Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввум дар Афғонистон?


Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай шояд водор барои ширкат дар даври дуввуми интихоботи президентӣ шавад.

Агар бар асари тафтиши арзу шикоятҳои расида дар бораи тақаллубу қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ шумораи орои Карзай аз 50 дарсад камтар шавад, даври дуввуми интихобот бо ширкати ӯ ва собиқ вазири умури хориҷа Абдулло Абдулло доир хоҳад шуд.

Ахиран, сиёсатмадорони ғарбӣ - вазири корҳои хориҷии Фаронса Бернар Кушнер ва сенатори амрикоӣ Ҷон Керрӣ ба Кобул сафар карданд, то рақибони сиёсиро барои ҳалли бӯҳрони сиёсии ба вуқӯъпайваста водор созанд. Баъд аз мулоқотҳои ҷудогона бо Карзай ва доктор Абдулло дар Кобул, Бернар Кушнер ба хабарнигорон гуфт, ҳар ду довталаби мақоми президентӣ зарурати ҳамкорӣ ба хотири берун шудан аз бӯҳрони сиёсиро дарк мекунанд.

Рӯзҳои ахир Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, Гордон Браун, сарвазири Бритониё ва Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА бо ҳар ду довталаб телефонӣ бӯҳрони сиёсии ба асари интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба вуқӯъпайвастаро баррасӣ карданд.

Тибқи қавонини Афғонистон, Комиссияи мустақили интихобот баъд аз хулосаи Комиссияи тафтиши арзу шикоятҳо натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳуриро эълон мекунад. Тибқи иттилоъи пешакӣ, дар ин маърака Карзай 54 дарсади раъйҳоро соҳиб шудааст ва аз рақиби ӯ Абдулло Абдулло 28 дарсади афроди дорои ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Агар Комиссияи арзу шикоятҳо далелҳои овардаи рақибони Карзай ва тақаллуби қонуншиканиҳоро ночиз хонад, Карзай дар интихобот пирӯз эълон мешавад. Ва аммо агар бар асари тафтиши такрории баргаҳо раъйҳои Карзай аз 50 дарсад поинтар шавад, баргузории даври дуввуми интихобот ногузир хоҳад буд.

Дипломатҳо ва сиёсатмадорон мегӯянд, ҳар ду номзад шояд дар мавриди тақсими қудрат дар Афғонистон ба созиш бирасанд ва Абдулло Абдуло изҳор намудааст, ки ӯ барои баррасии ин мавзӯъ омода аст.

Агар Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар мавриди даври дуввуми интихобот тасмим бигирад, пас ин маърака бояд ду ҳафта баъд аз эълони натоиҷи интихобот доир шавад. Дар сурати ба дарозо кашидани ин раванд, бӯҳрон амиқтар хоҳад шуд ва моҳҳо идома хоҳад кард, зеро аз як сӯ вазъи амниятӣ дар кишвар ногувор боқӣ мемонад ва аз сӯи дигар, зимистон фаро мерасад ва баргузории даври дуввуми интихобот дар ин кишвари кӯҳистонӣ зери суол қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG