Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ширкати “Барқи Тоҷик” фармонеро имзо гузошт, ки дар бораи расман ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ дар деҳоти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи ин қарор, нерӯи барқ ба рустоҳои кишвар аз ин ба баъд 7-соатӣ дар шабонарӯз дода хоҳад шуд. Гуфта шудааст, ки маҳдудияти ҷоришуда ба низоми кори макотиб таъсири манфие нахоҳад гузошт ва тамоми мактабҳо дар вақти таълим бо барқ таъмин хоҳанд буд.

Дар фармони раиси “Барқи Тоҷик” таъкид шудааст, ки бояд ноҳияҳо ҷадвали махсуси шабакаҳои барқро омода кунанд ва барои сербор нашудани хатҳои интиқоли барқ ба мардум барқ диҳанд.

Сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир системаи энержии Тоҷикистон бо иқтидорҳои дохилӣ ва бо режими автономӣ, яъне берун аз шабакаҳои ягонаи Осиёи Марказӣ, кор карда истодааст.

Ба гуфтаи ӯ шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо пурра бо барқ таъминанд ва танҳо дар деҳот маҳдудияти барқ ҷорӣ карда шудааст.

Маҳдудият дар роҳи интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон як рӯз баъд аз садамаи фаннӣ дар шабакаҳои интиқоли нерӯи барқи кишвар, ки шаҳри Душанберо рӯзи 9-уми ноябр барои 3 соат аз нерӯи барқ маҳрум кард, сурат гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG