Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии масоили муҳоҷирати кории наздимарзӣ


Дар шаҳраки Исфана, маркази маъмурии ноҳияи Лолаки вилояти Ботканд, таҳти ҳимояти молии дафтари минтақавии САҲА дар мавзӯи «Ҳамкории ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон перомуни танзими муҳоҷирати кории минтақаҳои наздимарзӣ» як конфаронси байналмилалӣ баргузор шуд.

Омурбек Алманбетов, ҳамоҳангсози лоиҳаи таъсиси ин конфронс, гуфтааст, ки ҳайати ҷониби Қирғизистон таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ин кишвар ширкат намуд. Вай афзудааст, ки дар ҳайати Тоҷикистон намояндагони шӯъбаи муҳоҷират ва шуғли вилояти Суғд, мақомоти раҳбарии шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Исфара, ҳамчунин намояндагони ҷамоатҳо ва бунёдҳои иҷтимоӣ иштирок карданд.

Бино ба ин манбаъ, Мартин Россман, раҳбари дафтари минтақавии САҲА, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, изҳор кардааст, ки пажӯҳиши шуғли аҳолии минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон бо Тоҷикистон нишон дод, ки дар мавриди ба шуғл фаро гирифтани онҳо ҳанӯз мушкилоти зиёд мавҷуд аст.

пажӯҳиши шуғли аҳолии минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон ва Тоҷикистон нишон додааст, ки дар мавриди ба шуғл фаро гирифтани онҳо мушкилоти зиёд мавҷуд аст ...
Ба гуфтаи Мартин Россман, ҳадафи конфронс, ки бо ширкати намояндагони ниҳодҳои давлатии ду кишвари ҳамҷавор ба вуқӯъ пайваст, маҳз натиҷаҳои таҳқиқи ҳамин мавзӯъро баррасӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни конфронс як филми мустанад намоиш дода шуд, ки бар асоси лоиҳаи дафтари минтақавии САҲА ба навор гирифтаанд.

Назирҷон Тоҳиров, як сокини деҳаи Андараки ноҳияи Лолак, мегӯяд, ки ин гуна конфронсҳо бояд натиҷаи мусбат дар пай дошта бошанд, дар акси ҳол мушкилоти садҳо муҳоҷирони корие, ки зимни сафари Русия марзҳои давлатии Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистонро низ убур мекунанд, осон нахоҳад шуд.

Вай афзуд, пӯшида нест, ки зимни убуру мурури ин кишварҳо мардикорони тоҷиктабори Қирғизистон низ ба ушкилоти зиёд рӯбарӯ мешаванд. Ба гуфтаи Назирҷон Тоҳиров, қисме аз пулеро, ки пасандоз кардаанд ва сару либосеро, ки барои аъзои хонаводаашон харидаанд, дар нимароҳ аз даст медиҳанд.

Назирҷон Тоҳиров ҳамчунин ишора кард, ки сокинони ноҳияи Лолак бидуни равуо ба қаламрави вилояти Суғд ва рушди тиҷорати байни ду кишвар зиндагии худро тасаввур карда наметавонанд. Вай афзуд, ин дар ҳолест, ки дар марзи ду кишвар боз як бинои пурҳашамати гумрук қомат рост кард, ки марбути Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо интизор меравад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он ширкат хоҳад кард.

Ба таъкиди сокини ноҳияи Лолаки Қирғизистон, агар дар ин маросим намояндагони онҳо низ ширкат кунанд, аз ҷаноби Раҳмон хоҳиш хоҳанд кард, ки дар мавриди убуру мурури онҳо ба Тоҷикистон боз як мушкилоти дигар эҷод нанамояд. Назирҷон Тоҳиров гуфт, президенти ин кишвари ҳамҷавор бо дарназардошти ҳусни ҳамҷаворӣ хоҳиши онҳоро ҳаргиз рад нахоҳад кард.

Ба гуфтаи коршиносони қирғиз, сокинони минтақаҳои марзии ду кишвари ҳамҷавор дар фазои ҳусни тафоҳум ба сар мебаранд. Ин манобеъ меафзоянд, вале дар саҳифаҳои нашрияҳои электронӣ роҷеъ ба ғасби қаламрави Қирғизистон аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон баъзе гузоришҳо пахш шудаанд, ки наметавон онро бепояву асос хонд.

Ба гуфтаи ин коршиносон, муҳоҷирати сокинони манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи вилояти Ботканд ба шимоли кишварашон нигарониҳои беш аз пеши мақомоти Бишкекро эҷод кардааст. Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол даҳҳо хонаводаи қирғиз дар ноҳияи Лолак дороии худро ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхтаанд ва ба шимоли кишвар кӯч бастаанд, ки аз ин раванд ҷилавгирӣ мебояд.
XS
SM
MD
LG