Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст?


Чанд рӯз пеш дар хиёбони Рӯдакӣ савори мусофирбаре шудам то ба ҷои кор биёям. Бо хеле мушкилӣ дохили салони автобус шудам ва дар роҳрав, ки низ пур аз мусофирон буд, рост истодам.

Пас аз чанд лаҳза чашмам ба ҷавоне афтод, ки нишаста ва дар даст китоб дошт. Шояд бо шавқ чизеро мехонд, ки чашмонашро аз китоб хато намекард. Дар назди ӯ рӯи роҳрав мардуме ҳам рост меистоданд, ки аксарият дар сол бузургтар аз ҷавон буданд. Ва бархе ҳам бо нигоҳҳои худ ба ӯ гуфтани буданд, ки баҳонаи китоб накун, аз ҷоят хез ва ба калонсоле ҷой деҳ. Ин ҳол як истгоҳ идома кард.

Дар истгоҳи навбати муйсафеде вориди мусофиркаш шуд ва гӯё нафарони назди чавон рост истода ин лаҳзаро интизор буданд, ки бо хитоб ба ҷавон гуфтанд: «Китобро дар хонаатон мехонӣ, ба мӯйсафед ҷой деҳ!». Ҷавон ҳам бе ҳеҷ мухолифат ва хомӯшона аз ҷой хест.

Ин лаҳза андешидам, ки шояд ҷавон бо баҳонаи китобхонӣ ба касе ҷои худро даданӣ набуд. Вале ҷавон дар роҳрав як даст ба сутун бурда ва бо дасти дигар китобро боз кард ва мехонд.

Дар чанд соли ахир барои бори аввал медидам, ки дар мусофиркаш нафаре китоб дар даст гирифта ва мехонд. Одате, ки тақрибан 20 сол пеш маъмулӣ буд ва касе ҳам шубҳа намекард, ки шумо агар дар мусофирбар китоб мехонед, ин бахонае барои ҷои нишастро банд кардан нест. Яъне он замон китобхонӣ дар мусофирбар ва истгоҳу поркҳо ба истилоҳ кори ғайримуқаррарӣ набуд. Аммо имрӯз чӣ?

Имрӯз таваҷҷӯҳ ба китобхонӣ мавзуест, ки ман Барот Юсуфӣ бо иттифоқи ҳамкорам Абдулфаттоҳ Шафиев дар ин нашри маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» аз паи он меравем ва мушоҳида хоҳем кард, ки оё имрӯз ҳам ба қавли Ҷомии бузург китоб «аниси кунҷи танҳоӣ ва фуруғи субҳи доноӣ»-и мардум ҳаст ва ё хайр.

Коҳиши одати китобхонӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
XS
SM
MD
LG