Пайвандҳои дастрасӣ

Дар робита ба рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ҳукми қатл барномаи «Ояндасоз» бо як гурӯҳи донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон сӯҳбат доир кард.

Дар ин сӯҳбат, ки донишҷӯёнро ба ду гурӯҳ, яъне тарафдор ва муқобилони татбиқи ҳукми қатл дар ҷомеа тақсим кард, баҳси ҷолибе сурат гирифт.

Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ҳукми қатл ахиран Иттиҳодияи Аврупо аз давлатҳои ҷаҳон даъват кард, ки аз ҳукми қатл даст кашанд ва чораҳои дигари ивазкунандаи ин ҷазоро истифода намоянд.

Имрӯз 94 кишвари ҷаҳон ҳукми қатлро манъ кардаанд. 45 кишвари дигар онро дар ҳолатҳои истисноӣ мавриди истифода қарор
медиҳанд. Кумиссиюни Аврупо хабар медиҳад, ки дар 58 кишвари ҷаҳон ҳукми қатл то ҳанӯз ҷорист ва дар соли гузашта 2390 нафар қатл гардида, барои 8 864 нафари дигар чунин ҳукмро эълон кардаанд.

Ҳамчунин ба таъкиди ин ниҳод, аз ҳама бештар ҳукми қатл дар кишварҳои назири Амрико, Арабистони Саудӣ ва Эрону Чин содир мешавад.

Дар баробари он, ки Иттиҳоди Аврупо аз иқдомҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҷорӣ кардани маҳдудият дар нисбати ҷазои ҳукми қатл истиқбол кардааст, вале ҳамзамон хоҳони комилан аз байн бурдани ин ҷазо дар кишварҳои минтақа шудааст.

Ҳарчанд Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон комилан ҷазои ҳукми қатлро дар низоми додгоҳии хеш лағв кардаанд, аммо дар Тоҷикистон мараторияи ҷазои ҳукми қатл ҳамчунон ҷорист.

Тибқи моддаи 59-и Кодекси ҷиноии кишвар, ҷазои қатл ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои ҷиноятҳои хеле вазнин муқаррар карда мешавад. Чунин ҳукм ба занҳои ҳомиладор ва ноболиғони то 18-сола таъин карда намешавад. Ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо мумкин аст ба якумр аз озодӣ маҳрум сохтан иваз карда шавад.

Як нукта ҷоизи қайд аст, ки масъалаи татбиқ ва ё бекор кардани ҳукми қатл дар ҷомеа низ фикрҳои мухталифро ба бор овардааст. Муқобилони аз миён бурдани ҳукми қатл бар ин назаранд, ки ҳар нафаре, ки куштор содир кард, бояд бо қиммати зиндагияш гуноҳашро ҷуброн кунад.

Вале гурӯҳи дигар бо тарафдории аз байн бурдани ҷазои қатл мегӯянд, ки истифодаи чунин ҷазо барои коҳиши ҷиноятҳои вазнин мусоидат намекунад. Зеро дар аксари мавридҳо чунин ҷиноятҳо дар ҳолатҳое содир мешаванд, ки ҷинояткор дар ҳолати фишори сахти равонӣ қарор дошта имкони андешидани оқибати амали худро надорад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки истифода барии ин ҳукм ба шаҳрвандон баръакс сангдиливу бераҳмиро меомӯзад.

Барои шунидани ин барномаи «Ояндасоз » ба ишораи чандрасонаӣ дар канори саҳифа нохун занед.

Вобаста

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG