Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синфхонаҳои сарду торик


«Барқ нест, синфхонаҳо торик, тахтаи синфро дида намешавад, басти дуюмро бо мушкилӣ дар синхонаҳои сарду торик ба охир мерасонем….»

Иброҳим хонандаи синфи 7 дар мактаби 33-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ў мегӯяд, қатъи интиқоли нерўи барқ дар солҳои охир як монеаи аслӣ дар роҳи гирифтани маълумот дар мактабҳо шудааст.

Ҷамоати Ғозиён дар 45 километрии шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, низоми интиқоли барқ дар ин минтака низ чун навоҳии дурдаст 7 соат дар шабонарўз муқаррар шудааст. Омўзгорон мегӯянд, дар низоми реҷабандии интиқоли барқ субҳ аз соати 5 то 8 ва ҳамчунин аз соати 17 то 20-и шомгоҳ аз неруи барқ истифода мекунанд, ки маъмулан соатҳои чаҳорум ва панҷуми машғулиятҳо дар басти дуюм дар синфхонаҳои торик ба охир мерасад. Муборак, як омўзгори ин мактаб мегӯяд, шароити сарду торики таҳсил ба саломатии хонандагони бисёре таъсир кардааст.

Ба гуфтаи Илҳом Сангинов, як масъули ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд, дар ҳоли мавҷуд набудани хатҳои озоди барқ, мактабҳо низ ба маҳдудияти барқ дучор хоҳанд шуд. Ҷаноби Сангинов мегӯяд, ҳар як сохторе, ки низоми режими барқ дар он ҷорӣ намешавад, мебоист то ин замон хатти алоҳидаи интиқоли барқро ҷустуҷў мекард.

Дастрасии маҳдуди мактабҳо ба барқ, ки солҳои охир ба як одати маъмулии мавсими сармо бадал шудааст, ба назар мерасад, устодон ва шогирдони мактабҳоро ноумед кардааст. Яке аз шогирдони мактаби деҳотӣ гуфт, хандаовар аст, ки дар чунин шароит соли оянда ҳамчун соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG