Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати умури хориҷии ИМА навиштааст, ки ҳарчанд Сарқонуни Тоҷикистон озодии мазҳабиро пешбинӣ мекунад, аммо дигар фармону санадҳо онро маҳдуд кардаанд.

Дар гузориши солонаи Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон омадааст, ки тайи як соли ахир ҳукумати Тоҷикистон ба тарвиҷи сиёсати дунявӣ идома дода, ба ҷо овардани фароизи мазҳабиро таҳти назорати шадид иҷозат медиҳад.

Тибқи навиштаи гузориш, дар мӯҳлати мазкур таназзули эҳтиром ба озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон идома ёфтааст ва қонуни нави Тоҷикистон дар бораи дин маҳдудиятҳои шадид барои баҷо овардани фароизи мазҳабиро ҷорӣ мекунад. Ҳукумат раванди сабтиномро барои монеъ шудан ба фаъолияти созмонҳо ва ҷомеаҳои мазҳабӣ, овардани фишор ва ё тарсонидани онҳо истифода мебарад.

Маҳдудиятҳои ҷорикардаи ҳукумати Тоҷикистон асосан ба мусулмонон таъсир мекунад, ҳарчанд ҳукумат ҳамаи созмонҳои мазҳабиро ҳадаф гирифтааст ...
Тибқи ин гузориш, ҳукумати Тоҷикистон кӯшишҳои таҳти идора нигоҳ доштан динро тавсеа бахшида, мақомот фаъолона созмонҳо ва шахсиятҳои мазҳабиро назорат мекунанд. Гуфта шудааст, ки сиёсати ҳукумати Тоҷикистон баёнгари нигарониҳо аз тундгароии исломӣ аст ва мақомоти расмӣ эҷоди маҳдудият дар озодиҳои мазҳабиро бо ҳамон нигарониҳо тавҷеҳ медиҳанд.

Гузориш мегӯяд, дар Тоҷикистон, ки 97 дарсади аҳолиашро мусулмонон ташкил медиҳанд, феълан 2980 масҷиди сабтиномшудаи панҷвақта ва 259 масҷиди ҷомеъ фаъолият мекунад. Идораи динии Вазорати фанҳанги ин кишвар дар маҷмӯъ 83 созмони мазҳабиро сабтином кардааст.

Вазорати умури хориҷаи ИМА менависад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба манъи расмӣ ва ғайрирасмии пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо идома дода аз ин роҳ озодиҳоии мазҳабии донишҷӯёнро халалдор мекунад. Маҳдудиятҳои ҷорикардаи ҳукумати Тоҷикистон асосан ба мусулмонон таъсир мекунад, ҳарчанд ҳукумат ҳамаи созмонҳои мазҳабии хориҷиро низ ҳадаф гирифтааст, ки, ба гуфтаи он, “нуфузи хориҷӣ” доранд.

Бино ба ин гузориш, давлати Тоҷикистон дар моҳҳои декабр ва январи гузашта фаъолияти ду созмони масеҳӣ - “Ҳаёти фаровон” ва “Шоҳидони Яҳво”-ро манъ кард. Дар моҳи январ дар Тоҷикистон ҳамин тавр фаъолияти ҷараёни Салафия манъ гардида ва дар ҳамон моҳ як мактаби марбут ба салафиҳоро дар наздикии Душанбе бастанд.

Гузориш мегӯяд, тайи як соли гузашта шумори нисбат ба солҳои қаблӣ камтари аъзои Ҳизби таҳрир дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, вале дар моҳи апрел садҳо тан аз аъзои Ҷамоати Таблиғ ва дар моҳи июн дар масҷиде дар минтақаи Зарафшони Душанбе тақрибан 40 тан аз пайравони ҷараёни Салафияро боздошт кардаанд. Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода, имомхатиби масҷиди Муҳаммадӣ дар ноҳияи Ваҳдат, ҳамчунон таҳти фишори мақомот қарор дошт ва дар поёни соли гузашта ӯро барои бозпурсӣ ба кумитаи амнияти миллӣ даъват кардаанд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ таҳаммулпазир аст ...
Дар июни соли 2008 мақомот танҳо канисаи яҳудиён дар Душанберо тахриб карданд, вале дар моҳи майи соли ҷорӣ саҳомдори аслии яке аз бонкҳои маъруфи Тоҷикистон манзили наверо дар маркази Душанбе дар ихтиёри ҷомеаи яҳудиён гузошт, ки канисаи нав бунёд кунанд.

Бо вуҷуди ин муаллифони гузориш навиштаанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ таҳаммулпазир аст ва мухолифи танаввуи мазҳабӣ нест.

Сафорати Амрико нигарониҳо дар робита ба озодиҳои мазҳабиро бо ҳукумат муҳокима кардааст ва барои ҷалби бахши васеи ҷомеа ба озодиҳо ва таҳаммули мазҳабӣ аз дипломатияи мардумӣ истифода бурдааст.

Гузориши Вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон ҳамасола ба Когресси кишвар ироа мегардад ва дар он дар бораи вазъи озодии дин дар ҳар як кишвари ҷудогона муфассал арзёбӣ мешавад. Гузориши имсола вазъи озодии мазҳабиро аз 1-уми июли соли 2008 то 30 июни соли 2009-ро дар бар мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG