Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагириҳои аҳзоби сиёсӣ ба интихобот


Раёсати ҲНИТ замони баргузории анҷумани худро эълон кард. Интизор меравад, дар он феҳрасти номзадҳо барои интихоботи порлумонӣ баррасӣ шавад.

Интизор меравад, дар ин анҷуман феҳрасти номзадҳои ҳизби наҳзат барои ширкат дар интихоботи порлумонии соли 2010 баррасӣ ва таъйин шавад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, бо ибрози умедворӣ, ки ҳизбаш ҳадди панҷдарсадаи интихоботиро убур хоҳад кард, гуфт, феҳрасти ҳизбии онҳо шомили 22 нафар хоҳад буд.

Вай афзуд, “мо умед ва бовар дорем, ки ин дафъа садди интихоботиро хоҳем газашт. Аз ин хотир, куллан 22 нафарро дар рӯйхат ҷо мекунем. Вале зиёд шудан ё кам шудани панҷоҳ фисади ширкат дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатаро вақт муайян мекунад. Яъне, оё номзаде, ки меравад, имконияти шахсии дигареро истифода карда метавонад, ки худаш равад ва аз имкониятҳои худаш дар интихобот ширкат кунад, мисли ҳамин”.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, дар шишаҳои калони фурӯшгоҳҳои пойтахт тақвимеро бо акси бузурги Эмомалӣ Раҳмон паҳн карда буд, ки навъе аз омодагии ин ҳизб ба интихобот талаққӣ мешуд ...
Оқои Сайфуллозода ҳамчунин афзуд, раёсати ҳизбаш тасмим гирифтааст, ки ҳизби наҳзат ин бор ҳадди ақалл дар 80 дарсад аз ҳавзаҳои интихоботии маҷлисҳои маҳаллӣ номзадҳои худро пешбарӣ кунад: “Ин аллакай чизи нав аст. Дар ду интихоботе, ки гузашт ҳизби мо ба маҷлисҳои маҳаллӣ таваҷҷӯҳи зиёде надошт. Интихоботи маҷлисҳои маҳаллиро ҷиддӣ намегирифт. Бояд дарк кунем, ки бештари масоили иҷтимоӣ дар ин маҷлисҳо мавриди баҳсу баррасӣ аст. Чаро ҳизби наҳзати исломӣ дар баҳси ин масоил дар маҷлисҳои поёнӣ набошад?”

Ҳизбҳои дигари сиёсии Тоҷикистон ҳам омодагии худ барои ширкат дар интихоботи қарибулвуқуи порлумониро, ки моҳи феврали соли оянда баргузор мешавад, изҳор медоранд. Масъуд Собиров, раҳбари расман эътирофшудаи Ҳизби демократ ба Озодӣ, гуфт, қарор аст, онҳо низ анҷумани худро барои тасдиқи феҳрасти номзадҳояшон ба вакилии Маҷлиси Намояндагон дар охири моҳи декабр баргузор кунанд.

Давлаталии Давлатзода, муовини раҳбари Ҳизби ҳалқӣ–демократии Тоҷикистон, ки ба унвони ҳизби ҳоким шинохта мешавад, дар як сӯҳбаташ ба Озодӣ гуфт, ки ҳизби онҳо низ барои рақобат бо аҳзоби дигар барои дарёфти курсиҳои порлумон омодааст. Вай афзуд, “Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба ҳизби дигаре ягон мушкилоте пеш наовардааст. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки дар муборизаҳои озоду шаффоф бо кадом ҳизбе, ки набошад, барои ҷой кардани вакилони худ дар мақомоти қонунгузор мубориза кунем”.

Қабл аз ин гуфтаҳои оқои Давлатзода, Ҳизби халқӣ–демократии Тоҷикистон дар шишаҳои калони фурӯшгоҳҳои пойтахт тақвимеро бо акси бузурги Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 10-солагии ин ҳизб паҳн карда буд, ки навъе аз омодагии ин ҳизб ба интихобот талаққӣ мешуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки баъзе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар интихоботи навбатии порлумонӣ онҳо бо бастаи мушкилоте рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Амнияти Абдулназар, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, чун дар гузашта онҳо нахоҳанд тавонист, ки аз раъйи ҷонибдоронашон дифоъ кунанд.

Оқои Абдулназар мегӯяд, “имсол мо нисбатан як усули наверо пеш гирифтем. Новобаста аз он ки ҳизбҳо барномаҳо хоси худ, ҳадафҳои хоси худро доранд, мо як мақсади умумӣ дорем, ки ин ҳам дифоъ аз раъйи интихобкнандагон аст. Мо мехоҳем бо ҳар як аз ин ҳизбҳо созиш бандем, то дар якҷоягӣ раъйи ҷонибдорони худро дифоъ кунем. Агар ҳизбҳои дигар низ ба ин розӣ шаванд”.

Вале Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик дар умури сиёсӣ, дар маҷмӯъ аҳзобро барои заъфашон барои мубориза дар корзори интихоботӣ танқид мекунад. Вай мегӯяд, ҳанӯз ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон фаъолият ва шеваи муборизаҳояшон дар маъракаҳои сиёсиро ба замони муосир мувофиқ накардаанд.

Бо ин вуҷуд, ҳизбҳои дигаре чун ҳизбҳои кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ аз ширкат кардан ва ё накардани худ дар ин интихоботи порлумонӣ хабар надодаанд. Ҳарчанд бархе аз коршиносон эҳтимоли ҷо гирифтани намояндагони ин ду ҳизб рӯйи курсиҳои порлумонро ба хотири демократитар шудани он баъид намедонанд.
XS
SM
MD
LG