Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хоруғ маросими боз кардани муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур баргузор шуд.

Муҷассама дар боғи навсозишудаи фарҳангу фароғати шаҳр гузошта шуда, бо дасти сарвазир ва мақоми аввали вилоят парда аз рӯи он бардошта шуд. Қабл аз ин, дар боғ сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 110-солагии Шириншо Шотемур суханронӣ намуд.

Сарвазир мақоми Шириншо Шотемур ва ҳаммаслаконашро дар таъсиси давлати миллии тоҷикон сазовор арзёбӣ намуда, кӯшишҳояшро дар чопи нахустин нашрияҳо ба забони тоҷикӣ, ҳимоят аз забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик ёдовар шуд. Сарвазир таъсиси донишкадаҳои омӯзгорӣ дар Душанбе ва Хуҷанд ва Донишкадаи кишоварзиро дар маркази ҷумҳурӣ ба ибтикори Шотемур марбут донист.

Вазорати фарҳанги кишвар барои сохтани муҷассама ба ифтихори зодрӯзи қаҳрамон наздик ба 150 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст. Аммо мутахассисони маҳаллӣ бар ин назар ҳастанд, ки ин муҷассамаи мисин шаклан зебо, вале аз қабати тунук сохта шуда, хавфи зуд бар асари боду боронҳо тахрибшавии он вуҷуд дорад. Вале масъули Вазорати фарҳанги кишвар Мавлон Мухторов мегӯяд, дар сохтани муҷассама тамоми нозукиҳои ҳайкалтарошӣ истифода шудаанд, он бо сифати баланд тайёр шудааст. Муҷассамаро Алиҷон Бобокалонов, корманди бунёди бадеъии Вазорати фарҳанг, тайёр кардааст.

Дар ин рӯз сарвазир ва ҳайъати ҳамроҳаш аз осорхонаи навсозишудаи Шотемур, хона-музейи Моёншо Назаршоев ва Чашмаи Носир дар маҳалли Поршневи ноҳияи Шуғнон дидан карданд. Ба иттилоъи шӯъбаи сохтмони асосии мақомоти вилоят, барои навсозии осорхона 300 ҳазор сомонӣ масраф ва қариб 80 дарсади он дигаргун шудааст.

Як рӯз қабл ҳамчунин ҳунарпешагони театри мусиқи-мазҳакавии вилоят дар толори Донишгоҳи Хоруғ нахустнамоиши «Дурахши ахтар»-ро, ки аз ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамон қисса мекунад, манзури тамошобинон гардонданд. Ба иттилои мақомот, рӯзи 20-уми октябр зодрӯзи Шириншо Шотемур дар Душанбе таҷлил мешавад.

Бузургтарин ҳайкал дар маркази Бадахшон - ҳайкали Ленин дар майдони «Ваҳдат» ва ҳайкали Сарбози номаълум дар хиёбони калонтарини шаҳр боқӣ монда, муҷассамаи Шотемур гӯшаи боғи фарҳанги-фароғатиро ихтиёр кардааст. Раиси вилоят қаблан гуфт, ки мехостанд, Шотемурро ба ҷойи Ленин гузоранд, аммо алҳол фикр мекунад, ки барои ин кор ҳанӯз фурсат нарасидааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG