Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимони амрикоӣ: "Худованд бармегардад"


Вашингтон Пост, нашрияи бонуфузи амрикоӣ натиҷаи тадқиқоти донишмандони кишварашро бо номи «Худованд бармегардад: Чӣ гуна эҳёи дин ҷаҳонро тағйир медиҳад» чоп кардааст.

Ҷомеашиносони амрикоӣ Адриан Вулдриҷ ва Ҷон Миклетвейт пас аз таҳлили вазъи диндорӣ дар Чин, Нигерия, Кения ва чанд кишвари Амрикои Лотин ба ин хулоса омадаанд, ки дар саросари ҷаҳон нақши дин дар ҳаёти ҷомеа бештар мешавад. Онҳо гуфтаанд, аз ин ҳисоб Аврупо истисно аст, чун дар он қора ҳамоно дин дар миёни мардум аҳаммияти камтарро касб мекунад. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, дин имрӯз бо навгониҳои фаннӣ ва иҷтимоиву фарҳангии замона бештар ва зудтар созгор мегирад ва замонавитар мешавад.

Дар ин пажӯҳиши худ донишмандон гуфтаанд, дини фаъолтарин аз нигоҳи тарғиб насронӣ мебошад. Онҳо мегӯянд, агар аз рӯи рақам бинем, Ислом ҳам ба Насроният наздик мешавад, вале сабаби аслии афзоиши шумори мусалмонон таваллуди бештар аст, то ташвиқу тарғибот. Онҳо мегӯянд, замоне фаро мерасад, ки таваллуд ба авҷи худ мерасад ва сипас рӯ ба поин мениҳад. Ба ақидаи ин олимон, насрония худро бо замона созгор кардааст, коре ки Ислом ҳанӯз анҷом надодааст.

Ба гуфтаи ин ду олим, ба таври пайваста дар ҷаҳон ҳудуди ним миллион нафар ба тарғиби насрония машғуланд, беш аз якуним миллион насронии дигар бошанд, ба сафарҳои гуногуни тарғиботӣ мебароянд.

Саъдӣ Юсуфӣ, масъули саҳифаи вижаи Ислом дар ҳафтаномаи «Миллат», ба сомонаи Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон низ ҳар чӣ шумори бештари мардум ба дин рӯ меоранд ва диндорӣ миёни мардум тақвият ёфтааст. Ӯ мегӯяд, дар ҳақиқат ҳам дар ҷаҳон ба шакли умумӣ афзоиши мусалмонон аз ҳисоби адад бештар аст, то аз даъват. Аммо дар мисоли Тоҷикистон ҳар дуи ин омилҳо таъсиргузор будаанд – ҳам таваллуд ва ҳам даъват. Оқои Юсуфӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон як сабаби афзоиши шумори диндорон аз ҳисоби даъват, халои идеологие мебошад, ки аз замони Шӯравӣ мерос мондааст. Ва имрӯз ҷои ҳамон халоро дин пур карда истодааст.

Адриан Вулдриҷ мегӯяд, худаш даҳрӣ аст, вале дар ҷараёни пажӯҳиш эҳтироми бештареро ба дин қоил шудааст. Ӯ гуфтааст, мутаассир аз он аст, ки чӣ гуна одамони диндор барои ёрӣ ба фақире талош меварзанд, коре, ки як даҳрӣ маъмулан анҷом намедиҳад.
XS
SM
MD
LG