Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раванди муҳоҷирати тоҷикон ба вилояти Свердловск


Муҳоҷирони кории тоҷик дар Екатеринбург. Акс аз Георгий Шугол.
Муҳоҷирони кории тоҷик дар Екатеринбург. Акс аз Георгий Шугол.

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар як нишаст натиҷаҳои як таҳқиқот ё назарсанҷӣ, ки ба равандҳои муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба вилояти Свердловск иртибот дошт, эълон шуд.

Ин назарсанҷӣ бо кӯмаки молии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон анҷом гирифт ва онро "Маркази иттилоотии байни миллатҳо" баргузор кард. Дар он коршиносон аз донишгоҳи факултаи иҷтимоиёти донишгоҳи давлатии Урал ва пажӯҳишгоҳи фалсафаву ҳуқуқи Фарҳангистони улуми Русия дар Урал, яъне дар вилояти Свердловск, ширкат доштанд.

Нурзида Бенсгиер. мудири раиси "Маркази иттилоотии байни миллатҳо" дар бораи ин назарсанҷӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, "саволномаро мо якҷо бо донишмандон ва кормандони созмони ғайритиҷоративу коршиносони умури муҳоҷират таҳия кардем. Ин назарсанҷӣ бо фармоиши намояндагии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон анҷом гирифт. Дар саволнома саволҳо ба ҷанбаҳои гуногуни кор ва зиндагии муҳоҷирони кории тоҷик, аз ҷумла ҳадафи омадан, маълумот дар бораи шахсияти онҳо, синну сол, ҷинс, мақоми иҷтимоии онҳо ва амсоли он шомил буд".

17 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик дар минтақаи Урал дар сохтмонҳо кор мекунанд. Акс аз Георгий Шугол
Натиҷаҳои ин назарсанҷӣ, ки ҳафтаи гузашта дар сӯҳбати мизи гирди Екатеринбург эълон шуд, аз моҳи ноябри соли 2008 то моҳи марти соли 2009 анҷом гирифт ва дар он 300 нафар мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Алексей Старостин, рӯзноманигор ва яке аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Екатеринбург, дар сӯҳбат бо барномаи Садои ҳамватан чунин гуфт, "дар ин мизи гирд зиндагии муҳоҷирон, мушкили онҳо бо ниҳодҳои ҳукуматӣ, музди миёнаи кори онҳо, шароити ҷои зист, оиладор ҳастанд ё на, муносибати онҳо бо аҳолии маҳаллӣ, муносибат бо пулис, ҷои кори онҳо баррасӣ шуд, яъне масъалҳое, ки аслан бозтоби зиндагиву кори онҳо дар Екатеринбург ва вилояти Свердловск аст, ба ин саволнома шомил шуда буд".

Тибқи ин назарсанҷӣ, синни миёнаи муҳоҷирони кории тоҷик дар вилояти Свердловск 32 солро ташкил медиҳад. 57 дарсади муҳоҷирон худашон танҳо дар ҷустуҷӯи кор ба Русия омадаанд, 24 дарсади дигар бо оила ё хешовандони дигарашон дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Қисмати аслии муҳоҷирони корӣ касби махсус надоранд ва 35 дарсади онҳо бо корҳои гуногун машғуланд.

Аз панҷ як қисми онҳо дар мағозаҳо ва бозорҳо бо тиҷорат машғуланд, ки 17 дарсадро ташкил медиҳад. 15 дарсад дар сохтмонҳо кор мекунанд. Тибқи ин назарсанҷӣ, танҳо 11 дарсади муҳоҷирони корӣ аз рӯи тахассуси худ кор пайдо кардаанд. Аз ҳар 5 нафар муҳоҷир як нафар ё дар амбори мағозаҳо ё дар амбори меваву сабзиҷот ва ё дар сохтмон кор мекунад.

Дар бахши нақлиёт ин шумора аз 10 нафар як нафарро ташкил медиҳад. 93 дарсади муҳоҷирони корӣ дар хонаҳои иҷора зиндагӣ мекунанд. 3 дарсади дигар дар ҷои кори худ, яъне дар корхонаҳо хобу хез ё зиндагӣ доранд. Ба ҳисоби миёна ҳақи иҷораи ҳар кадоме аз онҳо 6 000 рубли русиро ташкил медиҳад, ки каме бештар аз 200 долларро ташкил медиҳад.

Хонум Нурзида Бенсгиер мегӯяд, 33 дарсади муҳоҷирони тоҷик муносибати пулис бо муҳоҷиронро "бад" арзёбӣ кардаанд ва гуфтаанд, мушкили аслӣ бо пулиси тартибот ва бо пулиси роҳ ин аст, ки онҳо аз муҳоҷирон ришва талаб мекунанд.

3 дарсади мардикорони тоҷик дар ҷои кори худ зиндагӣ мекунанд. Акс аз Георгий Шугол
Хонум Нурзида дар бораи нақши расонаҳои хабарӣ роҷеъ ба муҳоҷирони корӣ бо такя ба назарсанҷӣ ба мо чунин гуфт, "расонаҳои хабарӣ вожаҳои тоҷик, муҳоҷир ва қочоқчии маводи мухаддирро дар як саф мегузоранд. Ба ҳамин сабаб аҳолии маҳаллӣ ҳеҷ имкон надоранд, ки тарафҳои мусбати ҳузури муҳоҷиронро бишносанд. Ин вазифаи бузург ва кори бузург барои оянда аст".

Сабаби тасаввуроти манфӣ дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик ин будааст, ки онҳо забони русиро хуб намедонанд ва наметавонанд бо аҳолии маҳаллӣ бештар вориди гуфтугӯ шаванд ва дар бораи худ ва ҳадафҳои худ маълумот диҳанд. Пулҳое, ки муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон дар тоҷикистон мефиристанд, моҳе аз 1 000 то 30 000 рулро ташкил медиҳад. ба ҳисоби миёна ҳар моҳ аз ҳар муҳоҷири корӣ дар Русия тақрибан 6,5 ҳазор рубли русӣ ворид мешавад. Аз ҳар се нафар муҳоҷир як нафараш мехоҳад барои зиндагии доимӣ дар Русия бимонад.

Бо васфи ин ҳама, дар ин назарсанҷӣ коршиносон ва созмондиҳандагон ба натиҷае расидаанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик танҳо нисфи музди кори худро дарёфт мекунанд ва зиндагии онҳо дар хонаҳои бидуни таъмир мегузарад. Онҳо барои тамоси камтар бо аҳолӣ ё рӯ ба рӯ омадан бо пулис дар инзиво зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, бо назардошти натиҷаҳои чунин назарсанҷӣ бисёре аз кормандони сохторҳои давлатӣ расонаҳои хабарии маҳаллиро муттаҳам кардаанд, ки онҳо воқеияти ҳолро дар бораи кору зиндагии муҳоҷирони кории тоҷик дар матбуот ба нашр намерасонанд.
XS
SM
MD
LG