Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Системаи тестӣ - роҳи ҷилавгирӣ аз ришватхорӣ?


Дар як форуми минтақавӣ дар Бишкек, ки бо ибтикори созмони ЮСАИД роҳандозӣ шуд, перомуни масъалаи «Қабули довталабон ба донишгоҳҳо бо усули тест ва тавсеаву рушди он» баҳсҳо сурат гирифт.

Ин форум намояндагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия ва Қирғизистонро гирди ҳам овард. Сабзалӣ Ҷаъфаров, мудири маркази миллии тести ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор кард, ки имтиҳонҳои хатмкунии мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ва санҷишҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои кишвараш ҷомеаи он, довталабон, волидайни онҳо ва мақомоти донишгоҳҳоро қонеъ намекунад.

Вай афзуд, ки ҳанӯз дар давраи имтиҳоноти қабул ришватхорӣ, ошнобозӣ ва фишорҳои идорӣ низ мавҷуданд, ки ҳуқуқ ва интихоби даъвогаронро дар боби гирифтани маълумот, интихоби озоди касб ва таҳсили бепул дар асоси озмун поймол месозанд.

Сабзалӣ Ҷаъфаров ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки бо қарори ҳукумати кишвараш маркази миллии тест таъсис ёфт ва дар пояи ин марказ дар донишгоҳҳо системи ягонаи тестӣ ҷорӣ гардид.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар форум оид ба афзалиятҳои қабули донишҷӯён бо усули тест назарҳои мухталиф низ ироа гардиданд. Сабзалӣ Ҷаъфаров афзуд, ки дар соири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин маврид ду назар аст, ки яке аз усули кӯҳна кор гирифтан мехоҳанд ва ғисмати дуввум бо усули тест имтиҳонгириро афзал мешуморанд.

Мудири маркази тести ҷумҳурии Тоҷикистон вале дар ҳамин ҳол дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ усули имтиҳонҳои тестӣ бартарии худро собит намуд. Ба гуфтаи Сабзалӣ Ҷаъфаров, усули тестии имтиҳонҳои қабул ҷавобгӯи сиёсати маорифи ҳозира аст.

Файзиддин Ниёзов, мутахассиси бахши такмили ихтисоси муаллимони Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар ҷараёни форум роҷеъ ба арзёбии ташаккулдиҳанда баъзе пешниҳодҳои худро ироа намуд.

Ин форум ду рӯз давом кард ва лоиҳаҳои зиёди мухахассисонро роҷеъ ба афзалиятҳои усули тестии имтиҳонҳои дохилшавӣ мавриди муаррифӣ қарор дод.

Инна Валкова, мудири маркази арзёбӣ ва усулҳои таҳсили ҷумҳурии Қирғизистон, гуфт, ки дар кишвараш аз усули тести умумиҷумҳуриявӣ кор гирифта мешавад ва ҳар як хоҳишманд метавонад, дар он ширкат кунад.

Ба гуфтаи ӯ баъди ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ, натиҷаи санҷиши тестии ҳар як довталаб, ки қаблан супурдааст, ба назар гирифта мешавад. Бино ба гуфтаи Инна Валкова, ин усул ришватхориро дар Қирғизистон ва соири кишварҳои дигар коҳиш хоҳад дод ва раванди ба донишгоҳҳо шомил шудани ҷавонони истеъдоднокро суръат хоҳад бахшид.
XS
SM
MD
LG