Пайвандҳои дастрасӣ

Қотили зани мусулмон ҳукми абад гирифт


Александр Винс, қотили зани мусулмон дар Дрезден, аз муҳоҷирони рустабори Олмон аст

Александр Винс, қотили зани мусулмон дар Дрезден, аз муҳоҷирони рустабори Олмон аст

Алекс Винс, миллатгарои олмонӣ, ки моҳи июл як хонуми мисриро дар толори додгоҳи шаҳри Дрезден ба қатл расонда буд, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Аз ин пеш ҳадс зада мешуд, ки шояд эълони ҳукм ба таъхир уфтад, зеро шаҳрванди рустабори Олмон Алекс Винс қабл аз кӯчидан ба ин кишвар дар соли 2003 ба маризии рӯҳӣ ва ё шизофрения мубтало буд.

Иттилоъ дар мавриди мубталои ин маризӣ будани Винсро ахиран Додситонии кулли Русия дар як нома унвонии додгоҳи Дрезден тайъид кард. Дар ин нома омадааст, Винс, ки ному насаби қаблияш Александр Нелсин буд, “соли 2000 бо сабаби гирифторӣ ба маризии рӯҳӣ аз хизмати ҳарбӣ озод карда шудааст”. Аз ин пеш мутахассисони олмонӣ Винсро ташхис карда, ӯро рӯҳан сиҳату саломат дарёфта буданд.

Дар посух ба хоҳиши Ал-Ширбинӣ барои холӣ кардани яке аз ҷойҳои бозӣ, Александр Винс ӯро барои рӯймол доштанаш "террорист" ва "фоҳиша" номид ...
31 июли соли равон Винс ба бадани дорусози мисрӣ Марво Ал-Ширбинӣ дар толори додгоҳи Дрезден, ки он ҷо имрӯз мурофиа идома кард, 16 бор корд зад. Куштори ғайриинтизор ва ваҳшиёна дар толори пуриздиҳом ҳангоме рух дод, ки додгоҳ мавзуи муноқишаи миёни Винс ва хонум Ал-Ширбиниро бознигарӣ мекард.

Муноқишаи онҳо тақрибан як сол пеш рух дода буд – дар посух ба хоҳиши Ал-Ширбинӣ барои холӣ кардани яке аз ҷойҳои бозӣ, Винс ӯро барои рӯймол доштанаш “террорист” ва “фоҳиша” номид. Ал-Ширбинӣ ба додгоҳ шикоят бурд ва додгоҳ Винсро барои таҳқиру тӯҳмат ба маблағи 780 евро ҷарима кард.

Баъд аз ин, ба гуфтаи муфаттишон, Винс дар пайи интиқом шуд ва замоне, ки онҳо барои дар мурофиаи бознигарии ҳукм ширкат мекарданд, ӯ ҳамроҳ бо худ корд гирифт ва ба хонум Ал-Ширбинӣ ҳамла кард. Он замон Ал-Ширбинӣ ҳомила буд ва дар батнаш тифли семоҳа дошт. Винс ба бадани Илвӣ Оказ, шавҳари Ал-Ширбинӣ, ки мехост аз хонумаш дифоъ кунад, низ бо корд чанд зарба зад. Оказ ҳамчунин аз пояш тир хурд - муҳофизи додгоҳ ӯро низ рақиби хонум Ал-Ширбинӣ пиндошта, сӯяш оташ кушод.

Додситон Франк Генрих зимни суханронӣ рӯзи 9 ноябр оилаи Ал-Ширбиниро чун муҳоҷирине арзёбӣ кард, ки Олмон ба онҳо ниёз дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин муҳоҷирон аз афроде чун Винс фарқи куллӣ доранд. Франк Генрих гуфт, “мо ба афроде чун айбдоршаванда, ки ба ин ҷо омада, бо дарёфти шаҳрвандии Олмон худро шахсони баргузида меҳисобанд, аслан эҳтиёҷе надорем”.

Садҳо нафар мусулмонони Туркия ба нишони эътироз ба ҳодисаи куштори Ал-Ширбинӣ бо тобути рамзӣ раҳпаймоӣ карданд
Алекс Винс дар шаҳри Перми Русия ба дунё омада, қабл аз муҳоҷират ба Олмон, муддате ҳамроҳ бо модараш дар Қазоқистон зиндагӣ кардааст. Дар додгоҳ ӯ иқрор кард, ки ба хориҷиён нафрат дорад ва аммо афзуд, ки ҳамлаи ӯ аз рӯи адовати қавмӣ сурат нагирифтааст. Гуфта мешавад, ки Винс аз қатли зани ҳомила изҳори пушаймонӣ накарда ва аз хонаводаи Ал-Ширбинӣ ҳам узр нахостааст.

Куштор дар толори додгоҳи шаҳри Дрезден боиси эътирозҳои шадид дар кишварҳои исломӣ шуд ва онро чун падидаи таҳаммулнопазирии олмониҳо ва аврупоиҳо дар баробари мардуми мусалмон арзёбӣ карданд. Баъд аз ин фоҷиа дар канори сафоратхонаҳои Олмон дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла, дар Миср ва Эрон намоишҳои густардаи эътирозӣ баргузор шуданд. Нашрияи “Кайҳон”-и Эрон аз мусалмонҳои олам даъват кард, ки Винсро пайдо ва бераҳмона қатл кунанд.

Фақат як ҳафта баъд аз ҳодиса садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак изҳори ҳамдардӣ кард ва аммо аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ намуд. Даъватҳои зиёди қатли Винс додгоҳро водор сохт, ки барои ором идома кардани мурофиа, аз чораҳои шадиди амниятӣ кор бигирад. Додгоҳи шаҳри Дрезден имрӯз аз сӯи тақрибан 200 корманди полис ҳимоя мешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG