Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти ду блогнавис дар Озарбойҷон


Додгоҳи ноҳияи Себайли шаҳри Боку ду блогнависи ҷавони озариро бо иттиҳоми авбошӣ ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум кард.

Рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми ноябр, блогнависи озарбойҷонӣ Амин Миллӣ ба 2 солу 6 моҳ ва дӯсти ӯ, блогнависи дигар, Аднон Ҳоҷизода ба 2 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукмро дафъатан баёнгари ҳароси ҳукумати Озарбойҷон аз зуҳур ва нерӯи расонаҳои нав шумурданд.

Ман барои андешаву афкори худ омодаам, ҳама гуна ҷазоро бипазирам...


Додгоҳи ноҳияи Себайли шаҳри Боку ҳардуро ба авбошӣ айбдор кард, вале вакилони ҳуқуқии маҳкумшудагон ва журналистони озар мегӯянд, ин ҳукм ангезаи сиёсӣ дошта, ба навиштаҳои Миллӣ ва Ҳоҷизода дар интернет марбут аст.

Ҳафтае пеш аз боздошташон, Ҳоҷизода ва Миллӣ як видеои танзомези зидди фасоду ришватро дар блог ҷой дода буданд. Дар он харе дар нишасти хабарӣ ба пурсишҳо посух медод.

Саҳнае аз муҳокима дар додгоҳ, ки бо телефони ҳамроҳ гирифта шудааст:

Bloqqerlərin məhkəməsindən görüntülər
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00
Линки мустақим


Вакили ҳуқуқии маҳкумшудагон, Элтон Қулиев ҳукми додгоҳро ноодилона ва ғайриқонунӣ номида, хостори бознигарии он шуд ва гуфт, ин парванда дар ҳоли зарурат ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон фиристода хоҳад шуд.

Вай гуфт: "Чаро онҳоро зиндонӣ карданд? Сабаби пойфишорӣ ба ҳукми ҳабс чӣ буд? Посух яктост. Ин як парвандаи одӣ набуд. Балки сиёсӣ буд. Муҳокима низ сиёсӣ буд. Аз ҳамин лаҳза сар карда, мо метавонем бигӯем, ки ин ду ҷавон маҳбуси сиёсиянд, зеро онҳо танҳо дар заминаи ангезаҳои сиёсӣ маҳкум карда шуданд."

Қулиев афзуд, "ин ҳукм на дар додгоҳ, балки дар кабинетҳои боло гирифта шудааст. Ба ҷои истифода аз ин ду ҷавони боистеъдод, тасмим гирифта шуд, ки онҳоро ба паси панҷара пинҳон кунанд. Ҷазои тақозокардаи айбдоркунандаи давлатӣ, ки барои яке 3 солу 6 моҳ ва дигаре 3 сол талаб мекард, аз ҳама гуна ҳудуд бештар аст. Ин нишон медиҳад, ки додгоҳи Озарбойҷон зери фармони давлат аст."

Наздикон ва тарафдорони Амин Миллӣ ва Аднон Ҳоҷизода дар беруни додгоҳ. 11 ноябри соли 2009.

Тарафдорони ин ду блогнависи мухолиф мегӯянд, дарвоқеъ ҷазои сангинеро интизор буданд, вале на то ба ин дараҷа. Эркин Қодирӣ, сарвари созмони ғайридавлатии Pro-Republic Alternative мегӯяд: "Зиндагӣ ҳамин аст. Мо системаро ба хубӣ мефаҳмем ва медонем, ки он таъқибгар аст. Дар чунин вазъият мо ончиро мекунем, ки ҳақ мешуморем, вале умед надорем, ки натиҷаи муҳиме хоҳад дод."

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳукумати худкомаи президент Илҳоми Алиев дар ростои интихоботи порлумонии соли оянда талош дорад, блогҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетии ҷавононро, ки то рафт маҳбубияти бештар пайдо мекунанд ва назорати онҳо душвор аст, поккорӣ кунад.

Сиёсатшинос Илғор Мамадов аз Боку мегӯяд, ҳукумат ҳарос дорад, ки матбуоти нав метавонад дар дасти мухолифони сиёсӣ ба василаи тавоное табдил ёбад: "Ин ҳукм ҳушдорест ба ҷавонони фаъол ва на танҳо фаъол, балки ҳамаи ҷавонон, ки дар фикри омехтани шабакаҳои иҷтимоӣ бо сиёсатанд. Паём рӯшан аст. Мо барои ин ҷазо хоҳем дод."

Аднон Ҳоҷизода, ки бо навиштаҳои тезутундаш дар бораи ҳукуматдорон шӯҳрат дорад, гуфт: "Дирӯз Рӯзи ҷавонон буд ва ин ҳукм ҳадияи ҳокимони мо ба ҷавонон аст." Вай аз довар дархост кард, вазъи хонаводагии Амин Миллиро ба эътибор бигирад, ки ҳамсараш дар Амрико таҳсил мекунад ва дар пайи ҳимояи унвони докторист.

Амин Миллӣ дар сухани ниҳоиаш дар додгоҳ гуфт: "Ман барои андешаву афкори худ омодаам, ҳама гуна ҷазоро бипазирам."

Аз ин суханони ӯ дар толори муҳокима кафкӯбиҳо ва нидоҳои "Озодӣ!Озодӣ!" баланд шуд. Сарони додгоҳ маҷбур шуданд, ҳозиронро ба оромӣ даъват кунанд.

Саҳнаи хориҷ гаштани маҳкумшудагон аз додгоҳ ва нидоҳои "Илҳом, аз озодфикрон даст бардор!" ва "Озодӣ!":

Bloqqerlərin məhkəməsi başa çatdı
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:27 0:00
Линки мустақим


Аднон Ҳоҷизодаи 30-сола ва Амин Миллии 26-сола рӯзи 8-уми июн баъд аз як занозанӣ дар тарабхонаи "Ливон" боздошт шуданд. Дар ҳоле ки онҳо аз дасти чанд варзишгар латукӯб ва захмӣ шуда буданд, додгоҳ баракс онҳоро дар латукӯби варзишгарон айбдор донист ва тибқи моддаи авбошӣ дар ҷои ҷамъиятӣ якеро ба дуним ва дигариро ба ду соли ҳабс маҳкум кард.

Яке аз шоҳидҳои асосӣ, ки дар занозанӣ ширкат дошт, гуфтааст, шикоятномаи худро ҳарф ба ҳарф аз рӯи гуфтаи полис навиштааст.

Террӣ Давидсон, сухангӯи Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Боку, аз ҳукми додгоҳ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, Вазорати умури

Террӣ Давидсон

хориҷии Амрико дар ин робита изҳороти расмӣ нашр хоҳад кард: "Мо таҳқиқи парвандаро хеле муфассал думбол мекардем ва аз парвандаҳои назири Аднону Амин, ки хеле ғамхоранд, суханашонро мегӯянд ва ҳавохоҳи озодии баёнанд, нигаронем."

Ҳукуматҳои ғарбӣ ва Созмони Аамният ва ҳамкории Аврупо ифтитоҳи парванда зидди Миллӣ ва Ҳоҷизодаро аз аввал шадидан маҳкум кардаанд.

Ҳоҷизода узви ҷумбиши "ОЛ"-и ҷавонони Озарбойҷон аст, ки видеоҳои танзомези танқиди сиёсатҳои ҳукуматро тавлиду пахш мекунад ва хостори барномаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон аст.
Видеои охирин замоне таҳия шуд, ки Озарбойҷон ба нархи 41-ҳазордолларӣ аз хориҷа хар ворид кард ва ҷавонон дар видеоблог хари хушлибосеро диданд, ки дар нишасти хабарӣ мегуфт, "дар Озарбойҷон хар обрӯи баланд дорад ва хеле осон метавонад муваффақ шавад."

XS
SM
MD
LG