Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад..."


Солҳои 70-уми қарни бист гурӯҳи сайёҳони қирғиз дар як осорхонаи Ҳиндустон найеро бо ин навиштаҷот дидаанд: «Ин найи Усто Дадабобои Учқӯрғонӣ мебошад».

Ин сайёҳон баъди сӯҳбат бо корманди масъули осорхона маълум кардаанд, ки найи сохтаи Усто Дадабобо ба воситаи шахсе ба Ҳиндустон расидааст, ки солҳои панҷоҳуми қарни гузашта яке аз шаҳрҳои водии Фарғонаро тарк кардааст.

Деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, ки ҳудудан 30 ҳазор сокини он тоҷиктабор ҳастанд, ғайр аз олимону фозилон ва адибон соҳибҳунаронеро низ зодаву парвардааст, ки дар сохтани асбоби мусиқӣ ва анҷому ашёи рӯзғор ном баровардаанд.

Яке аз ин ҳунармандони деҳа шодравон Дадабобо Эргашев аст, ки беш аз ҳаштод сол умр дидааст ва онро сарфи ҳунари чӯбкорӣ кардааст. Писари ин ҳунарманд Мӯъминҷон Дадабобоев, ки синнаш қариб ба ҳафтод расидааст, мегӯяд, ки сулолаи онҳоро устоҳо ном мебаранд. Ба гуфтаи оқои Дадабобоев, вале амакбачаҳои ӯ бо гузашти вақт аз ҳунари ниёконӣ сарфи назар карда, ба тиҷорат рӯй оварданд.

Вай мегӯяд, «падарам ба сохтани белу панҷшохи чӯбӣ, гаҳвора, дутор, най, сурнай ва қӯшнай машғул буданд. Барои сохтани ин асбоб он кас чӯби зардолу, чанор ва арчаро бештар истифода мекарданд».

Дар идомаи сӯҳбат Мӯъминҷон Дадабобоев изҳор кард, ки падараш ҳунари мусиқинавозӣ надошт. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, най ва сурнаи сохтаи падарашро аз ҷойҳои дур омада мебурданд ва баъзан то тайёр шудани най ва сурнай харидорони он дар Учқӯрғон чанд шабонарӯз меҳмон мешуданд.

Мӯъминҷон Дадабобоев гуфт, ки дар баробари ба кишти зироат шуғл варзидан гоҳ-гоҳ сари дастгоҳ мешинад ва ба тарошидани чӯби хушк машғул мешавад, ки офтоб хӯрдааст. Баъд аз ин чӯбҳои хушк най ва сурнай, ҳамчунин дастаи гаҳвора месозад.

Абдулҳайи Абдукарим, яке аз равшанфикрони муқими Учқӯрғон, ки дар ҳамсоягии усто Мӯъминҷон Дадабобоев ба сар мебарад, мегӯяд, ки шароит тағйир ёфтааст ва барои буридани як дарахти арча мақомот ҷаримаи зиёд муқаррар кардаанд. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, бо вуҷуди ин Мӯъминҷон Дадабобоев аз ҷойҳои дур чӯби арча ва чормағзу зардолу пайдо карда меорад ва ба сохтани найу сурнай ва асбобу ашёи рӯзғор мепардозад.

Вай мегӯяд, агар дар оилаҳои аҳли ҳунар касе аз аъзои он ба идома додани ҳунари бобову падари худ руҷӯъ нанамояд, ҳунари онҳо ҳифз намешавад. Абдулҳайи Абдукарим афзуд, ки рушанфикрони ҷамоати Учқӯрғон тасмим гирифтаанд, ки як осорхона таъсис диҳанд.

Ба гуфтаи оқои Абдукарим фақат мавҷудияти чунин осорхона дар ҳифзу нигаҳдошти намунаҳои маҳсули дастони аҳли ҳунари тоҷиктабори ҷамоати Учқӯрғон мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG