Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола рӯзи 22-юми октябр озими Непал шуд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар 20 футболбози ҷавон аз 6 дастаи лигаи олӣ - «Энергетик»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Истиқлол»-и Душанбе ва «Гвардия»-и Душанбе шомил шуданд: дарвозабонҳо - Фаррух Бердиев ("Парвоз"), Саидҷон Саидраҳмонов ("Вахш"); ҳимоятгарон - Сергей Абрамов (ССКА "Помир"), Адиб Мародмамадов, Аҳтам Назаров (ҳарду - "Энергетик"), Шероз Абдуллоев ("Парвоз"), Наим Улмасов ("Вахш"); нимҳимоятгарон -Далер Раҷабов (ССКА "Помир"), Фариз Аскаров, Наимҷон Шарифов, Расул Файзов (ҳама - "Энергетик"), Қурбоналӣ Собиров, Нуриддин Давронов (ҳарду - "Истиқлол"), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов (ҳарду - "Вахш"), Руслан Раҳматов ("Парвоз"); ҳамлагарон - Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (ҳарду - "Энергетик"), Фирдавс Қурбонов ("Истиқлол"), Фирдавс Ғафуров ("Гвардия")».

Бозиҳои интихобии сабқати гурӯҳи «А» аз 25-уми октябр то 4-уми ноябр дар пойтахти Непал - шаҳри Катманду баргузор мешаванд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин гурӯҳ бо дастаҳои Урдун, Яман, Непал, Фаластин и Қирғизистон қувваозмоӣ хоҳад кард. Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Салоҳиддин Ғафуров афзуд: «Ба андешаи ман дар гурӯҳи мо дастаҳои Урдун ва Яман муддаъиёни аслии роҳхатҳо ба даври ниҳоӣ мебошанд. Албатта дастаи мо низ барои роҳ ёфтан ба финал мубориза хоҳад бурд».

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»


Даври якум
25-уми октябр (якшанбе)
: Тоҷикистон – Қирғизистон, Урдун – Фаластин, Яман – Непал.

Даври дуввум
27-уми октябр (сешанбе):
Урдун – Яман, Непал – Қирғизистон, Фаластин – Тоҷикистон.

Даври севум
30-юми октябр (ҷумъа):
Фаластин – Яман, Тоҷикистон – Непал, Қирғизистон – Урдун.

Даври чорум
1-уми ноябр (якшанбе):
Непал – Урдун, Қирғизистон – Фаластин, Яман – Тоҷикистон.

Даври панҷум
4-уми ноябр (чоршанбе):
Тоҷикистон – Урдун, Қирғизистон – Яман,
Фаластин – Непал.
XS
SM
MD
LG