Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи интихоби дубораи Ҳомид Карзай ба мақоми раёсатҷумҳурӣ қароргоҳи ӯ дар Кобул, ки дар гузашта мақарри подшоҳони Афғонистон буд, дигарбора пуриздиҳом шудааст.

Ҳайъатҳои мухталиф аз миёни сиёсатмадорон, раҳбарони қабоил ва тарафдорони Карзай ба Кохи Арк ба табрики ӯ расида, барояш ҷомаву кӯлоҳ ва қолиҳои мунаққаши миллиро тӯҳфа меоранд ва дар зимн ба раисҷумҳур ваъдаҳои дар ҷараёни интихобот супурдаашро хотиррасон мекунанд.

Аммо рӯҳия дар байни муттаҳидини ғарбии Карзай тамоман дигар аст. Зимни суҳбатҳои телефонӣ, паёмҳои табрикотӣ ва суханрониҳо раҳбарони Ғарб онҳо мегӯянд, ки Карзай бояд барномаи ислоҳоти фарогиреро барои давраи дуввуми раёсаташ эълон кунад. Ҳамин тавр, нахуствазири Бритониё Гордон Браун зимни суханрониаш дар Лондон шартҳои ҳукуматашро ба сурати хеле ошкоро матраҳ намуд:
“Бадбахтона, ҳукумати Афғонистон ба маҳзи фасод вирди забонҳо шудааст. Ва ман омода нестам, ки ҳаёти мардумии Бритониёро ба хотири ҳукумате, ки зидди фасод мубориза намебарад, зери хатар гузорам. Аз ин рӯ, президент Карзай дирӯз ваъда дод, ки алайҳи фасод гомҳои қотеъ хоҳад бардошт.”

Дар Вашингтон низ рӯҳияи ҳамсони қотеъ ҳукмрон аст. Ахиран, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико адмирал Майк Муллен гуфта буд, масъалаи қонунияти ҳукумати Афғонистон дар беҳтарин ҳолат таҳти шубҳа қарор дорад ва ё дар асл вуҷуд надорад. Адмирал Муллен гуфт, президент Карзай ба хотири эҳёи қонунмандии давлаташ бояд гомҳои ҷиддӣ бардорад.
“Ин ба маънои таъини волиҳои хуб, сиёсатмадорони хуби маҳаллӣ, оҷонсиҳо ва ниҳодҳои давлатии мӯътамад аст, ки ба мардум хидмат кунанд. Карзай бояд барои маҳв кардани фасод низ гомҳои муҳим бардорад. Яъне, ӯ бояд худро аз афроди олуда ба фасод тоза кунад, чунин афродро бояд амалан боздошт ва муҷозот кунад ва шумо бояд инро ошкоро ба намоиш бигузоред. Ба назари ман, чунин амал барои мардуми Афғонистон аломати бузурги мусбат хоҳад дод.”

Дар ҳоле ки Афғонистон бо ошӯби густардаи гурӯҳҳои ифротӣ дастбагиребон аст ва ин гурӯҳҳои ошӯбгар бахши бузурги қаламрави рустои ва куҳистонии кишварро таҳти назорат оварда, акнун ба самти шаҳрҳои ҳаракат мекунанд, фасод акнун ба таҳкурсии низоми сиёсии кишвар, ки бо кумаки ҷомеъаи байналмилалӣ бунёд шудааст, таҳдид мекунад. Барои имзои як санад ва ё чашм пӯшидан аз садамаи нақлиётӣ чандсад афғонӣ, муодили ҳамагӣ чанд доллар, ришва хостани маъмури пулис ва ё корманди давлатӣ дар Афғонистон як падидаи маъмулист, ки бисёре аз афғонҳо ҳар рӯз мушоҳида мекунанд. Аммо фасоди бузургтар як андоза аз назарҳо пинҳон монда, ба қарордодҳои бузурги бозсозӣ ва барномаҳои амниятӣ марбут аст, ки мақомоти бонуфузи афғон ва хориҷӣ даҳҳо ва баъзан ҳатто садҳо миллион доллар аз кӯмакҳои байналмилалиро тавассути ришваву сирқат ба яғмо мебаранд.

Ин навъи фасод ҳамроҳ бо дигар падидаи зишти Афғонистон - бозори чандмиллиарддолараи ғайриқонунии маводи муҳаддир - таъсири манфиашро қариб ба тамоми бахшҳои ҳаёти рӯзмарраи мардуми кишвар мерасонад. Собиқ халабони ҳавопаймо Довуд Султонзай, ки феълан раиси кумитаи равобити иқтисодии маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон аст, хостори даъвати ҳарчи зудтари Вулуси Ҷирга ва ё анҷумани мардуми кишвар шуд. Дар суҳбат бо радиои Озодӣ Султонзай гуфт, фасод аз тахминҳои афғонҳо хеле фаротар рафта, аз зинаҳои болотарини ҳукумати кишвар сарчашма мегирад.

Бино бар гузориши Маркази робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Ню-Йорк, ки моҳи сентябр интишор шуда буд, аз панҷ як ҳиссаи тамоми кумакҳо ба бозсозии Афғонистон барои ширкатҳои хусусии таъмини амният ва милиса масраф мешавад. Ин ширкатҳои хусусӣ амнияти пойгоҳҳои низомӣ ва корвонҳои нирӯҳои байналмилалиро таъмин мекунанд. Дар гузорише, ки “Нархи таъмини амният аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ дар Афғонистон” унвон шудааст, омадааст, ки ин ширкатҳо берун аз чаҳорчуби қонунҳои кишвар амал мекунанд ва дар аксари маворид таҳти назорати ҷангсолороне қарор доранд, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мешаванд.

Эҳсонулло Ориёнзай, раиси шабакаи хусусии телевизионии Ориёно, низ ба ҳамин назар аст. Ӯ мегӯяд, куҷо шудани миллиардҳо доллар кӯмаки байналмилалиро, ки аз соли 2001 ба ин сӯ ба Афғонистон рехтааст, касе гуфта наметавонад. Ба ақидаи Ориёнзай, шеваи тақсими кӯмакҳо ва иҷрои барномаҳои байналмилаӣ як бахши калидии фасод аст. Аммо, ба бовари ӯ, решакан кардани фасод кори осоне нахоҳад буд.

Моҳи июни соли ҷори президенти Амрико Барак Обама дафтари бозраси вижаи барномаҳои бозсозии Афғонистонро таъсис дод. Ин дафтар бо арзёбии мустақили масрафҳои чандмиллиарддоларии Амрико дар Афғонистон машғул аст. Раиси ситоди тозаташкилшудаи мубориза бо фасоди Афғонистон Иршод Аҳмадӣ низ фасодро як монеа дар роҳи натанҳо барои рушди Афғонистон, балки як таҳдиди аслӣ барои тамоми раванди бозсозии кишвар мешуморад.

Бо дарназардошти ин ҳама, дар ҳоли ҳозир дидаи мардум ва ҳамин тавр дидаи ҳама ҷаҳон ба сӯи Кобул дӯхта шудааст, ки оё раисҷумҳури дубора интихобшудаи Афғонистон Ҳомиди Карзай дар маросими адои савганд ва оғози давраи дуввуми раёсаташ чӣ хоҳад гуфт? Ва дар ин давраи раҳбариаш оё ӯ ба хотири решакан кардани фасод дар Афғонистон чӣ гоми мушаххасе хоҳад бардошт?
XS
SM
MD
LG