Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон либоси исломии занона бештар ҳамчун изҳори мавқеи сиёсии занон арзёбӣ мешавад.

Кристин Дейзӣ

Ҳафтаи гузашта Фаронса баррасиҳои ҷамъиятиро дар заминаи ҳуввияти миллии сокинони ин кишвар оғоз кард, дар ҳоле, ки мақомоти хадамоти муҳоҷират изҳори умедворӣ мекунанд, ки чунин як таҳаввулот боиси манъ шудани пӯшиши либоси сарупо бастаи бурқа дар миёни сокинони мусалмони ин кишвар мешавад.

Чунин тамоюлҳо дар Фаронса дар ҳолест, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баръакс барои нақзи муқаррароти либоси мазҳабӣ занҳо муҷозот мешаванд.

Марҷона, як духтари тоҷик барои худ муддатҳо пеш тасмим гирифт, ки бояд сару либосашро аз аврупоӣ ба мазҳабӣ дигар карда ҳамчун хонандаи мадраса ба ҳиҷобпӯшӣ гузарад. Марҷона 20 сол дорад ва мегӯяд, ки ҳоло ӯ имконияти мувофиқи амалисозии орзуҳои кӯдакии худро дорад: "Аз хурдӣ мехоҳам сатр бандам. Лекин дар мактаби миёна иҷозат намедоданд”.

Баъди он ки мақомоти маорифи Тоҷикистон пӯшидани либоси мазҳабиро дар муассисаҳои таълимии кишвар манъ карданд, аксар духтарҳои хостори пӯшиши либоси исломӣ акнун орзу мекунанд баъди хатми мактабу донишгоҳ ин хостҳои худро амалӣ созанд. Вале бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, мегӯянд баъзеҳо, вазъи баъзе кишварҳо аз ин назар боз ҳам печидатар аст.

Чаро Фаронса рӯсариро дӯст намедорад?

Мақомоти Фаронса ба бар кардани бурқинӣ - либоси исломии занона барои шиновариро низ манъ кардаанд
Мақомоти Фаронса, масалан, дер боз дар фикри ин ҳастанд, ки бо кадом роҳ занҳои мусалмонро водор ба пӯшидани либосе кунанд, ки аз назари онҳо дурусту муносиб аст. Президент Николя Саркозӣ бидуни муҳобот занҳои ҳиҷобпӯшро ба зиндониҳое шабоҳат додааст, ки дар паси парда монда “дур аз ҳаёти иҷтимоӣ ва маҳрум аз ҳама хостҳои шахсиашон” ба сар мебаранд.

Донишманди улуми инсоншиносӣ Ҷон Бовен китоберо зери унвони “Чаро Фаронса рӯсариро дӯст намедорад” иншо кардааст. Вай мегӯяд, ки Саркозӣ либоспӯширо чун муқаддимаи далелҳои зиёди худ барои ҷилавгирӣ аз тундрагоии исломӣ истифода мекунад.

Фаронса то ҳол дар қонунҳояш чандин муқаррароти нави маҳдудкунандаи ҳуқуқи занҳои мусалмонро ҷорӣ кардааст, ки боиси эътирозу норизоиятҳои аққалияти пайрави ислом дар ин ҷомеа шудааст - ҷомеае, ки бо пляжҳои урёну озодиҳои комили дигари ахлоқӣ маъруф аст: ин ҷо низ пӯшидани рӯсарӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳам барои омӯзгорон ва ҳам шогирдон манъ шуду ахиран порлумони ин кишвар ба хосторони пӯшидани бурқинӣ - як либоси нави шиноварӣ, ки тамоми бадани занро панаҳ медорад, дар пляжҳои ҷамъиятӣ ба бар кардани ин либосро манъ кард.

Мақомот гуфтанд, ки ин либос ба меъёрҳои гигиенаву тозагӣ ҷавобгӯ нест. Ҷон Бовен, ки бояд ба ҳайси мутахассис дар баробари кумитаи порлумони Фаронса дар масъалаи ташаббуси манъ шудани пӯшидани бурқинӣ суханронӣ кунад, мегӯяд, баҳси оғозшуда дар робита бо либоси исломӣ бештар ба хотири ҳифзи дунявияти ҷомеаи Фаронса карда мешавад.

Вай меафзояд, “ин бештар ба як рамзи пружаи давлатӣ мемонад. Яъне як пружаи давлатӣ, ки дунявӣ аст, то ки аз ҷониби он чи ки ба ҳайси идеологияи исломӣ фаҳмида мешавад, осеб набинад”.

Мубориза бо ҳиҷоб ҳамчун ченаки дунявияти давлат

Мақомоти Тоҷикистон низ бо ҳиҷоб вориди мактабу донишгоҳҳо шуданро манъ кардаанд
Ин айнан ҳамон андешаест, ки дар ҷомеаи баъзе ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳам роиҷ асту ба қавле ба як сиёсати давлат табдил шудааст. Ин ҷумҳуриҳо, ки аксари сокинонашро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, расман дунявӣ мебошанд. Ва мақомот талош мекунанд ҳама гуна фаъолиятҳои мазҳабиро таҳти назорат бигиранд. Ӯзбакистон ба ин наздикӣ пӯшидани либосҳои мазҳабиро ба занҳо ва духтарҳои донишгоҳӣ дар манотиқи ҷанубии кишвар манъ кард. Инчунин пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ дар идҳои расмии мисли ҷашни истиқлолият ҳам дигар иҷоза нест.

Вале барои занҳову духтарҳои эронӣ, ки дар сад соли охир таҷрибаи ҳам манъи пӯшиши ҳиҷобро дар миёнаҳои солҳои 1930-юм - замони шоҳ ва ҳам пӯшиши иҷбории онро баъди инқилоби исломӣ дар соли 1979 таҷриба кардаанд, либоси исломӣ маъноҳои зиёд дорад.

Вале пеш аз ҳама, мегӯяд нависандаи фаъол Озода Муовинӣ, амри пӯшидани либоси хоссаи баста, пинҳон доштани мӯи сар зери рӯсарӣ, ки аз ҷониби давлатмардон содир шудааст, маънои мустаҳкам будани “сиёсати мардонаву тундгарои давлатӣ” мебошад. Ӯ мегӯяд, талоши аз як мардуми дунявиву озод ва модерн сохтани модели шаҳрвандони исломигаро иштибоҳи ҷиддӣ аст.

Бо вуҷуди ин ки ҳоло дар ҷомеаи Эрон як навъ таҳаввулот дар заминаи пӯшидани либос дар мазҳари ом мушоҳида мешавад, ки аз ранги торики сиёҳ даст кашида ба рангҳои шодтару модернтар рӯ меоранд ва духтарҳои ҷавон нохунҳои рангшудаи худро озодона ба намоиш мегузоранд, боз ҳам роҳи тӯлоние дар пеш аст, ки занҳои ин кишвар ба як озодии комил даст ёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG