Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз густариши фасод дар давраи бӯҳрон


Созмони Transparency International ё Шаффофияти байнулмилал шохиси нави сатҳи фасод дар кишварҳои ҷаҳонро ба нашр расонд.

Тибқи ин гузориш сатҳи баланди фасод дар бархе аз кишварҳо талошҳои байнулмилалии зидди бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонро халалдор мекунанд ва раҳоии онҳоро аз пайомадҳои бӯҳрон мушкил мегардонанд.
Агар тасаввур кунед, ки ин ҳолат дар давраи талошҳои раҳоӣ аз бӯҳрони ҷаҳонӣ ба вуқӯъ пайваста, сармояҳои бузург ба ҳайси муҳаррики иқтисодиёт аз ҷой ба ҷое интиқол меёбанд (...), манзара бароятон хеле ташвишовар мешавад."
...

Дар гузориши нави солонаи Созмони Шаффофияти байнулмилал сатҳи фасод дар 180 кишвари ҷаҳон раддабандӣ шуда, Тоҷикистон дар он назар ба соли гузашта 7 зина поёнтар афтодааст. Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар ин феҳраст соли гузашта ҷойи 151-умро гирифта буд, акнун ба ҷойи 158-уми фуруд омадааст. Манзур, фасод дар кишвар бештар шудааст.

Феҳрасти Созмони Шаффофияти байнулмилал ин гуна аст, ки фосидтарин кишварҳо дар ҷойҳои охири он ва камфасодтаринҳо дар оғозаш ҷойгиранд ва ба назар мерасад, имсол бисёре аз кишварҳо чандизинаӣ аз ҷойгоҳи соли гузаштаи худ поинтар афтодаанд.

Хулосаи пажӯҳишгарон ин аст, ки агар аз як сӯ бӯҳрони ҷаҳонӣ сабаби афзоиши фасод шуда бошад, аз сӯи дигар фасод заминаи амиқрафти бӯҳрон гашт.

Бо вуҷуди чунин лағжиши назаррас, Қазоқистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоно камфасодтарин шумурда мешавад, вале аз ҷойи 120-уми порсолааш акнун ба ҷойи 145-ум поён омадааст. Узбакистон агар дар соли гузашта дар ҷойи 166-ум буд, акнун 174-ум аст ва Туркманистон аз 166-ум ба ҷойи 168 поён лағжидааст. Танҳо Қирғизистон, тибқи ин феҳраст, мубориза бо фасодро тақвият дода, аз ҷойи 166-уми соли гузашта ба ҷойи 162-вум боло рафтааст.

Дар нимаи болоии рӯйхат низ аксари кишварҳо аз 2 то 8 зина поён афтода, ҷойи аввали покизаро дар ивази Дания кишвари дигар -- Зеландияи нав ишғол кардааст.

Раиси дафтари Созмони Шаффофияти байнулмилал дар Брюссел, Яна Миттермайер мегӯяд, натиҷаҳои имсола аз бисёр ҷиҳат ҳайратовар будаанд: "Ончӣ моро нигарон мекунад, ин аст, ки аксарияти кулли 180 кишвар, ки ба феҳраст ворид шудаанд, аз 10 холи имконпазир ҳамагӣ 5-холӣ ба даст оварданд. Агар тасаввур кунед, ки ин ҳолат дар давраи талошҳои раҳоӣ аз бӯҳрони ҷаҳонӣ ба вуқӯъ пайваста, сармояҳои бузург ба ҳайси муҳаррики иқтисодиёт аз ҷой ба ҷое интиқол меёбанд, кӯмакҳое аз тарафи донорҳо ва сармоягузорон ба кишварҳои гуногун фиристода мешаванд ва дар бархе аз манотиқи ҷаҳону бархе аз кишварҳо мудирияти хуб дар муҳосираи фасод қарор дорад, манзара бароятон хеле ташвишовар мешавад."

Вале оё натиҷаҳо чунин маъние доранд, ки вазъият комилан торик аст ва бӯҳрон онро бадтар кардааст? Ба чунин саволи радиои "Озодӣ" хонуми Миттермайер гуфт, иттифоқан, як мояи дигари ҳайрати пажӯҳишгарон пешрафти нисбӣ дар бархе аз кишварҳои Шӯравии собиқ аст. Вай ба таври вижа аз Русия, Гурҷистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ном бурд, ки ҳарчанд баҳоио умумии онҳо чандон таъсирбахш нест, амалан дар чандин ҷанбаъ пешрафт кардаанд.

Муаллифони гузориш бар инанд, ки ҳукуматҳо дар ин кишварҳо дар ниҳояти кор ба хулосае расидаанд, ки талоши онҳо дар муборизаи зидди фасод самараҳои бисёр муҳим медиҳад. Онҳо дарк кардаанд, ки ин самараҳо ҳам барои давлат хубанд, ҳам барои мардум ва ҳам барои донору сармоягузорони хориҷӣ.

Аммо, изофа кард Миттермайер, ин идрок ҳанӯз ба андозаи кофӣ қавӣ ва ҳалкунанда нашудааст.
XS
SM
MD
LG