Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи маргбор ба низомиён дар пойгоҳи ИМА


Нишасти матбуотӣ дар робита ба қазия дар пойгоҳи низомии Форт Ҳуд дар Техас

Нишасти матбуотӣ дар робита ба қазия дар пойгоҳи низомии Форт Ҳуд дар Техас

Мақомоти Амрико гуфтанд, ки мардеро, ки дар Форт Ҳуд, як пойгоҳи низомии Техас рӯзи панҷшанбе ба ҷониби низомиён оташ кушодааст, боздошт кардаанд.

Дар ин ҳодиса дасти кам 13 нафар ба ҳалокат расида 28 тани дигар захмӣ шудаанд. Оё нафари ҳамлагар чӣ шахсе буда чӣ гузаштаеро пушти сар кардааст?

Мақомоти низомии ИМА талош доранд бар асоси маводи парокандаву мухталиф дарк кунанд, ки чӣ омилҳо сабаб шуд, ки як равоншиноси артиш, ки барои тамрину омӯзиши сарбозон заҳматҳо кашидааст, якбора силоҳро зидди ҳамхизматонаш равона карда боиси ҳалокати одамон шавад. Бар тибқи иттилои ахир, дар ҳодисаи тирпаронии шаби панҷшанбе дар Форт Ҳуд, як пойгоҳи низомии Техас дасти кам 13 нафар ба ҳалокат расида, 28 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин қароргоҳи низомӣ 500 километр тӯл дошта дар 100-километрии ҷануби Вако, аёлати Техас ҷойгир мебошад.

Дар ҳодисаи тирпарронии шаби панҷшанбе дар пойгоҳи Форт Ҳуд дасти кам 13 нафар ба ҳалокат расида, 28 нафари дигар захмӣ шудааст ...
Тирпаронӣ ба ҷониби гурӯҳи низомиён дар Маркази омодагии сарбозони ин пойгоҳ рӯй дод, ки ҳамчун бунгоҳи муоинаи тиббии сарбозон шинохта шудааст. Маъмулан низомиёне, ки бояд ба манотиқи ҷангии мисли Ироқу Афғонистон фиристода шаванд ва ё баръакс, тоза аз хизмат баргаштаанд, бояд аз назари ин марказ гузаранд.

Марде, ки ҳамчун қотили эҳтимолӣ арзёбӣ мешавад, майор Низол Малик Ҳасан равоншиноси Форт Ҳуд мебошад. Вай баъди чаҳор тир хӯрданаш дар ҳолати беҳушӣ дар беморхона ба сар мебарад. Дар паи бебандуборие, ки баъди тирандозӣ ба миён омад, мақомот фикр карданд, ки ӯро ба ҳалокат расондаанд.

Генерал-лейтенант Боб Кон фармондеҳи Форт Ҳуд гуфт, “таҳқиқот идома дорад, вале гузоришҳои муқаддамотӣ ҳокӣ аз он аст, ки тирандоз як нафар буда, чандин бор тир холӣ кардааст. Алорағми гузоришҳои дар аввал пахшшуда ӯ кушта нашудааст. Вай боздошт шудааст ва ҳолати ӯ мӯътадил арзёбӣ мешавад”.

Бо вуҷуди ин ки Боб Кон як нафар будани ҳамлагарро тахмин мезанад, мақомот гуфтанд, ки сиҳатии ин фарзияро низ таҳқиқ мекунанд, ки шояд ӯ аз ҷониби кадом гурӯҳи тундраве ба ин амал даст зада бошад. Вале ҳанӯз онҳо ҳеҷ далеле барои тақвияти ин фарзия дар ихтиёр надоранд.

Як навори видеоии камераи амниятӣ, ки иттифоқан пеш аз тирандозӣ сабт шудааст, оқои Ҳасанро бо либоси миллии дарози арабӣ, куртаи сафеди мавсум ба “дишдаша” ва кулоҳи вижа барои намозгузорӣ сабт кардааст. Мақомот инчунин ин эҳтимолро аз назар соқит намекунанд, ки шояд ҳам шумори қурбониҳову ҷароҳатбардоштаҳо бо сабаби оташи ҷавобии низомиёни дигар афзуда бошад, ки ба хотири ҳифзи ҷони худ аз силоҳ истифода кардаанд.

Ҳамсари яке аз низомиёни кушташуда бар асари тирпарронӣ
Дар Вашингтон раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки Кохи Сафед бо Пентагон, бюрои федеролии таҳқиқот ва вазорати умури дохилӣ барои таъмини амният дар Форт Ҳуд ҳамкорӣ мекунад. Обама гуфт, ки ҳама захираҳои ҳукумати федеролӣ барои кӯмак дар таъмини амнияти пойгоҳ ва шаҳри атрофи он равона хоҳад шуд.

Вай гуфт, “вақте мо дар майдони муҳориба берун аз хоки худ амрикоиҳои ҷасурро аз даст медиҳем, як чизи дарднок аст. Вале даҳшатноктар аз он ҳолатест, ки мо дар пойгоҳи низомии худ дар хоки Амрико ҳадафи оташ қарор мегирем”.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки сабаби ин тирандозӣ чӣ будааст. Вале сенатори Техас Кей Бейлӣ Ҳутчисон гуфт, ки генералҳои Форт Ҳуд барояш гуфтанд, ки оқои Ҳасан мебоист дар фурсати наздик ба берун аз кишвар сафарбар мешуд. Нодир Ҳасан, бародардозаи равонпизишк гуфт, ки ӯ мебоист бо сафари корӣ ба Ироқ мерафт, вале дилаш инро намехост.

Як сарҳанги мустаъфӣ Террӣ Лӣ, ки бо оқои Ҳасан кор кардааст, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ӯ бояд ба Афғонистон фиристода мешуд. Вай гуфт, ки Ҳасан умедвор буд, ки Обама сарбозони кишварашро аз Афғонистону Ироқ берун мекашад ва хеле зиёд бо онҳое, ки аз ҷанг тарафдорӣ мекарданд, вориди низову баҳс мегардид. Майори артиш Низол Малик Ҳасан 39 сол дошта, моҳи июли имсол корро дар Форт Ҳут шурӯъ кардааст. То ин ҷо дар мӯҳлати шаш сол вай дар Маркази тиббии Уолтер Риди артиш ба ҳайси равонпизишк таҷриба гузаштааст. Ҳасан дипломи тиббии худро дар аёлати Мериланд, дар соли 2001 дар донишгоҳи низомии хизмати умумӣ дар улуми тиббӣ ҳимоят кардааст.

Низол Малик Ҳасан (низомии ҳамлагар) мебоист бо сафари корӣ ба Ироқ мерафт, вале дилаш инро намехост... умедвор буд, ки Обама сарбозони кишварашро аз Афғонистону Ироқ берун мекашад ...
Тибқи маълумоти бадастомада, собиқаи кории Низол Малик Ҳасан дар маркази Уолтер Рид чандон муваффақиятомез набудааст: афсарони низомӣ гуфтанд, ки баҳои кории ӯ он вақт хеле поин буд. Доктор Томас Грегер, ки раҳбари бахши таълим дар ин марказ будааст, гуфт, ки Ҳасан дар марҳилаи таҷрибаомӯзиаш мушкилоти зиёд дошту ба раҳнамоиву кӯмаки бисёр ниёзманд буд. Дасти кам шаш моҳи пеш Ҳасан мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти ҳифзи қонун гардид: гуфта мешавад, ки вай тавассути интернет таҳдидҳои таркишҳои маргталабонаву кушторро пахш карда дар навиштаҳои худ шаҳодатталабонро баробар бо сарбозоне сифат додааст, ки ба хотири ҳифзи ҷони ҳамхизматонашон худро болои норинҷак партофта ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ҳоло муфаттишон таъкид мекунанд, ки ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки оё воқеан ҳам Ҳасан муаллифи ин андешаҳо будааст ё хайр. То ҳанӯз таҳқиқи расмии ин имейлҳову навиштаҳои интернетӣ шурӯъ нашудааст. Вале рӯзи ҷумъа сарҳанг Стивен Брейвман, фармондеҳи маркази тиббии Форт Ҳуд, гуфт, ки сабаби оташ кушодани Ҳасанро гуфта наметавонад.

Ҳарчанд ҳодисаи куштори сарбозон дар Форт Ҳуд барои бисёриҳо дар Амрико такондиҳанда будааст, вале мегӯянд, ки ин як воқеаи беназир набудааст. Панҷ моҳи пеш дар як маркази машваратии низомӣ дар пойгоҳи низомии Кемп Либертии Бағдод панҷ сарбози амрикоӣ аз ҷониби сарбози дигар ба ҳалокат расиданд. Моҳи апрели соли 2005 сержанти амрикоӣ Ҳасани Акбар аз дивизияи ҳавоии 101-уми амрикоӣ барои ҳамла бо норинҷаке ба ҷониби ҳамхизматонаш дар Кувайт ба ҳукми марг маҳкум шуд. Ин ҳодиса дар остонаи шурӯи ҷанги Ироқ ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG