Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин сафари давлатии Аҳмадинажод ба Бразилия


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии Эрон

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии Эрон

Раисиҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Бразилия дар ҷараёни нахустин сафари давлатии худ бо истиқболи гарми ҳамтояш Луи Инасио да Силва рӯбарӯ шуд.

Да Силва то ҳол аз интиқоди барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон худдорӣ карда баръакс гуфтааст, ки Бразилияву Эрон кишварҳои тавсеаёбанда мебошанд ва ҳақи дастёбӣ ба нирӯи ҳастаиро бо ҳадафҳои сулҳомез доранд.

Вай инчунин ба ҳама гуна таҳримҳои зидди Теҳрон барои мухолифаташ дар худдорӣ аз ғанисозии ураниум мухолифат нишон додааст. Вай гуфтааст, ки гуфтугӯ бо Эрон муҳимтар назар ба дар як кунҷ партофтани ин кишвар аст. Вале тавре ба назар мерасад, на ҳама бразилиягиҳо тарафдори чунин мавқеи раиси ҷумҳуриашон мебошанд.

Рӯзи якшанбе дасти кам 500 сокини ин кишвар ба нишони эътироз аз ташрифи Аҳмадинажод ба Рио-де-Жанейро раҳпаймоӣ карданд. Дар миёни онҳо фаъолони ҳуқуқи башар, масеҳиҳо ва яҳудиҳо ҳам зиёд буданд.

Мишел Ҳалил раҳбари ҷомеаи яҳудиҳои Рио-де-Жанейро дар сӯҳбат бо Ройтерс гуфт, “ҳар чизе ки Бразилия муаррифӣ мекунад, ба мисли демократия, гуногунӣ, мубориза бо нажодпарастӣ - ҳамаи инро Аҳмадинажод рад мекунад. Вақте Аҳмадинажод ба Бразилия меояд, мо бояд ба президент Лула намоиш диҳем, ки ин чиз барои мо чӣ маъно дорад. Рад шудани Ҳолокост, рад шудани марги миллионҳо одамон дар Эрон ҳаммаъно бо рад шудани Бразилия аст”.

Тибқи гузоришҳо аз Бразилия Лула да Силва дар баҳси ҳастаии миёни Эрону ИМА нақши миёнҷӣ ва дар баҳсҳои Ховари Миёна нақши дипломатӣ бибозад. Ҳафтаи гузашта президенти Исроил Шимон Перес меҳмони Лула буд ва ин ҳафта қарор аст Маҳмуди Аббос раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин низ аз Рио-де-Жанейро дидан кунад.

Гурӯҳе аз сокинони Бразилия ба нишони эътироз аз сафари Аҳмадинажод ба ин кишвар раҳпаймоӣ карданд
Соли оянда Бразилия бояд дар Шӯрои амнияти СММ курсии раҳбари давраиро ба худ ихтисос диҳад ва эҳтимолан эҳсоси Аҳмадинажод ин аст, ки бо Бразилия ба хотири ҷилавгирӣ аз фишори афзояндаи Амрико болои Теҳрон бар сари барномаи ҳастаиаш иртиботашро наздиктар кунад.

Баъди як рӯзи пурмулоқоти душанбе Аҳмадинажод бояд ба Венесуэла сафар карда меҳмони мунаққиди маъруфи ғарб раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҳуго Чавез шавад. Чавез ошкоро дар яке аз схуанрониҳояш раиси ҷумҳурии шармандаи Зимбабве Роберт Мугабе ва ҳам Аҳмадинажодро “бародарони” худ хондааст.

Баъди Каракас Аҳмадинажод ба самти Лапаз ҳаракат мекунад, ки он ҷо ӯро президенти Боливия Эво Моралес интизор аст. Аз назари аксар таҳлилгарон, дар ҷараёни ин сафараш ба Амрикои ҷанубӣ Аҳмадинажод талош дорад пуштибонии бештари байналмилалиро дар фазои фишорҳои афзоянда аз болои барномаи ҳастаиаш ба даст оварад.

Инчунин, аз назари дигарҳо, ин як талошест барои асабонӣ кардани ИМА, ки дар чашми раҳбарони чапгарои Боливияву Венесуэла ҳамчунон душманони худро мебинад. Дар паи Амрикои Лотинӣ президенти Эрон ба Африқои Ғарбӣ сафар карда аз Сенегалу Гамбия ҳам дидан хоҳад кард. Куллан ин сафари хориҷии ӯ панҷ рӯзро дар бар хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG