Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳимтарин натиҷае, ки сафари давлатии раҳбари Тоҷикистон ба Русия доштааст, ин ҷилавгирӣ аз танишу низоъҳои бештар дар равобити миёни ин ду кишвар ва изҳори омодагии Эмомалӣ Раҳмону Дмитрий Медведев барои идомаи ҳамкориҳо дар тарҳҳои аз пеш амалкунанда мебошад.

Мавқеи аксар таҳлилгарон дар дохилу хориҷи Тоҷикистон ба натиҷаҳои дидору гуфтугӯҳои ду раҳбар дар Маскав тақрибан ҳамсон будааст. Агар дар Тоҷикистон аксар шореҳон ба бенатиҷаву ноком гузаштани ин сафар ҳамчун як мояи нороҳатиҳои навбатӣ аз Русия таъкид кунанд, дар Русия таҳлилгарони бетараф мегӯянд, ки ингуна анҷомидани корро пешгӯӣ карданд мумкин буд.

Рӯзи панҷшанбе дар баёнияи муштараки Эмомалӣ Раҳмону Дмитрий Медведев дар Маскав ба омодагии Тоҷикистону Русия барои таҳкими равобити иқтисодию энергетикӣ ва низомӣ таъкид шуд. Раҳбарон дар бораи сатҳи қонеъкунандаҳои ҳамкориҳо дар атрофи бунёди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, кафили амниятии минтақа будани пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон таъкид карда, азми худро барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши иктишофу коркарди конҳои газ баён карданд.

Яке аз хотирмонтарин бахши сӯҳбатҳои Раҳмон ба ҳаёҳӯву валвалаи матбуоти рус дар атрофи қонуни нави забони давлатии Тоҷикистон ва ҳазф шудани забони русӣ аз ин қонун бахшида шуд.

Сарсахтии Маскав ва ақибнишинии Душанбе

Дар Тоҷикистон бисёриҳо ба ин боваранд, ки Душанбе ин дафъа ҳам ақибнишинӣ карду Маскав мисли ҳамеша сарсахтона мувофиқи манфиатҳои худ амал кард. Рашид Ғанӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, сафари мазкур бори дигар собит кард, ки дар назари Маскав кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ва Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ дар мадди аввал набудааст.

Рашид Ғанӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, аммо на Русия ва на Тоҷикистон манфиатдори бад шудани равобити миёни ҳам нестанд, чунки дар ниҳояти амр ҳамкориҳои ин кишварҳо мутақобилан судманд мебошад: Тоҷикистони - дунболагири сиёсати бисёрсамта манфиатдор аст, ки ҳам дар чашми Русия ва ҳам Ғарб пуштибонҳои пурқуввати сиёсӣ дошта бошаду тарҳҳои энерживу иқтисодии худро бо кӯмаки Русия идома диҳад ва ҷои як миллион муҳоҷираш дар хоки ин кишвари бепаҳно ҳам ҳеҷ гоҳ танг нашавад.

Коршинос меафзояд, Маскав низ дар навбати худ намехоҳад дар ин Тоҷикистони ҳамчунон таҳти нуфузи Ғарб қарордошта ва ҳаммарз бо Афғонистон шарики боэътимоду мақарри пойгоҳи калонтарини низомии худро аз даст надиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ки ба ҳар ҳол дар паи мулоқоти ду раҳбар ҳамдигарфаҳмии бештар барои идомаи ҳамкориҳо ба миён омад.

Сафари давлатӣ, ё «сирф корӣ»?

Нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав, рӯзи ҷумъа навишт, ки сафари Раҳмон ҳарчанд унвони давлатиро доштааст, вале дар амал сирф корӣ буд ва ба назар мерасид, ки ҳамаи масъалаҳо аллакай дар ҷараёни шоми аввали Раҳмон дар меҳмонии Медведев ҳаллу баррасӣ шуд. Он чи ки бисёриҳо дар Тоҷикистон аз пеш интизор доштанду он ҳам марбут ба тақозои пардохти ҳаққи иҷораи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар хоки Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои нави Маскав барои тақвияти ҳамкориҳо дар риштаи энержӣ буд, бароварда нашуд.

Нашрияи "Коммерсант" навиштааст, ки сафари Раҳмон ҳарчанд унвони давлатиро доштааст, вале дар амал сирф корӣ буд ...
Танҳо баъди нишасти матбуотии ду раҳбар дар Маскав рӯзи панҷшанбе вазири дифои Русия Анатолий Сердюков ба матбуот гуфт, ки масъалаи пойгоҳ дар ин нишаст аслан мавриди баррасӣ набуду ин маънои онро дорад, ки бар тибқи созишҳои қаблан ҳосилшуда то соли 2014 дар ин қарордод ҳеҷ тағйироте пеш нахоҳад омад.

Вазири энержӣ Сергей Шматко гуфт, ки ниҳоят ҳаҷми қарзи Тоҷикистон барои истифодаи барқи “Сангтӯда-1” ҳалли худро ёфт ва қарор шуд, ки маблағи ба андозаи 30 миллион долларро Тоҷикистон тадриҷан аз рӯи марҳилаҳои муқарраршуда пардохт кунад.

Владимир Соловев, муаллифи ин матлаби “Коммерсант” мегӯяд, сабаби чунин ранг гирифтани масъала аз сӯе метавонад дар наздик омадани мӯҳлати интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон бошад.

Вай мегӯяд, “вазъияти Афғонистон, ки Карзай дар ниҳоят гузашт карда ба баргузории даври дуюми интихоботи президентӣ сар фаровард, эҳтимолан раҳбари Тоҷикистонро, ки ҳеҷ намехоҳад дар интихоботи порлумонии моҳи феврал ягон ҳодисаи ғайриинтизорие пеш ояд, ӯро ба андеша водор кард. Дар марҳилаи кунунӣ бад шудани равобит бо Маскав ба манфиати Раҳмон нест, чунки дар дохили ҷомеа норизоиятҳои зиёд ҳам дар миёни мардум ва ҳам дар миёни элитаи пешини ин кишвар эҳсос мешавад, элитае, ки аз даромадҳои молиаш маҳрум шудааст. Ҳоло мегӯянд, ки ҳама чиз таҳти назари оилааш гузаштааст”.

Нигоҳи коршиносони Русия ба сафари Э. Раҳмон

Аркадий Дубнов, коршиноси рус, мегӯяд, бори аввал шоҳиди чунин як сафари давлатие мешавад, ки дар ҷараёни он ҳеҷ як созишнома ва қарордоди амалии ҳамкорӣ имзо намешавад
Аксар нашрияҳои русӣ имрӯз мегӯянд, ки пахши изҳороти дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо норизоият аз мизони ҳамкориҳои миёни Маскаву Душанбе дар бахши гидроэнергетикаву кашфу коркарди конҳои газ, ишора ба талаби пардохт шудани ҳақи истифодаи хоки Тоҷикистон аз ҷониби пойгоҳ метавонад як сабаби мусаллаҳ шудани Маскав дар пешорӯи сафари Раҳмон шуда бошад.

Шореҳон мегӯянд, ки эҳтимол дорад Кремлин таҳдиди деринаи худ – эҳтимоли ҷорикунии виза барои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳам дар сӯҳбатҳои худмонӣ ба кор бурда бошад, то ки ҳарорати сӯҳбатҳоро каме пасттар кунад.

Аркадий Дубнов, хабарнигори “Время новостей”, ҳамчунон мавзӯи сафари Раҳмонро пайгирӣ кардааст. Вай ҳарчанд гуфт, ки бори аввал шоҳиди чунин як сафари давлатие мешавад, ки дар ҷараёни он ҳеҷ як созишнома ё қарордоди амалии ҳамкорӣ имзо намешавад, вале ин сафар аз назари ӯ бештар хусусияти ташрифотӣ доштааст, ки бо мақсади ба даст овардани дили раҳбари Тоҷикистон ташкил шуд. Баъди дар моҳи феврал рад шудани сафари Раҳмон ба Маскав Кремлин ваъда дод, ки ӯро ба сафари қаблан анҷомношудаи давлатӣ даъват хоҳад кард.

Вай мегӯяд, “чунки то ҳол Маскав ӯро ба як чунин сафари пурдабдаба бо риояи ҳама муқаррароти ташрифотӣ мисле ки бо ҳамсояаш Ислом Каримов кардааст, даъват накарда буд. Ин як сафаре буд, ки барои нишон додани баланд будани эътибори меҳмон равона мешуд, вале дар асл барои Русия ҳал кардани талаботи Тоҷикистон ғайриимкон мебошад”.

Аркадий Дубнов мегӯяд, ранҷиши Тоҷикистон аз Русия аслан коромад набуд, ба он хотир, ки худи Раҳмон соли 2004 дар мулоқоти таърихиаш бо раиси ҷумҳурии вақт Владимир Путин дар Сочӣ розӣ шуд бар ивази қимати ночиз пойгоҳи Русияро дар хоки худ ҷойгир кунаду маркази назорати кайҳонии “Окно”-ро бар ивази қарзаш тақдими Маскав кунад. Он вақт Русия ваъда дода буд, ки ду миллиард доллар сармояро ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун тақдим кунад, вале саддҳои баъдан пешомада монеи идомаи бунёди ин тарҳ шуд.

Ба гуфтаи ӯ, “ҳама мушкилоти Раҳмон пеш аз ҳама бо хоҳиши кафолати амнияти режими ӯ вобаста аст. Ва маҳз аз ҳамин хотир вай хост пойгоҳи низомиро дар хоки кишвараш роҳ диҳад, то ки кафолати амнияти режими ӯро таъмин кунад, ва ҳам даромадҳои моливу кӯмакҳои иқтисодӣ гирад – масъала дар ин ҷост. Аммо Маскав чандон моил нест, ки ба режими Раҳмон хизмат кунад”.

Ҳамкорӣ аз ноилоҷӣ?

Ба тақвияти ин фикр коршинос Павел Фелгенгауэр мегӯяд, ки Маскав танқидҳову нороҳатиҳои Тоҷикистонро хуш қабул накард ва сабаби чунин ранг гирифтани ин сафар ҳам дар он аст, ки ба қавле медонанд, ки ин кишвар илоҷи дигар ба ҷуз идомаи ҳамкорӣ надорад.

Бисёриҳо дар Русия ҳамоно мисли солҳои 1990-ум одат доранд фикр кунанд, ки “Тоҷикистон як давлати гапдаро аст ва як андоза мустақилияти ин кишвар ба Маскав хуш намеояд”. Вале аз назари Фелгенгауэр дастоварди аслии ин сафар дар он аст, ки ҷонибҳо омода шуданд барои ҳалли масъалаҳои нохушоянд гуфтугӯҳои сиёсиву дипломатиро идома диҳанд, то ки аз вуқӯи танишу низоъҳои мустақим ҷилавгирӣ шавад. Вай гуфт, ин як натиҷаи мусбати сафар мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG