Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари зоирини тоҷик ба таъхир меафтад


Парвози нахустин гурӯҳ аз зоирони тоҷик, ки қарор буд рӯзи 7-уми ноябр аз Душанбе ба Ҷиддаи Саудӣ сурат бигирад, ба таъхир уфтод.

То кунун мақомот иллати таъхири ин парвозҳоро шарҳ надодаанд. Вале зоирони зиёде, ки мебоист рӯзҳои 7-ум ва 8-уми ноябр тавассути ширкати «Тоҷик айр» ба қасди ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мерафтанд ва гуселкунандагони онҳо дар назди идораи Маркази исломии Тоҷикистон ё масҷиди марказии пойтахт гирд омада, хостори шарҳи мақомоти масъул дар мавриди иллати ба таъхир уфтодани парвозҳо шуданд.

Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон тавассути баландгӯ талош мекарданд, зоирони бетоқатро ба ҳавсала ва сабр даъват кунанд ва ба онҳо итминон бидиҳанд, ки парвоз сурат хоҳад гирифт.

Масъулини Маркази исломӣ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои дигаре гуфтанд, ки дар воқеъ иллати аслии таъхир шудани ин парвозҳоро намедонанд ...
Ин дар ҳолест, ки масъулини Маркази исломӣ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои дигаре гуфтанд, ки дар воқеъ иллати аслии таъхир шудани ин парвозҳоро намедонанд. Ва ин суол бояд аз масъулини «Тоҷикайр» сурат бигирад. Аммо мақомоти ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон ё аз ин ҳол изҳори беитиллоӣ мекунанд ва ё гӯшии телефони худро бар намедоранд.

Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, таърихи парвози нахустин ҳануз мушаххас набуд, аммо зоирони интизор ҳамчунон умедворанд, ки битавонанд ба маврид ба Арабистони Саудӣ бирасанд.

Бар асоси бархе маълумоти таъйидношуда, иллати таъхир дар парвози зоирон шояд ба пеш омадани мушкилот дар иҷораи ҳавопаймое бошад, ки ширкатҳои тоҷикӣ қасд доштанд ба манзури интиқоли ҳоҷиён аз Аморати Муттаҳидаи Араб иҷора бигиранд.

Имсол қарор аст 5300 сокини Тоҷикистон маросими ҳаҷҷи акбарро ба ҷо биорад. Вале гуфта мешавад, бинобар далоиле пардохти сафари ҳаҷ назар ба соли пеш боло рафтааст. Аммо акнун ин мушкил барои зоирин пушти сар шуда ва онҳо онҳо қимати роҳро пардохт кардаанд. Вале дар рӯбарӯи саргардонии дигаре қарор гифтаанд ва он ҳам таъхири парвозе, ки пулашро пардохт намудаанд.

Масъулини идораи ҳаҷи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, тибқи қарордод, ширкати «Тоҷикайр» мебоист интиқоли зоиринро аз рӯзи шанбеи 7-уми ноябр оғоз мекард. Ва охирин гурӯҳи зоирон бояд то рӯзи 19-уми ноябр вориди Арабистони Саудӣ шаванд. Ҳамин тавр рӯзи 7-уми декабр ҳоҷиён тавассути ҳамин қарордод бояд пас оварда шаванд.
XS
SM
MD
LG