Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Издивоҷ ва бунёди оилаи мустаҳкам фикрест, ки аз замони таваллуди духтар дар оила дар зеҳни модар ҷой мешавад ва бемуҳобот хариди ҷиҳози арӯсӣ аз ҳамин давра шурӯъ мешавад.

Аввалин гӯшвора ё зару зевари дигарро умдатан модарҳо дар ҳоле мехаранд, ки навзод ҳанӯз дар гаҳвора мехобад ва садоҳои олами зиндаро дар аллаҳои модар мешунавад.

Модарон издивоҷро ҳамчун рисолати аз ҳама муҳимми зиндагӣ дар зеҳни духтарҳо ҷой мекунанд ва ба истилоҳ механизми ин равандро барвақт ба чархиш медароранд. Вақте калонсолон ба духтараке дуо медиҳанд, ҳатман мегӯянд, Худо, шавҳари хуб ёбӣ ва дар оилаи хуб биафтӣ.

Аксари кулли духтарони ҷавон хушбахтиро дар шавҳари хуб мебинанд. Духтарҳои тоҷик маъмулан ҳар яке интизори ба истилоҳ шоҳзодаи афсонавианд, ки як рӯз савори аспи сафед ба ҳавлии онҳо ворид мешавад ва онҳоро ба олами хушбахтӣ мебарад.

Дар шароите, ки мушкили бешавҳар мондан ва ба истилоҳ пирдухтар шудани духтарон хеле нигаронкунанда боқӣ мемонад, оё онҳо барои дарёфти ҳамсафари худ шитоб мекунанд? Посухи ин суолро аз забони худи онҳо бишнавед.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG