Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба меҳмонсарои панҷситора дар Кобул, ки дар он кормандони дафтари Созмони Милали Муттаҳид ба сар мебурданд, субҳи барвақт сурат гирифт.

Бар асари он 12 нафар, аз ҷумла, 6 корманди ин созмон ба ҳалокат расиданд.

Ин ҳамлаи ҷангҷӯён мавзӯъи мушкилоти амниятӣ зимни баргузории даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистонро дубора
Шумо гумон мекунед, ки бо ҳамла ва куштори мардуми бегуноҳ метавонед иродаи моро бишканед? На, ин тавр нахоҳад шуд!..
ба миён гузошт, интихоботеро, ки бояд баъд аз даҳ рӯз таҳти сарпарастӣ ва назорати СММ доир шавад.

Ҷунбиши “Толибон” масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт ва эълом дошт, ки ин ба истилоҳ қадами аввал дар роҳи ҷилавгирӣ аз баргузориии даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аст.

Олим Сиддиқӣ, як тан аз масъулини дафтари СММ дар Кобул ин ҳамларо пешакӣ тарҳрезишуда хонд ва гуфт: “Се ҳамлагари мусаллаҳ ба шумули дасти кам як маргталаб ба меҳмонсарои хусусӣ дар Кобул ҳамла карданд, ки аз сӯи кормандони СММ истифода мешуд. Афроди мусаллаҳ ба меҳмонсарои на он қадар бузург ворид шуданд ва задухурд ба вуқӯъ пайваст.”

Ҳувияти кормандони ба ҳалокатрасидаи СММ ҳанӯз мушаххас нашудааст ва аммо гуфта мешавад, ки якеи онҳо амрикоист. Ба иттилои хабаргузориҳо, баъд аз задухурд дар бинои меҳмонсаро як ҷасади сӯхта ҳам ошкор шудааст.

Вазорати умури дохилии Афғонистон хабар дод, ки ҳамла аз сӯи се мусаллаҳи толиб сурат гирифтааст, ки дар задухурд бо кормандони полис кушта шуданд.

Ҳамзамон рӯзи чаҳоршанбе як меҳмонсаро дар канори Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт ва беш аз сад тан аз меҳмонон маҷбур шуданд, ки дар таҳхона панаҳ бубаранд.

Ҳамла ба кормандони СММ дар Кобул дар ҳоле сурат гирифт, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар андешаи интиқоли низомиёни иловагӣ ба Афғонистон ба хотири аз абйн бурдани ҷангҷӯён дар ин кишвар аст. Гуфта мешавад, моҳҳои ахир сатҳи хушунат дар Афғонистон тақрибан то ҳадде боло рафтааст, ки замони суқути низоми Толибон дар охирҳои соли 2001 қарор дошт.

Чанд соат баъд аз ҳамла ба меҳмонсарои СММ дар Кобул Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон вориди Исломобод шуд ва изҳори умедворӣ кард, ки дар равобити миёни Иёлоти Муттаҳида ва Покистон саҳифаи нав боз мешавад. Ва дар ҳоле, ки музокироти хонум Клинтон бо вазири умури хориҷаи Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ шурӯъ шуда буд, аз ҳамлаи пурқурбонӣ дар худи Покистон хабар расид.

Як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар бозори пуриздиҳоми маркази шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон инфиҷор кард, ки бар асари он дасти кам 80 кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вазири умури хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ин ҳамларо бо амалиёти густардаи артиши кишвар алайҳи ҷангҷӯён дар манотиқи қабоилнишини ҳаммарз бо Афғонистон марбут кард ва дар хитоб ба созмондиҳандагони ҳамлаи пурқурбонӣ дар Пешовар гуфт: “Мо шуморо таъқиб хоҳем кард ва мо медонем, ки чӣ бояд кунем. Мо аз болои шумо дар водии Свот ва Малоканд пирӯз шудем, сарбозони афсарони ҷасури артиши Покистон шуморо дар Вазиристон ҳам мағлуб хоҳанд кард. Шумо гумон мекунед, ки бо ҳамла ва куштори мардуми бегуноҳ метавонед иродаи моро бишканед? На, ин тавр нахоҳад шуд!"

Хонум Клинтон дар нишасти хабарӣ ба думболи мулоқот бо вазири умури хориҷаи Покистон ҳамла дар Пешоварро “ҳамлаи тарсуёнаи Толибон” номид. Котиби давлати Амрико гуфт, ки ИМА дар ҷанг бо ифротгароён дар паҳлуи Покистон қарор хоҳад дошт ва барои ироаи ҳама гуна кумаки зарурӣ ба Исломобод ба хотири таъмину сулҳу субот ва бехатарӣ дар ин кишвар омода аст.
XS
SM
MD
LG