Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо ба ҳалли мушкили Қарабоғ мепардозад


Раисони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон Илҳом Алиев ва Серж Саркисян

Раисони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон Илҳом Алиев ва Серж Саркисян

Дар Мюниҳи Олмон мулоқоти таърихии раҳбарони Арманистону Озарбойҷон шурӯъ шуд, ки аз назари Илҳом Алиев ҳамчун шонси охирин ва ҳалкунандаи дипломатӣ барои аз байн бурдани ҳама ихтилофҳо арзёбӣ мешавад.

Аслан тавофуқи Серж Саркисян ва Илҳом Алиев барои нишастан ба сари мизи гуфтугӯ дар мавзӯи бисёр баҳсбарангези атрофи анклави арманитаборҳои Қаробоғи кӯҳӣ дар қаламрави Озарбойҷон танҳо имсол даст дод.

Дар ин нишаст ба унвони миёнҷиҳо намояндаҳои ИМА, Русия ва Фаронса, ки ҳамчун гурӯҳи музокиротии Мински САҲА шинохта мешаванд, ҳузур доранд. Аз назари онҳо, дар музокироти мазкур як андоза пешравие ба мушоҳида мерасад, ҳарчанд то ҳол ҳеҷ як аз ҷонибҳо барои гирифтани тасмими ҷиддие дар ин масъалаи бисёр сахт изҳори омодагӣ накардааст.

Нишасти мазкур чанд рӯз баъди изҳороти Илҳом Алиев доир мешавад, ки гуфта буд, дар сурати нокомии гуфтугӯҳо кишвараш дубора барои ҳалли маъалаи Қарабоғи кӯҳӣ аз силоҳ истифода хоҳад кард ...
Ҳрайр Тамразян, раиси бахши армании радиои Озодӣ, аз ҷараёни гуфтугӯҳо дар Мюниҳ мушоҳида мекунад. Вай мегӯяд, ки дар ин нишаст набояд интизори кадом як тасмими фавқулодда ҳалкунандае шуд.

Ба гуфтаи ӯ, “мухолифини Арманистони ба Серж Саркисян фишор меоранд, ки ба озариҳо аслан гузашт накунад. Ман шак дорам, ки дар ин музокирот кадом як пешравии фавқулодда чашмрасе ҳосил хоҳад шуд. Ин танҳо як даври навбатии музокирот аст. Фикр мекунам, то охири соли ҷорӣ боз як чунин мулоқоте баргузор мешавад”.

Нишасти мазкур чанд рӯз баъди изҳороти Илҳом Алиев доир мешавад, ки гуфта буд, дар сурати нокомии гуфтугӯҳо кишвараш дубора барои ҳалли масъалаи Қаробоғи кӯҳӣ аз силоҳ истифода хоҳад кард. Рӯзи 20 ноябр, зимни суханрониаш дар баробари муҳоҷирони озарбойҷонии Қаробоғ ӯ таҳдид кард, ки дар сурати адами пешрафт дар гуфтугӯҳо дар ин минтақаи ҷудоиталаб Боку дубора аз нирӯ истифода хоҳад кард. Ин бори аввал нест, ки Алиев чунин таҳдидҳоро ба забон меорад.

Вале бо ин вуҷуд, аз назари Ҳрайр Тамразян баъид аст, ки минтақа дубора вориди ҷанг шавад. Вай мегӯяд, “ман бовар надорам, ки аз нирӯ истифода хоҳад шуд. На Фаронса ва на ИМА ба ин чиз роҳ нахоҳанд дод. Ду рӯз баъд Илҳом Алиев бояд ба Маскав рафта бо раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев мулоқот кунад ва Маскав талош хоҳад кард, ки ӯро мӯътақид кунад, ки дар ин масъала на танҳо Арманистон, балки Озарбойҷон ҳам бояд ба гузашт роҳ диҳад”.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, мавқеи Алиев аз вуҷуди нигарониҳое чанд дар миёни озариҳо далолат мекунад, ки мегӯянд, баъди беҳбудёбии равобити дипломатии миёни Арманистону Туркия моҳи гузашта Ереван дубора метавонад барои таҳти назорат баргардонидани Қаробоғи кӯҳӣ талош кунад. То имрӯз Туркия дар баҳси сари ин минтақаи ҷудоиталаб аз мавқеи Озарбойҷон ҳимоят кардааст.

Арманиҳои Қаробоғи кӯҳӣ, ки аз ҷониби Арманистон пуштибонӣ мешаванд, дар паи ҷангҳои оғози солҳои 1990-ум иртиботи худро бо ҳукумати марказии Озарбойҷон масдуд карданд. Дар он рӯйдодҳои пурхушунат ҳудудан 30 ҳазор нафар кушта шуда садҳо ҳазор беҷо гардиданд.
XS
SM
MD
LG