Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон ҳуқуқи баланди моҳона, яъне беш аз як ҳазор сомонӣ, ба кормандони молӣ ва бонкӣ марбут аст.

Ба гуфтаи Мерган Шаҳбозов, раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, ҳуқуқи миёнаи моҳона дар бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон ба 262 сомонӣ баробар аст. Вале ҳуқуқи моҳонаи кормандони бахши кишоварзӣ аз 70 то 90 сомонӣ дар моҳро ташкил медиҳад.

Дар ҳоле, ки наздик ба 12 дарсади кормандони бахши кишоварзӣ аз 500 то 700 сомонӣ ҳуқуқи моҳона мегиранд, ба гуфтаи Юсуф Юсуфбеков, мудири бахши Донишкадаи пажӯҳиши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, соҳибкорон, раисони иттиҳодияҳои деҳқонӣ шомили ҳамин 12 дарсад аст, на балки деҳқонон.

Ҳуқуқи моҳона дар бахши кишоварзӣ ва хизматрасонӣ дар деҳот 90 сомониро ташкил медиҳад, ки бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ ҳадди поёни кмбизоатӣ маҳсуб мешавад ...
Ҷаноби Юсуфбеков афзуд, «бино ба пажӯҳишҳои мо, дар ҳоли ҳозир беш аз 58 дарсади сокинони деҳот камтар аз 100 сомонӣ ҳуқуқи моҳона мегиранд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 75 дарсади сокинони кишвар дар деҳот кор ва зиндагӣ мекунанд».

Алексей Ивашенко, коршиноси Бонки ҷаҳонӣ, дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси пажӯҳишҳои ин бонк, танҳо 48 дарсади сокинони деҳот дар бозори меҳнат фаъоланд.

Вай афзуд, «бар асоси пажӯҳишҳои мо, ҳуқуқи моҳона дар бахши кишоварзӣ ва хизматрасонӣ дар деҳот 90 сомониро ташкил медиҳад, ки бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ ҳадди поёни камбизоатӣ маҳсуб мешавад».

Ба эътиқоди профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз Донишкадаи пажӯҳиши иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, бар асоси он усул ва шеваҳои заминдорӣ, ки дар Тоҷикистон истифода мешавад, ин бахш камдаромад ба ҳисоб меояд. Ба гуфтаи ӯ, агар ҳосили зироат ва меваву сабзавот дар маҳал коркард ва бастабандӣ шавад, дар он сурат даромад ва ҳуқуқи моҳонаи деҳотиён аз ҳисоби тавлидоти санъатӣ ба маротиб боло хоҳад рафт.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ба ҳамин далел аст, ки 90 дарсади ҷавонон ва аҳолии қобили кори деҳот ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд ва эҳтиёҷи хонаводаҳои худро бо кор дар дигар бахшҳо таъмин мекунанд.

5 дарсад афродест, ки ҳуқуқи моҳонаи онҳо баробар ба ҳуқуқи солонаи мардуми боқимонда аст ...
Агарчи Кумитаи давлатии омор ҳуқуқи моҳонаи коркарони сохтмон, алоқа, нақлиёт ва бахши моливу бонкиро аз 500 то 1000 сомонӣ ва аз ин бештар тахмин задааст, бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ ин ҳуқуқи моҳонаи зиёд нест, балки дар сатҳи берун аз хатти фақр аст.

Вале ба гуфтаи Юсуф Юсуфбеков, мудири бахши Донишкадаи пажӯҳиши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар асл ҳуқуқи кормандони молиёт, алоқа ва бонкҳо дар Тоҷикистон ба маротиб бештар аст. Оқои Юсуфбеков афзуд, «ҳуқуқи моҳонаи кормандони бонкҳо ва алоқа аз ҳазор сомонӣ бештар бошад ҳам бонус ва ё мукофотпулии онҳо ҷиддӣ ва зиёдтар аз ҳуқуқи моҳона аст».

Ҷаноби Юсуфбеков мегӯяд, вазъи иҷтимоӣ бо назардошти ҳуқуқи моҳона дар Тоҷикистон ҳокӣ аз он аст, ки беш аз 85 дарсади аҳолии кишвар камбизоатанд ва танҳо 10 дарсади онҳо метавонанд бо ҳуқуқи моҳона рӯз гузаронанд.

Ба гуфтаи ӯ, 5 дарсад афродест, ки ҳуқуқи моҳонаи онҳо баробар ба ҳуқуқи солонаи мардуми боқимонда аст ва ин ҳолати иҷтимоӣ мояи нигароист. Ва давлатро зарур аст, ки ба ҳалли ин мушкил бипардозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG