Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"70 рӯзи зарбдор"-и мактаббачаҳо дар пахтазор


Дар маъракаи пахтачинии имсола аксар масъулини шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз нерӯи муҳассилин ва муаллимон истифода мекунанд.

Маъракае таҳти «70 рӯзи зарбдор дар пахтазор» эълон доштани мақомот дар қатори чинакчиёни саҳмдори хоҷагиҳо инчунин ба кормандони соҳаи буҷавӣ - духтурону омӯзгорон ва хонандагони бархе аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ тааллуқ доштааст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи маи имсол раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври мушаххас ва хеле қонеъ аз минбари порлумон гуфт, ки дигар ба ҳеҷ сурат муҳассилини мактабҳоу донишгоҳҳо ба чиниши пахта ва дигар корҳои саҳроӣ ҷалб нахоҳанд шуд, то ки ҳеҷ монеае дар роҳи донишандӯзии онҳо эҷод нашавад.

Мо донишҷӯёнро бо даъвати ҳатмӣ ба хоҷагии пахтакори ноҳияи Б. Ғафуров сафарбар карданд. Иштироки ҳамаи донишҷӯёни курсҳои як ва ду ҳатмӣ буд ...
Муҳайё Тоҳирова, сарвари коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, ки сафарбаркунии омӯзгорону донишҷӯён дар рӯзҳои якшанбе ба пахтачинӣ бо даъвати мақомот сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, "аз ҷониби мақомоти Суғд дархост намуданд, ки дар рӯзҳои истироҳат агар он донишҷӯёне, ки ба ноҳия нараванд, хуб мебуд, ба ёрии хоҷагиҳо ба пахтачинӣ бароянд ва маблағи чиниши онҳо ҳамон рӯз пардохт карда мешавад”.

Аксар донишҷӯёни омӯзишгоҳҳо дар Хуҷанд мегӯянд, ки аслан умед надоштанд, ки рӯзҳои истироҳатро дар кори саҳро сипарӣ мекунанд, вале аз “даъвати масъулин”, ки баробар бо як амри нонавишта аст, илоҷи дигар надоштанд.

Масалан донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ рӯзҳои истироҳат дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо пахтачинӣ машғул мешаванд. Як донишҷӯ, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, барои ӯ ва чандин ҳамсабақи дигараш мушкили аслӣ омодагӣ ба дарсу машғулиятҳо баъди сарфи рӯз дар пахтачинӣ мебошад.

Вай мегӯяд, “рӯзи якшанбе мо донишҷӯёнро бо даъвати ҳатмӣ ба хоҷигии пахтакори ноҳияи Б. Ғафуров сафарбар карданд. Иштироки ҳамаи донишҷӯёни курсҳои як ва ду ҳатмӣ буд. Албатта барои мо дар ин рӯзҳои сарди тирамоҳӣ мушкил буд, вале даъвати маъмуриятро рад карда натавонистем ва маҷбур будем, ки ба пахтачинӣ бароем”.

Аз сабабе, ки шумори пахтачинони мо каманд, барои мо хонандагони мактабҳо ва омӯзгорон қариб ҳаррӯз ёрдам мекунанд ...
Аксар мудирони хоҷагиҳои пахтакори Суғд мегӯянд, номусоидии боду ҳаво аз сабабҳои аслии коҳиши иҷрои нақшаи пахтасупорӣ шудааст. Ва масъулини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷбур шудаанд, ки барои кӯмак ба ин қитъаи пахтакор аз хонандагону омӯзгорони мактаби миёнаи раками 1-и ноҳия истифода кунанд.

Абдумаҷид Узоқов, мудири яке аз хоҷагиҳои пахтакори маҳаллӣ, мегуяд, ки номусоидии боду ҳавои имсола монеаи ҷиддии сари вақт иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии ҳосил шудааст ва аз ҳамин сабаб масьулин маҷбур шудаанд аз нерӯи мактабиён кор гиранд.

Вай афзуд, “то имрӯз мо танҳо шаст фоизи нақшаро иҷро кардаем. Ният дорем, то охири мавсим нақшаро 80 дарсад иҷро намоем. Аз сабабе, ки шумори пахтачинони мо каманд, барои мо хонандагони мактабҳо ва омӯзгорон қариб ҳаррӯз ёрдам мекунанд”.

Абдумаҷид Узоқов мегӯяд, аз майдони 340 ҳектор замин то имрӯз наздики 260 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст ва беш аз 80 тоннаи он бо заҳмати хонандагону омӯзгорон ҳосил шудааст. Мувофиқи нақша, мегӯяд вай, ҳаҷми пахтаи ҷамъоваришуда имсол дар хоҷагии онҳо бояд ҳудуди 500 тоннаро ташкил диҳад.

Донишҷӯён мегӯянд, ки дар ҳоле масъулин ҳаққи заҳмати ҳаррӯзаи онҳоро пардохт мекунанд, ки соли ҷорӣ ҳам арзиши чиниши ҳар кило пахта аз 18 то 25 дирам муқаррар шудааст ва онҳо бар ивази панҷ ё ҳашт сомонӣ рӯзашонро дар пахтазорҳо сипарӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG