Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ҳукумати навро таъсис дод


Порлумони Қирғизистон сохтори нави давлатиро, ки аз 14 вазорат, 7 оҷонсӣ, 6 хадамот ва ду бунёд иборат аст, ба тасвиб расонд.

Гуфта мешавад, ки мувофиқи пешниҳоди Дониёр Усенов, нахуствазири ҷадиди Қирғизистон, шумораи ноибони ӯ аз ду ба се нафар афзуд ва ноиби аввал ва ду ноиби ӯ соҳиби мақом шуданд.

Ба гуфтаи Дониёр Усенов, аксарияти аъзои ҳайати ҳукумати пешин ба ҳукумати нави ӯ шомил хоҳанд шуд. Вай афзуд, ки дар наздиктарин муддат раҳбарони ҳамаи вазоратҳо ва ниҳодҳои дигар таъин хоҳанд шуд.

Аз сохтори ҳукумат кумитаҳои давлатӣ лағв карда шуданд. Вазорати хориҷа ва кумитаи амнияти миллӣ аз ҳайати ҳукумат хориҷ карда шуд ва бевосита ба тасарруфи президент интиқол ёфт.

Аммо дар ҷаласаи навбатии порлумони Қирғизистон, ки 22 октябр баргузор шуд, иддае аз вакилон ба оҷонсӣ табдил ёфтани вазорати фарҳангро тасмими нодуруст шумориданд. Раиси ҷиноҳи ҳизби коммунист дар парлумон Исҳоқ Масалиев дар ин маврид гуфт, чунин мешуморад, ки вазорати фарҳанг бояд дар номи пештарааш боқӣ монад.

Феликс Қулов, собиқ нахуствазири Қирғизистон, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши қирғизии радиои Озодӣ изҳор кард, ки иқдоми президент Боқиев дар мавриди ислоҳоти сохтори давлатӣ қадами қатъист. Оқои Қулов афзуд, ки ҳизби «Ору номус» аз ин иқдоми президент комилан пуштибонӣ мекунад.

Марат Қазоқбоев, коршиноси масоили сиёсии қирғиз, бар ин ақида аст, ки ислоҳоти президентӣ метавонад пароканда кардани парлумонро низ дар пай дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, пароканда кардани порлумон ба ин далел сурат хоҳад гирифт, ки интихоботи он бо баъзе қонуншиканиҳо гузашт. Ин коршинос гуфт, ки эҳтимол ба порлумони ҷадид аҳзоби мухолифон ҷалб карда шавад.

Дар ҳамин ҳол баъзе коршиносон ба ҳукумати ҷадид ҷалб шудани намояндагони оппозисиюнро ҳадс мезананд. Аммо Қубан Абдимен, коршиноси масоили сиёсӣ, ин тахминҳоро бепоя хонд ва гуфт, ки ба ҳукумати нав ҷалб кардани намояндагони оппозисиюн дар шароити кунунӣ як ҳоли имконнопазир аст.

Анвар Ортиқов, яке аз вакилони мухолифони Боқиев, ислоҳот дар сохторҳои ҳукуматиро фақат ивази лавҳаҳои дарвозаи идораҳо унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, дар порлумон аксариятро ҷиноҳи ҳизби ҳукмрони «Ақ Ҷол» ташкил мекунанд ва масъалаҳо бидуни муҳокимаҳои ҷиддӣ пазируфта мешуданд, ки парлумонро ба майдони бозиҳо табдил дода буд.

Исо Омурқулов, депутат аз ҳизби сосиал-демократ, мегӯяд, ки аъзои ҷиноҳи онҳо дар баҳсҳои порлумон фаъол ширкат карданд ва фикру ақоиди худро дар миён гузоштанд. Вай гуфт, ки таклифу пешниҳодҳои солим дар миён гузоштанд, вале раиси порлумон ва ноибони ӯ ин пешниҳодҳои онҳоро нодида гирифтанд.

Ба гуфтаи коршиносон дар чаҳор соли охир дар Қирғизистон раиси ҳукумат панҷ маротиба иваз шуд. Гуфта мешавад, маълум нест, ҳукумате, ки Дониёр Усенов, яке аз сарватмандтарин одами Қирғизистон, таъсис додааст, давомдор хоҳад буд ё на. Ба ақидаи коршиносон инро фақат вақт нишон хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG