Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияҳои нави СММ дар муолиҷаи зуком


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба табибони ҷаҳон тавсия додааст, барои табобати бемории зукоми хук аз доруҳои зиддивирусӣ ба мисли “Тамифлу” истифода баранд, то аз марги бемор ҷилавгирӣ шавад.

Ин муассисаи Созмони Милал ҳамчунин гуфт, ки ба кишварҳои камбизоат ва дар ҳоли рушде, ки шоҳиди авҷ гирифтани бемории зукоми хук шудаанд, миқдори бештари доруҳои зиддивирусӣ мефиристад. Аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, Афғонистону Қирғизистон.

Агар афроди гурӯҳҳои осебпазир аломатҳои бемории зукомро дошта бошанд, бояд ҳарчи зудтар бо доруи зиддивирусӣ табобат шаванд. Аз ҷумла занони бордор, кӯдакони то дусола ва афроди пиронсол ...
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз табибони ҷаҳон хост, то барои дармони мубталоёни зукоми хук ҳарчӣ зудтар доруҳои зиддивирусӣ тавсия диҳанд. Созмон ба кишварҳои камбизоате, ки аз ин навъи доруҳо кам доштаанд, захираи доруворӣ мефиристад, аз ҷумла ба Афғонистону Озарбойҷон, Белорусу Қирғизистон ва Укроин Муғулистон, ки бемории зукоми хук дар онҳо доман задааст.

Тавсияи нави Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аз фармудаҳои пешинааш ба куллӣ фарқ мекунад, ки аз табибони ҷаҳон хоста буд, то замони собит нашудани мавҷудияти вируси Эйч 1 Эн 1 дар беморон, доруҳои зиддивирусиро ба онҳо надиҳанд. Ҳоло Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, бо гузашти вақт онҳо таҷриба андӯхтаанд, ки мунтазири натиҷаҳои ташхиси озмоишгоҳӣ шудан, барои бемор марговар хоҳад буд.

Никкӣ Шиндо, табиби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар ин бора мегӯяд, «агар афроди гурӯҳҳои осебпазир аломатҳои бемории зукомро дошта бошанд, бояд ҳарчӣ зудтар бо доруи зиддивирусӣ табобат шаванд. Аз ҷумла занони бордор, кӯдакони то дусола ва афроди пиронсоле, ки бемориҳои роҳҳои нафас доранд».

Аммо, мегӯяд Никкӣ Шиндо, дар аксарияти афроде, ки зукоми хук гирифтаанд, аломатҳои беморӣ то дер идома намекунад ва зарур нест, онҳоро бо доруҳои зиддивирусӣ табобат кунанд.

Вай меафзояд, «ман таъкид мекунам, афроде, ки шомили гурӯҳҳои осебпазир нестанд ва танҳо зукоми маъмулӣ доранд, набояд доруҳои зиддивирусӣ бигиранд. Мо тавсия намедиҳем, ки барои табобати афроди гирифтори зукоми сабук ва ҷилавгирии сирояти беморӣ ба афроди солим ба онҳо доруҳои антивирусӣ бифармоянд».

Афроде, ки шомили гурӯҳҳои осебпазир нестанд ва танҳо зукоми маъмулӣ доранд, набояд доруҳои зиддивирусӣ бигиранд ...
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт баъди он тавсияҳояш барои табобати зукоми хукро тағйир дод, ки табибони кишварҳои дар панҷаи беморӣ шоҳиди тағйири зуд дар ҳоли бемор шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, вазъи баъзе аз ин беморон дар рӯзҳои панҷум ва шашуми беморӣ зуд бад мешавад. Ва сабаби ин ҳам асосан вируси илтиҳоби шуш будааст, ки бофтаҳои шушро хароб намуда ва антибиотик низ ба он корагар нест. Ҳатто бо вуҷуди муроқибати наздики бемор ҷилавгирӣ аз марги онҳо имконнопазир мешавад.

Никкӣ Шиндо мегӯяд, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз табибон пурсидааст, барои роҳ надодан ба марги бемор чӣ мекарданд, онҳо гуфтаанд, ки бидуни истисно дармони саривақт бо доруҳои зиддивирусӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Бемории зукоми хук, ки аз нимкурраи шимолии сайёра хуруҷ кард, кишварҳои фақиреро дар панҷааш мефишорад, ки дар вазъи оддӣ ҳам доруҳои кофиву имконоти лозим барои табобати беморонро надоранд.

Ҳоло хадамоти заъифи беҳдоштии ин кишварҳо дар табобати сели беморони зуком даступо мезанад. Аз ин рӯ Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Афғонистону Қирғизистон, Озарбойҷону, Муғулистон, ва Белорусу Укроин захираи дорувории лозим барои табобатро фиристодааст. Баъди ташхиси бемории зукоми хук дар моҳи апрел, ин беморӣ ҳоло ба як навъи паҳншудаи зуком дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Аммо зукоми хук баръакси зукоми маъмулӣ, ки пиронсолонро бемор мекунад, ба кӯдакону ҷавонон ва афроди солим сироят мекардааст.
XS
SM
MD
LG