Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Созмони рӯзноманигорони бидуни марз» (RSF) дар гузориши худ дар бораи озодии баён аз байни 175 кишвар ба Тоҷикистон ҷои 113-умро додааст.

Дар ин гузориш ишора шудааст, ки дар муқоиса бо аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон беҳтар аст.

Абдуқодири Абдуқаҳор, директори радиои Тоҷикистон, мегӯяд, воқеан нисбати чанд соли пеш фазои иттилооти кишвар ғанӣ гардида, озодии баён рушд кардааст.

Зинатуллоҳи Исмоил, роҳбари шабакаи телевизионии «СМТ», баҳои ин созмони байналмилалиро то ҷое воқеӣ медонад. Вай бо ишора он, ки худаш яке аз муассисони минбари мустақили озодии баён дар Тоҷикистон аст, мегӯяд, мавҷудияти шабакаи мустақили телевизионӣ ба афкори созанда мусоидат мекунад.

Дар гузориши солонаи «Созмони рӯзноманигорони бидуни марз» Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта, ки дар зинаи 106-ум буд, ҳафт зина поён рафтааст. Ин нишондод ба давраи соли 2007 наздик аст, ки он вақт Тоҷикистон дар 115-уми ин феҳраст қарор дошт.

Шореҳони мустақил бо ишора ба таваққуфи чандрӯзаи пахши барномаҳои радиои мустақили "Имрӯз" дар моҳи августи соли ҷорӣ ва ҳамчунин муроҷиатномаи рӯзноманигорон ба президенти кишвар дар мавриди маҳдудиятҳои гирифтани муҷаввиз барои расонаҳои электронӣ исрор меварзанд, ки вазъ беҳбуд мехоҳад.

Раҷаби Мирзо, муассис ва сармуҳаррири ҳафтаномаи мустақили басташудаи «Рӯзи нав», мегӯяд, «аз як ҷиҳат ҳукумат як иқдомеро пеш гирифтааст, ки шумораи рӯзномаҳо зиёд мешавад, вале аз ҷониби дигар, мӯҳтавои ин матбуот барои хонанда чандон қобили қабул нест. Яъне матбуоти феълии Тоҷикистон он ҷасоратеро, ки дар матбуоти солҳои 2002-2003 дида мешуд, надорад».

Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо бар ин назар аст, ки матбуоти феълӣ он ҷасоратеро, ки солҳои 2002-2003 дида мешуд, надорад
Оқои Мирзо мӯътақид аст, ки «озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистон кори осон нест. Гуфтан мумкин нест, ки расман матбуоти озод вуҷуд надорад, аммо боз ҳам наметавон инкор кард, ки дар ин матбуот ҳамаи афкор ва ё назарҳо гуфта мешавад. Яъне як навъ якрангӣ дар мӯҳтавои матбуоти тоҷик дида мешавад, ки ин наметавонад хонандаи феълии тоҷикро қонеъ кунад».

Шаҳлои Акобир, роҳбари Иттиҳодияи ҷамъиятии «Хома», бар ин назар аст, ки «рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба нашрияҳои дигар кишварҳои минтақа рушд кардааст. Аммо дастнигарии васоити ахбори оммаи электронӣ дар мавриди гирифтани иҷозатнома аз Кумитаи давлатии телевизион ва радио боиси маҳдудияти озодии баён ва заъфи ин навъи васоити ахбори омма мебошад».

Хонум Акобирова афзуд, ки дар мавриди рушди васоити ахбори оммаи электронӣ хуб мешуд, ҳадди ақал гирифтани иҷозатнома барои истеҳсоли маводи аудиоӣ ва видеоӣ бардошта шавад.

Соли 2004 дар арафаи интихоботи порлумон иддае аз нашрияҳои мустақил ва телевизионҳои хусусӣ дар Тоҷикистон баста шуда буданд. Аз Зинатуллоҳи Исмоил, ки раҳбари ягона телевизиони хусусӣ дар Душанбе аст, пурсидам, ки оё дар арафаи интихоботи дар пешистода ягон фишор ва маҳдудият эҳсос кардааст? Ӯ дар посух гуфт, ки то ба ҳанӯз ягон монеаро эҳсос накардааст ва ҳамкории ҳизбҳоро интизор аст.

Дар Тоҷикистон 22 шабакаи мустақили радио ва телевизионӣ фаъолият мекунад. Ва беш аз 360 ҳафтанома расман номнавис шудааст.

Дар гузориши «Созмони рӯзноманигорони бидуни марз» вазъи матбуот, дастрасӣ ба иттилоот, шароити кори хабарнигорон ва маҳдудияту монеаҳои кори журналистон дар 175 давлати ҷаҳон хулоса шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG