Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо роҳи созиш бо Минскро меҷӯяд


Иттиҳодияи Аврупо ба қавли мақомоти Бруссел сиёсати воқеъбинонаи худро бо бетағйир гузоштани таҳрими саёҳати мақомоти Беларус идома медиҳад, то замоне, ки Минск ба талаботи ин ниҳод посухи муносиб надиҳад.

Аҳто Лобякас

Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, ки имрӯзу фардо дар Бруссел мулоқот мекунанд, барои тамдиди мӯҳлати таҳрими сафарҳои мақомоти Беларус то октябри соли 2010 мувофиқати якдилона нишон доданд. Вале дар айни замон Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки имконияти тозаи соддасозии низоми раводид ва тасвиби созишномаи нави ҳамкориҳо бо раҳбарияти Беларусро фароҳам хоҳад овард.

Бо вуҷуди ин ки таҳрими ҷумҳурии Беларус то як соли дигар бетағйир хоҳад монд, вале ҳоло Иттиҳодияи Аврупо ба ин ҷумҳурӣ баъзе сабукиҳои нав пешкаш мекунад. Дар тарҳи эъломияи Иттиҳодияи Аврупо, ки дастраси радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, ки ин ниҳод таҳрими Беларусро бетағйир мегузорад. Бастаи таҳримҳои Беларус соли 2006 баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии ин кишвар ҷорӣ шуд ва соли 2008 як қисмати умдаи он бекор гардид.

Вале ҳоло Бруссел ба Беларус пешниҳоди шурӯи музокираҳо дар амри соддатар кардани низоми раводиди Иттиҳодияи Аврупоро карда, ҳамчунин ишора кардааст, ки дар оянда созишномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо хоҳад расонд. Тасмими мазкур рӯзи душанбе аз ҷониби Бенита Ферреро-Валднер, комиссионери умури равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълон шуд, ки дар Бруссел барои ду рӯз вазирони хориҷаи кишварҳои узвро гирди як миз ҷамъ овардааст:

“Аз як сӯ, таҳримҳо идома дорад. Вале аз сӯи дигар, боздошти онҳо маънои онро дорад, ки бо вуҷуди ситоишу дастгириҳо ҳамоно кори каме барои ислоҳот анҷом шудааст”.

Оғози нармиши муносиботи Беларус ва Ғарб


Матни тасмими Иттиҳодияи Аврупо пешравиҳо ва ҳам камбудиҳои тағйироти ахир дар Беларусро хулоса кардааст. Тасмими кам кардани таҳримҳои Беларусро Иттиҳодияи Аврупо октябри соли 2008, дар паи ҷанги миёни Русияву Гурҷистон гирифта буд. Он вақт Бруссел тарсида буд, ки Русия метавонад дигар ҳамсоякишварҳояшро ҳам зери қаноти худ бигирад ва моҳи апрели соли ҷорӣ аз Беларус даъват кард, ки ба стратегияи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо Шарқ шомил шавад.

Дар пай, Бруссел аз иқдоми Минск дар амри озодкунии зиндониҳои сиёсӣ ва ширкати Беларусро дар чандин музокираҳо, аз ҷумла дар масоили ҳуқуқи башар, ситоиш кард. Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин иқдомоти ахири Минскро дар амри мусоидат ба фаъолияти матбуоти озод ва ҳам пазириши мушовирҳои байнулмилалӣ барои роҳандозии ислоҳоти интихоботӣ истиқбол кард. Қарор аст эъломияи мазкур расман рӯзи сешанбе муаррифӣ шуда дар он масоили марбут ба озодии баён, озодии ташкили анҷуманҳо, аз ҷумла гирдиҳамоиҳои сиёсӣ ҳамчун бахше аз талаботи идомаи ислоҳоти сиёсии ин кишвар таъкид шавад.

Эъломия ҳокист, ки дар вақтҳои охир амалан пешравии кам ба мушоҳида расида, аз саркӯби тазоҳуроти сулҳомез ва ҳамоно рад шудани сабти номи ҳизбҳои сиёсӣ изҳори таассуф мешавад. Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин дар робита бо ҳукми марги ба тозагӣ ҷоришуда дар Беларус изҳори нигаронӣ кардааст. Хонум Ферреро-Валднер изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти Беларус чунин як иқдоми хайрхоҳонаи Иттиҳодияи Аврупоро ҳамчун ҳусни нияти корсозе қабул хоҳанд кард.

Вай гуфт, “умедворам, ки Беларус инро истифода карда, мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ман ҳамчунин умедворам, ки ин нақшаҳои ислоҳот ба хотири саҳми бештари Беларус дар демократия кор бурда шуда, боиси эҷоди як муносибати корсозе хоҳад шуд, ки худи ман ҳам ҳамеша ба он таъкид кардаам”.

Истиқболи Лаҳистон аз созиш бо Минск

Созиши ҳосилшуда, тавре ба назар мерасад, боиси пуштибонии зиёди Лаҳистон шуд, ки наздиктарин ҳамсояи Беларус дар Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад. Яшек Протасевич, вакили порлумони Аврупо гуфт, ки ҳайати ин кишвар аз чунин ранг гирифтани кор хушнуд аст. Вай гуфт, ки ҳоло барои комилан аз байн бурдани таҳримҳо барвақт аст, вале гуфт, ки дар сурати пешрафт дар равобити Минску Бруссел ин таҳримҳо комилан бардошта хоҳанд шуд.

Вакили порлумони Аврупо афзуд, “ҳоло ҳам умедҳое барои тағйирот ва ислоҳоте чанд ва ҳамчунин барои муаррифии соҳаи нави ҳамкориҳо миёни Иттиҳодияи Аврупо ва мардуми Беларус вуҷуд дорад – яъне на танҳо бо мақомоти Беларус, ки ҳанӯз ҳам таҳрими сафарашон по бар ҷост. Агар таҳримҳо бори дигар ҷорӣ шавад, ҳеҷ шонсе барои дастёбӣ ба созишномаи ҳамкориҳо ва ё кадом қарордоди дигаре миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Беларус, ки бар пояи он мо режими наву озодтари вижа барои шаҳрвандони Беларусро эҷод карда метавонем, намемонад”.

Протасевич афзуд, ҳолати феълӣ, ки мардуми Беларус барои роҳ ёфтан ба кишварҳои аврупоӣ бояд мисли шаҳрвандони Молдова, Украина ва Русия ду баробар маблағро барои гирифтани визаи Шенген пардохт кунанд, одилона нест.

XS
SM
MD
LG