Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон: Шикоятҳо ба омбудсмен


Tajikistan - Women with doyra (doira), musical instrument, Khorugh, 17Oct2009
Tajikistan - Women with doyra (doira), musical instrument, Khorugh, 17Oct2009

Дар Хоруғ нишасти мизи гирд таҳти унвони «Устуворсозии потенсиали Институти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Омбудсмен дар Тоҷикистон» баргузор шуд.

Намояндаи ин ниҳод бо сабабҳои номаълум дар нишаст ҳузур надошт, аммо иштирокдорон гуфтанд, ки онҳо дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон дар минтақа ба омбудсмен гуфтаниҳое доранд.

Ширкаткунандаи мизи гирд Раҳмихудо Раҳматуллоев гуфт, ба омбудсмен қабл аз ҳама дар мавриди рафтори мақомоти тафтишотӣ монеаҳо барои истифода аз хизмати вакилони мудофеъ шикоят мекард.

Ба гуфтаи Раҳмихудо, мақомоти тафтишотӣ ҳатто дар мавриди татбиқи қонуни афв кундӣ нишон медиҳанд ва бархе аз маҳбусоне, ки бояд озод шаванд, ҳануз дар зиндон ранҷ мебаранд.

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ Муяссар Худоёрбеков изҳор дошт, ки вай мехоҳад аз мавҷудияти зӯроварии мақомоти милиса ва додситонӣ нисбати шаҳрвандон ёдовар шавад. Ба гуфтаи вай, дар як ҳодиса мақомоти тафтишотӣ иддае аз ҷавононро, ки шоҳиди бевоситаи ҳодиса набуданд, боздошт намуда, бо василаи фишор ва азият онҳоро ба додани баёноти бардуруғ водор кардани шудаанд.

Бархе аз иштирокдорон аз фаъолияти мақоми додгоҳӣ изҳори норизоият карданд. Ба гуфтаи Саодатшо Сиҷотшоев, вай дар музояда аз ширкати барқи «Помир» таҷҳизоти дизелиро харидори карда, баҳси додгоҳӣ молик буданашро эътироф кардааст. Вале пас аз як сол сол додгоҳ бе асос баррасии парвандаро аз нав шурӯъ карда, ҳуқуқи молик буданашро бекор кард.

Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва ҷомеа» Аловиддин Меҳмонов аз кашолакорӣ дар баррасии парвандаҳо марбут ба баҳси замин ва ҳуқуқҳои гражданӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Алим Шерзмонов, раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал- демократ бо интиқод аз фаъолияти беранги омбудсмени Тоҷикистон изҳор дошт, ки агарчи аз таъсиси ин ниҳод чанд моҳ сипарӣ шудааст, аммо ҳануз нафаре аз намояндаи он ба Бадахшон сафаро накардаст ва бештари мардум аз таъсиси чунин ниҳоди нав хабар надоранд.

Ба гуфтаи вай, чунин бархурд фаъолияти омбудсменро чун як ниҳоди мустақил зери шубҳа мебарад ва боиси афзоиши нобоварӣ ба он мегардад.

Аммо Раҳтатилло Зойиров, роҳбари консорсиюми юридикии Тоҷикистон , ки дар нишасти Хоруғ омбудсмени Тоҷикистонро муаррифӣ мекард, сохтори навро чун пуле байни муносибатҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа муҳим шуморида гуфт, бо таҳкими заминаи иҷтимоии ин ниҳод, метавонад дар ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон нақши муассир дошта бошад.

Ба гуфтаи ӯ, ба хотири боло бурдани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон онҳо тасмим гирифтанд, ки дар маҳалҳо утоқҳои бепули кумаки ҳуқуқи кушода, барои омода намудани ҳимоятчиёнии ҳуқуқии ҷамъиятӣ кумак кунанд ва ин ҳамоҳангӣ метавонад ба фаъолияти омбудсмен таъсири мусбат дошта бошад.

XS
SM
MD
LG