиҳад ва ҳам дар ин зимистон ва ҳар зимистони дигар дар хонааш барқро хомӯш накунад ва пули свет низ аз ӯ нагирад.

Нӯъмон Ҳакимов. Дар 15 бозии Лигаи Олӣ 15 гол задааст. Натиҷаи саддарсада. Чӣ кори дигар як муҳоҷим бояд бикунад, то исмашро дар сафи номзадон ба унвони беҳтарин бозигар бинависанд?

ТИМИ СОЛ КАДОМРО ИНТИХОБ МЕКУНЕД?

«Регар» ТадАЗ имсол ҳарчанд дар Тоҷикистон аввал нашуд ва дуввум гардид, аммо дар сатҳи байнулмилалӣ обрӯи Тоҷикистонро ҳифз кард ва барои саввумин бор пайидарҳам Ҷоми президенти КФО-ро ба даст оварду ҳамакнун онро ҷовидона дар бойгонии худ нигаҳ хоҳад дошт. Дастаи шаҳри Турсунзода ҳамчунин имсол нахустин даста аз Тоҷикистон гардид, ки дар Ҷоми Иттиҳод ба марҳилаи чаҳорниҳоӣ роҳхат гирифт ва дар он танҳо аз дастаи нерӯманди озарӣ шикаст хӯрд.

«Вахш» – қаҳрамон аст. Чӣ ҷои гап, дигар? Даста аз аввал то ба охир хуб бозӣ кард, бозигарони хубро дар худ ҷамъ оварда тавонист ва ҳеҷ мушкиле бо ҷамъоварии холҳо надошт.

Мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистон
кореро карданд, ки аз онҳо интизор набуданд. Ин ҷавонҳои 16-сола дар бозиҳои интихобии Ҷоми наврасонаи Осиё дар Непал мизбонон – Непал, Лубнон ва Баҳрайнро шикаст доданд ва бо Эрон мусовӣ карданду ҳамроҳ бо Эрон дар садри гурӯҳ нишастанд.

МУРАББИИ СОЛ КИРО ИНТИХОБ МЕКУНЕД?

Аслиддин Ҳабибуллоев дар соли нахустини мураббигияш қаҳрамон шуд. Сарфи назар аз ҷавонӣ ва таҷрибаи камаш собиқ дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон тавонист, аз ситораҳои гирдовардааш дар даста хуб истифода намояд ва бо онҳо ба унвони қаҳрамонӣ даст биёбад.

Зоир Бобоев, сармурабии мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон, вақт ва имкони хубе надошт, то бо наврасони худ тамринҳои беҳтар ва дар берун аз кишвар анҷом бидиҳад. Вале тавонист дар дили ҳамин бачаҳои хориҷнадида ва камтаҷриба итминон бар нерӯи худ ва бар пирӯзиро фурӯзон бикунад ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоиро аз даҳони Баҳрайну Непалу Лубнон кашида гирифта, дар садри гурӯҳ ҳамроҳ бо Эрон бишинад.

Ибодулло Қаюмов зерсохтори хуб надошт ва оғози хуб ҳам. Ситорае низ ҷузъ Сӯҳроб Ҳамидов надошт ва танҳо умедаш ба таҷрибаи форварди соҳибном ва ҷавонони пуршӯраш буд. Замоне, ки ба даста омад, «Энергетик» дар ҷойи ҳаштум – танҳо болотар аз ССКА «Помир»-у «Гвардия» меистод. Бо омадани ӯ бошад, сабқатро дар ҷойи панҷум ба анҷом бирасонид ва дигар бозӣ бо ин даста барои абардастаҳои Тоҷикистон низ кори осон набуд.

БОЗИГАРИ ҶАВОНИ СОЛ КИРО ИНТИХОБ МЕКУНЕД?

Шодибек Ғаффоров сарфи назар аз он ки нав ба Душанбе омада буд ва сарфи назар аз синни ҷавони худ» тавонист дар феҳрасти голзанҳои «Энергетик» бо 7 гол пас аз голеадор Сӯҳроб Ҳамидов ҷой бигирад. Дар ҳайъати мунтахаби то 19-солаҳои Тоҷикистон дар Непал низ тавонист ду гол ба ҳадаф бирасонад.

Шавкат Ҳотам ҳам фурсат меёфт, ки барои дастаи ҷавононаи «Энергетик» гол бизанад, (беҳтарин голзани сабқати ҷавонон бо 13 тӯб), ҳам дар ҳайъати асосӣ гол мезад (5 тӯб) ва ҳам дар ҳайъати мунтахаби то 19-солаҳо (1 гол). Барои як муҳоҷими ҷавон хеле бад ҳам нест.

Исми Дилшод Расулов пас аз Непал маъруф гардид. Страйкери мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистон ва бозисози дастаи ҷавононаи «Истиқлол» яке аз калидҳои комгорона барои қуфли дари марҳилаи ниҳоии Ҷоми наврасонаи Осиё буд. Муҳаррики мунтахаби 16-солаҳо дар 4 бозӣ 4 гол зада буд ва аз ҷумла талошҳои ӯ буд, ки роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ ба даст омад.

РАСОНАИ ВАРЗИШИ СОЛ КАДОМРО ИНТИХОБ МЕКУНЕД?

«Варзиш-Спорт» имсол ба мисли ҳар соли дигар пешсафи иттилоъи футболӣ буд. Имсол, «Варзиш-Спорт» қадами олиҷаноби дигаре ба пеш гузошт ва ҳафтаномаи вижаи тоҷикиро низ ба роҳ монд. Ягона расонае буд, ки аз ҳамаи бозиҳои Лигаи Олӣ ва сабқатҳои байнулмилалӣ гузориш ба табъ мерасонид. Торнамои расмияш ягонаи торнамои сирф варзишӣ дар кишвар мебошад.

«Гол» бо вуҷуди умри ҷавонаш тавонист дар муддати кӯтоҳ дар миёни хонандагон мавқеъ пайдо намояд. Услуби хоси навиштории худро пайдо кард ва ба мусоҳибони худ суолҳои тезу тунд медод.

Шабакаҳои телевизиони давлатӣ – ТВ «Сафина» ва Шабакаи аввал ҳам дар соҳаи футбол хуб буданд. Шабакаи аввал қариб ҳар бозии хонагии «Истиқлол»-ро мустақим пахш мекард. Ин ду шабака бар илова аз ҳар даври бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва Лигаи Аврупо бозиҳоеро мустақим пахш мекарданд, аз топ-сабқатҳои аврупоӣ ба мисли Премйер-Лига ва Ла Лига низ бозиҳоро мустақим ва дар сабт манзури бинандагонашон мегардониданд.

Бахши варзишии Радиои Озодӣ
бо ранҷу заҳмат ва талошҳои маъруфтарин хабарнигори варзишӣ дар Тоҷикистон ва раиси Иттиҳоди журналистони риштаи варзиши кишвар Нарзуллоҳи Латиф обод буд. Тозатарин ахбор ва ҷолибтарин навгониҳои футболи кишвар ва ҷаҳон дар торнамои Озодӣ нашр мешуд ва дар Радиои Озодӣ пахш мегардид. Ҳар футболие дар кишвар барои худ шараф медонист, то ба Нарзуллоҳи Латиф мусоҳиба бидиҳад.

«Футболи Тоҷикистон» имсол яксолагияшро таҷлил кард, шореҳии он-лайн ва натиҷаи зиндаи сабқатҳои байнулмилалӣ бо ширкати дастаҳои Тоҷикистонро идома дод ва тамоми талоши худро барои сареъан хабардор намудани хонандагонаш бо иттилоъи футболиро ба харҷ дод.

Идомаи назарсанҷиро дар худи торнигори "Футболи Тоҷикистон" мутолиа кунед.
XS
SM
MD
LG