Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Каримаи Диловар духтари 26-солаи афғонистонист, ки 3 сол боз дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад ва бо вуҷуди синни ҷавонаш соҳиби 3 фарзанд аст.

Карима ва фарзандонаш дар маркази ноҳияи Ваҳдат дар ҳоли фақру нодорӣ дар як манзили иҷора, ки ҷиҳози он ҳамагӣ аз як гилем ва чанд курпа иборат буд, зиндагӣ мекунад. Ҳамин чиҳозҳоро ҳам ӯ бо кӯмаки ҳамсояҳо ва намояндагии СММ дар Тоҷикистон ба даст овардааст.

Ба гуфтаи Карима, маблағи иҷораро, ки 250 сомонӣ аст, ба ӯ барномаи муҳоҷирати СММ кӯмак мекунад, аммо рӯзии худу фарзандонашро бо ҳунари хайётиаш ба даст меорад. Чун Карима, ки дар шаҳри Кобул нозукиҳои ҳунари хайётиро омӯхта буд, баъд аз гирифтани мошинаи дарздӯзӣ аз намояндагии СММ дар Тоҷикистон, ба духтани куртаҳои миллӣ ва аврупоӣ барои ҳамсояҳояш шурӯъ кардааст ва ин як роҳи раҳоии онҳо аз гуруснагӣ шудааст.

Вай мегӯяд, «ин мошинаро дафтари СММ ба ман дод. Мошинаи пойи аст чун инҷо барқ нест. Дар хунуки ҳамин ҷо кор мекунам. Тобистон камтар зиндагӣ пеш меравад, чун занҳо куртаҳои тобистона зиёд медӯзанд. Аммо зимистон кор нест. Ҳама аз пайи пешбурди зиндагӣ. Маблағе, ки меёбанд, барои сӯзишворӣ сарф мекунанд».

Каримаи 19-соларо падараш аз тарси Толибон ба дӯсти пираш ба шавҳар медиҳад. Аммо Шавҳар низ, ки боз ду зану фарзандони зиёд дошт, тавони нигоҳубини ӯро накарда, дар рӯзи аввали сафар ба Тоҷикистон дар чорсӯи зиндагӣ, дар хонаи ронандаи таксие, ки онҳоро ба Душанбе оварда буд, танҳо мегузорад ва ғайб мезанад.

Ҳамватанону ҳамтақдирони Карима дар ноҳияи Ваҳдат кам нестанд. Қариб ҳамаи онҳо камсаводу серфарзанд буда, бо душвории зиёд ба сар мебаранд. Онҳоеро, ки тақдир ба рӯяшон хандидааст, дар бозорҳои шаҳру навоҳи дӯкондорӣ мекунанд ва гурӯҳи дигар бо борбардориву аробакашӣ рӯз мегузаронанд.

Гуруснагӣ ва сардиҳо дар Тоҷикистон

Аз ҷумла хонаводаи хонум Шафқати 49-сола, ки замони шурӯи ҷанги Афғонистон 18 сол доштааст, вай мегӯяд, 31 соли зиндагиаш бо тарсу ҳарос ва дар интизори марг сипарӣ шуд. Беш аз як сол аст, ки тақдир ӯро бо шавҳару ду фарзандаш ба хоки Тоҷикистон овардааст. Шавҳараш бемор ва ҳамаи онҳо ба дастмузди писараш, ки дар пойтахти Тоҷикистон аробакашӣ мекунад, умед мебанданд. Ҳамон ҳам ба пардохти маблағи иҷора ва харидории як халта орду каме равғану сабзаҷот ба зур мерасад.

Хонум Шафқат меафзояд, «агар бачаам набошад, падараш ҳеҷ кор карда наметавонад. Як халта орд мегирем, дигар аз хӯрока мо хору зор ҳастем, ҳеҷ ҷиз нест. Агар иҷораи манзили моро ба мо СММ кӯмак мекард... Ҳеҷ мадад ба мо нарасонданд. Танҳо соли гузашта бемори сахт шудам ва чанд дору ба ман духтур дод».

Аммо ба гуфти хонум Шафқат, кормандони пулис аз ҳоли онҳо хабардор буда, баъзан аз ҳолашон пурсон мешудаанд.
Хонум Шафқат афзуд, онҳо аз Афғонистон бе маблағ, ҷиҳози манзил ва сару либоси кофӣ омадаанд ва аз ин рӯ рӯзҳои сардро маъмулан дар гуруснагию сардӣ сипарӣ мекунанд. Ӯ меафзояд, рӯзҳое мешавад, ки то чанд рӯз гурусна менишинанд ва сокинони маҳалӣ барояшон ғизо медиҳанд:

«Ҳамсояҳо хубанд. Порсол зимистон як кас-ду кас нон ва орд равон карданд. Мардуми мусалмон раҳми мусалмонӣ доранд. Вай рӯз ҳам ҳеҷ ҷиз надоштем, ҳамсоя нон дод».

«Рӯ ба раҳми Худо нишастаем»

Шоҳзия, ки духтари 14-солаи хонум Шафқат аст, мегӯяд, бисёри аз ҳамдиёронаш бо сабаби камбуди ғизо ва вазъи бади иҷтимоӣ ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешаванд. Аммо набуди маблағ монеи муроҷиати онҳо ба беморхонаҳо мешудааст.

Шоҳзия меафзояд, «хунукӣ аст, хонаҳо ях ҳастанд. Мо курпаву курпача надорем. Вай рӯз худам бемор шудам ва аммо ба беморхона нарафтам чун маблағ надоштем. Барои ҳамин рӯ ба раҳми Худо нишастаем».

Рӯъё Валиҷума, зани дигари афғонистонӣ, 6 фарзанд дорад. Шавҳари ӯ низ дар анборҳои бозорҳои пойтахт боркашӣ мекардааст. Ӯ ранги заъфарон ап чеҳраи лоғар дошт. Моро бо меҳрубонии зиёд ба манзилаш даъват намуд ва аз он изҳори нороҳатӣ мекард, ки дар хонааш ба ғайр аз пиёлаи чой дигар чизе надорад, то ин ки ба мо меҳмонони нохондааш пешниҳод созад.

Аммо бо шунидани он ки ҳамин гуфтани розҳои дилаш барои мо кофист, бо оҳи сард мушкилоти зиндагиашро қисса кард: «Зиндагиам сахт аст, маоши шавҳарам ба ғизои хуб намерасад. Танҳо ба нони хушк. Кӯдакон дарс мехонанд, аммо ғизои хуб намехуранд. Шавҳарам дар як рӯз 20 то 30 сомонӣ кор мекунад, аммо нимаш ба роҳкиро меравад».

Аз банди Толибон ба доми нодорӣ

Аммо бо ин ҳама мушкилот Таманно, духтари хонум Руъё, аз он шод аст, ки дар Тоҷикистон метавонад таҳсил кунад. Ӯ дар синфи панҷ мехонад ва ҳамакнун касе ба пойҳояш барои ба мактаб рафтанаш бо қамчин намезанад.

Таманно мегӯяд, «бо қамчин мезаданд, ҳаминхел дард мекард ки... Мо ба дарс мерафтем моро ба қамчин мезаданд ва падару модарам моро намемонданд, ки мактаб равем. Толибон моро мезаданд».

Аммо Таманноро неши забони баъзе аз ҳамсолонаш, аз таҳсил дилсард мекунад. Баъзе аз бачаҳо либосҳои Таманноро, ки чун кӯмаки башардӯстона аз созмонҳои байнулмилалӣ гирифта буд мавриди ханда қарор дода, нодориву дасткӯтоҳии онҳоро масхара мекардаанд. Вай ашкрезон мегӯяд, «ҳама моро мегӯянд, ки афғонҳо либоси хушрӯ намепӯшанд. Афғонҳо камбизоатанд».

Дар ҳамин ҳол наврасони ҳамсӯҳбатам, ки акнун дар ҳамсоягияшон кӯдакони зиёди афғон зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, на ҳамаи онҳо нисбат ба дӯстони навашон бадрафторӣ мекунанд. Яке аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯяд, «ман ҷӯраҳои афғон дорем. Бо онҳо футбол бозӣ мекунем. Онҳо мусофиранд ва бояд наранҷонем».

Хушбахтии Нафисаи афғонистонӣ

Вале Нафиса, хонандаи синфи нуҳуми мактаби рақами яки шаҳри Ваҳдат, ба фарқ аз Таманно хушбахтар будааст. Падари Нафиса дар бозори шаҳри Ваҳдат дӯкони хурде доштааст. Ба гуфти Нафиса, ба ӯ дар мактаби тоҷикӣ таҳсил кардан осон набуд, аммо бо кӯмаки муаллимон, ки барояш дарсҳои иловагӣ меомӯхтанд алифбои сирилик ва забони русиро то ҳадде аз худ мекунад.

Нафиса меафзояд, «дар ин ҷо нисбат ба Афғонистон хуб аст. Дугонаҳоям ба ман кӯмак мекунанд. Танҳо фанни забони русӣ душвор аст, дар навиштанаш ғалат мекунам. Боз мо имсол аз ин фанн имтиҳон дорем».

Нафиса мегӯяд, ҳарчанд сулҳу оромии Афғонистонро солҳои наздик интизор нест, аммо орзу дорад, ки дар оянда табиб бишавад ва ба занони азияткашидаи афғон кӯмак бикунад. Нафиса мегӯяд, ҷараёни интихоботи раисҷумҳурии Афғонистонро мушоҳида мекунад, аммо ба ҳеҷ як номзад тарафдорӣ намекунад.

Вай меафзояд, «ман не тарафдори Карзай ҳастам, не Абдуло Абдулло. Яке аз дигаре хубтар нест. Абдулло Абдулло аввал гуфт, сулҳ меорам, боз тарафдори Карзай шуд. Карзай ин қадар сол ҳукумат кард, амнро наовард. Тағйирот дар ҳукумати Афғонистон омад, аммо зиндагии мардуми оддӣ тағйир наёфт».

Ағлаби муҳоҷирони афғонистонӣ, ки дар пайи як қарори ҳукумати кишвар танҳо ҳаққи зиндагӣ дар навоҳии атрофи пойтахтро доранд, бар он умед мебанданд, ки кишварҳои назири Аврупо Амрико ва Канада барои ҳиҷрати онҳо тартиби қабули муҳоҷиронро содда намуда, ҳарчи зудтар барояшон имкони зиндагӣ дар қаламравашонро медиҳанд.

Аммо дар ҳоле, ки ин муҳоҷирон интизори пайки умедбахши намояндагии Созмони Милали Муттаҳиданд, онҳоро дар пеш зимистони сард интизор аст. Зимистоне, ки барояш на бо ғизои кофӣ ва либосӣ гарм омодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG