Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархи бӯҳрон севу ним миллиард сомонӣ


U.S. -- Tajik President Emomali Rahmon/Rakhmon (center), arrives at the UN General Assembly, New York, 23Sep2009

U.S. -- Tajik President Emomali Rahmon/Rakhmon (center), arrives at the UN General Assembly, New York, 23Sep2009

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, иллати аслии ба чунин вазъ мувоҷеҳ шудани иқтисоди кишвар поин рафтани баҳои ду маҳсулоти аслии содиротӣ - алюминий ва пахта - ва ҳамчунин коҳиши маблағҳои муҳоҷирини кории тоҷик аст. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзудааст, ки дар тӯли як соли ахир тавлидоти саноатӣ дар кишвар 4 дарсад ва истеҳсоли пахта 16 дарсад коҳиш ёфтааст.

Коршиносони соҳа мегӯянд, бино ба буҳрони молӣ ва харидор надоштани алюминий тавлидоти он дар кишвар 17 дарсад коҳиш дода шудааст. Истеҳсоли пахта низ нисбат ба 5-6 соли пеш 3-4 маротиба камтар аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки кам кардани истеҳсоли пахта ба чанд бахшҳои дигари иқтисоди кишвар хисороти чашмрас ворид кардааст.

Ваҳҳоб Воҳидов, мудири шуъбаи институти пажӯҳиши иқтисоди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, вазъи тавлидоти пахта дар кишвар нигаронкунанда аст ва хисорот аз ҳисоби кам шудани истеҳсоли пахта, бештар бахши тавлидоти равған, собун ва низ соҳаи нассоҷиро ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ кардааст. Ба гуфтаи оқои Воҳидов, камбуди маблағ барои харидории технология, ва нуриҳои маъданӣ аз як сӯ ва аз сӯи дигар қарзи рӯзафзуни давлат аз кишоварзон сабаби аслии камдаромад шудани пахта дар кишвар шудааст.

Оқои Воҳидов бар ин назар аст, ки дар сурати идома пайдо кардани чунин вазъ ва чунин маблағгузории ночиз аз ҷониби давлат ба соҳаи кишоварзӣ, рушди соҳаи кишварзӣ ва хусусан тавлидоти пахтаро тасаввур кардан ҳам амри маҳол аст.

Эмомалӣ Раҳмон хисороти воридкардаи бӯҳрони молӣ ба корхонаву иншооти муҳими кишвар ва дар паи он коҳиши чашмраси тавлидоти саноатӣ ва касодии бозори дохилро нигаронкунанда донистааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, корхонаҳои саноатии кишвар пеш аз бӯҳрони молӣ низ, вазъи начандон хуб дошта, гирифтори мушкилоти зиёд будаанд ва тибқи омори расмӣ, бино ба камбуди газу барқ ва адами фанновариҳои муосир, беш аз 40 корхонаи саноатӣ бекор мебошанд. Вале, мегӯянд коршиносон, бӯҳрони молӣ вазъи ин корхонаҳоро боз ҳам бадтар кардааст.

Раҳматулло Валиев, коршиноси масоили сиёсӣ, бар ин назар аст, ки дар сурати дарк кардани пайомадҳои бӯҳрони саросарии молӣ, ба роҳ мондани сиёсати дурусти иқтисодӣ ва ҷустани тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ ҷиҳати ҷилавгирии он, шояд хисороти ин бӯҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон чунин миёншикан намебуд.

Яке дигар аз пайомадҳои манфии бӯҳрони молии иқтисодӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро президент дар коҳиши ба маротиби маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик марбут донистааст. Маблағҳое, ки аз муҳоҷирони кори тоҷик ба кишвар ворид мешаванд, тайи чанд соли ахир на танҳо ба рушди иқтисоди кишвар ва мувозинати пули миллӣ мусоидат кард, балки барои беҳтар шудани зиндагии хонаводаҳои фақир ва ниёзманди Тоҷикистон нақши муассире доштааст.

Вале дар давраи буҳронӣ молӣ муҳоҷирати корӣ ба мушкилоти зиёде, аз қабили адами ҷойи кор дар Русия - кишвари асосии қабулкунандаи нерӯи корӣ, аз ҷониби кордиҳандагон саривақт напардохтани музди меҳнати муҳоҷирон сабаб гардид, ки мизони интиқоли пули муҳоҷирон 35 дарсад коҳиш ва аз шумори муҳоҷирони баргашта, дар дохили кишвар боз ҳам афзоиш ёфтани шумори бекорон гардид.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси мустақил, бо ишора ба пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз миён бурдани оқибатҳои бӯҳрони молӣ, ки яке таъсиси сандуқи зиддибӯҳронии Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё ва дигар дар чаҳорчуби ҳамкориҳои ин созмон таъсис додани пули воҳид будааст, гуфт, таъсиси сандуқи зиддибӯҳронӣ айни муддаост, аммо таъсиси пули воҳид барои кишваре мисли Тоҷикистон, ки иқисоди номуназзам дошта, бахши аъзами молу колоро аз хориҷи кишвар ворид мекунад ва истеҳсоли худӣ қариб ки надорад, роҳи ҳалли мушкил нахоҳад буд.

XS
SM
MD
LG