Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори мувозанат бо Чин шуд


Дар нахустин сафараш ба Чин, президенти Амрико, Барак Обама гуфт, кишвараш дар пайи "нигоҳ доштан"-и Чин нест, вале дар пайи дарёфти тавозун аст.

Дар ҷараёни аввалин боздидаш аз Осиё Барак Обама аз Ҷопон ва Сингапур низ дидан кардааст. Дар ин боздидҳо Обама талош кардааст, то нигарониҳои кишварҳои минтақаро аз нуфузи рӯзафзуни Чин коҳиш бидиҳад.

Дар Чин низ ба Обама осон нахоҳад буд. Коршиносон мегӯянд, Обама дар Чин иттиҳомот ба манъи вуруди баъзе аз молҳои чиноӣ ба кишварашро хоҳад шунид.

Аз Барак Обама дар бораи муносиботаш дар имрӯз ва дар оянда бо Далай-лама, раҳбари рӯҳонии Тибет, хоҳанд пурсид. Ин суолро ба раисҷумҳури Амрико чиноиҳои оддӣ додаанд, чун расонаҳои давлатии Чин ба мардуми худ муроҷиат карда, гуфтаанд, ба Барак Обама чӣ суоле доранд?

Далай-лама як моҳи қабл аз Вашингтон боздид карда буд, бо намояндагони Конгресс вохӯрда буд, вале ба Кохи сафед пазируфта нашуда буд. Расман гуфта шуда буд, ки тасмими мавқуфгузории пазироии Далай-лама ба Кохи сафед аз ҳар ду ҷониб гирифта шуда буд, вале таҳлилгарон бар инанд, ки Вашингтон бо ин роҳ аз танишҳои бештар бо Пекин дар остонаи сафари Обама ҷилавгирӣ кард.

Бегоҳи имрӯз, 16-уми ноябр, Обама ба Пекин ба дидори раҳбари Чин, Ҳу Зинтао хоҳад рафт. Расман мегӯянд, дар ин дидор раҳбарони ду абарқудрат масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ, мушкили атомии Эрон ва Кореяи Шимолӣ, ҳамчунин, нақшаҳо ҷиҳати мубориза алайҳи гармшавии иқлимро баррасӣ хоҳанд кард. Қаблан, раисҷумҳури Амрико гуфта буд, дар ин дидор ҳамчунин мавзӯъи ҳуқуқи инсон дар Чинро низ ба миён хоҳад гузошт. Номаълум аст, ки дар ин сӯҳбатҳо доир ба Тибет ҳам ҳарф хоҳанд зад ё на.
XS
SM
MD
LG