Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Донак» наврасонро ба ҳам меорад


Ҷашнвораи байнулмилалии бачагона бо номи «Донак» дар Суғд, имсол бо иштироки ҳунармандони наврас аз Қирғизистону Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Русия баргузор шуд.

Дар замони баргузории он саҳну атрофи театри Камоли Хуҷандӣ пур аз тамошобин буд ва ҳама бо умед ба ояндаи неки фарҳангу ҳунар менигаристанд. Дар ҷашнвораи «Донак» инчунин истеъдодҳои ҷавон аз Суғду Хатлон, Бадахшон ва Душанбе имкон пайдо намуданд, то ҳунару фарҳанги миллии суннатии хешро муаррифӣ созанд.

Манижа, хонандаи синфи 5-ум ва иштирокчии ин ҷашнвора, ки ҳунари овозхонии худро ба намоиш гузоштааст, мегӯяд, баргузории
чунин як ҷашнвора барои ӯву чандин ҳамсолонаш имкон медиҳад, то ҳунару истеъдоди худро рушд диҳанд. Ӯ мегӯяд, тӯли се моҳ барои иҷрои суруди «Тоҷикистон» дар назди устодонаш тамрин гирифтааст.

Обид Назаров, сардори идораи фарҳанги ҳукумати вилояти Суғд ҳадафи баргузории ин ҷашнвораро дарёфт ва кашфи истеъдодҳои ҷавонон унвон кард ва гуфт, 15 сол пеш маҳфилу ҷашнвораҳои бачагона мисли хонаҳои пионерӣ, ғунчахои санъат ва амсоли инҳо хуб фаъолият мекардаанд, вале бо дигар шудани сохти сиёсию иқтисодии кишвар ин маҳфилҳо бенишон монданд.

Гулнора Умарова-Мухтарова, роҳбари гурӯҳи бадеии наврасони Ӯзбакистон афзуд, баргузории ин гуна ҷашнвораҳо як омили пешрафт дар ҷодаи муносибот миёни кишварҳои ҳамҷавор хоҳад буд.

Наим Ҳакимов, сарвари маркази фарҳанг ва маданият дар Суғд ва яке ташаббускорони ин ҷашнвора мегӯяд, тавассути чунин ҳамоишҳои ҳунариву мусиқӣ ҷавонон бештар муттаҳид шуда, аз таҷрибаву ҳунар ва мусиқии ҳамдигар меомӯзанд, ҷаҳонбинии худро васеъ мекунанд. Аз сӯи дигар, мегӯяд оқои Ҳакимов, ҳоло дар бахши тарбияи фарҳангии насли ҷавон як бебандубориву беназмӣ эҳсос мешавад, ки монеи рушди онҳо мегардад.

«Донак» барои дувумин бор аст, ки бо тасмими идораи фарҳанги вилояти Суғд таҳти сарпарастии институти «Бунёди мадад» дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG