Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чехия ва Словакия бистумин солгарди Инқилоби махмалӣ таҷлил карданд, ки бо сарнагунии режими коммунистии Чехословакияи собиқ анҷомид.

Инқилоби мазкур соли 1989 дар замони мавҷи инқилобҳои зиддикоммунистӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ сурат гирифт.

Рӯзи 19 ноябри соли 1989 пулис тазоҳуроти осоиштаи донишҷӯёнро саркӯб намуд, ки боиси силсилаи тазоҳуроти азими мардумӣ шуд ва дар ниҳоят ба ҳукмронии 40 солаи коммунистҳо дар Чехославкия поён дод.

Васлав Ҳавел, дигарандеши чех, баъдан аз роҳи демократӣ нахустин раиси ҷумҳури Чехословвакия интихоб шуд, бо иддае аз сиёсатмадорону раҳбарони баландпоя ва мардуми зиёде дар маҳалли саркӯбии тазоҳуроти донишҷӯён дар маркази Прага шамъ гузоштанд. Дар маросими саҳнасозишудаи тазоҳуроти бист соли пеш ҳазорон нафар ширкат варзиданд.

Ин навор рӯйдодҳои он рӯзҳоро бознамо мекунад:

XS
SM
MD
LG