Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои иттилоот пул мехоҳанд


Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз ин ба баъд дастрасӣ ба иттилоот пулакӣ хоҳад шуд.

Тибқи ин санад ҳар нафар ва ё муассисае, ки ниёз ба маълумот дорад, онро аз идора ва муассисаҳои давлатӣ бар ивази пардохт метавонад дарёфт кунад.

Дар ин санад ҳамчунин ба ниҳодҳои ҳукуматӣ иҷоза дода шудааст, ки иттилои дар ихтиёри ниёзмандон қарормедодаи худро вобаста ба аҳаммияти он қимматгузорӣ кунанд. Маълумот имкон дорад ҳам ба сурати катбӣ ва ва ҳам шифоҳӣ пешкаш шавад, аммо барои ҳар саҳифаи маълумот на бештар аз 25 сомонӣ ва аз соли оянда 35 сомонӣ нархгузорӣ шавад.

Қарори мазкур дар таърихи 31-уми октябр қабул шудааст, аммо танҳо дар як-ду рӯзи охир дастраси расонаҳо шуд. Ин қарор беш аз ҳар каси дигаре хабарнигорон ва маҳофили расонаиро нигарон кардааст. Рӯзноманигорон мегӯянд, ба ҳоли иҷро даромадани ин қарор кори матбуот ва расонаҳо дар дарёфти иттилоъро мушкил хоҳад кард. Дар ҳоле, ки дастрасӣ ба иттилоот як мушкили умдаи матбуот маҳсуб мешавад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси АМРМТ, ин қарори ҳукуматро мухолиф ба меъёрҳои Қонуни матбуоти Тоҷикистон медонад. Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, дар зерсанадҳои ҳуқуқӣ бояд бо назардошти Қонуни матбуот расонаҳоро ба унвони шахси ҳуқуқие зикр кунанд, ки ҳаққи дарёфти иттилооти бепулро дошта бошанд. Таъкиде, ки на дар Қонуни ҳаққи дастрасӣ ба иттилоот вуҷуд дорад ва на дар қарори ахири ҳукумат.

Аммо дар айни ҳол нигарониҳои дигаре низ иброз мешавад, ки имкон дорад пулакӣ шудани иттилоот ба вазъи молии расонаҳо низ таъсири бад гузорад. Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи «Нури зиндагӣ», мегӯяд, аксари нашрияҳои Тоҷикистон, имкони молии дарёфти иттилоъро нахоҳанд дошт. Ва пулакӣ шудани иттилоот метавонад хеле аз нашрияҳоро муфлис кунад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлатӣ ҳар гуна имкони маҳдуд шудани дастрасии матбуот ва хабарнигорон ба иттилоотро дар пайи иҷрои ин қарор номумкин медонанд. Маҳмуд Сараев, корманди шӯъбаи таҳлил ва иттилооти дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, қарори қабулшуда ҳеҷ рабте ба фаъолияти хабарнигорон нахоҳад дошт ва дар амри дастрасии хабарнигорон ба манобеъи иттилоотӣ мушкиле низ эҷод нахоҳад кард.

Ба ҳар ҳол, бо вуҷуди он ки то феълан аз ҳеҷ расонае ба манзури дарёфти иттилоот пардохт тақозо нашудааст, аммо нигарониҳо ҳамчунон вуҷуд дорад. Ва имкони фаъол шудани ин қарор дар остонаи интихобот мояи дигари нигаронӣ аст. Вале маҳофили расонаӣ ва созмонҳои журналистӣ мегӯянд, барои лағв ва ё ислоҳи ин қарор ба пайкори худ идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG