Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони сиёсӣ дар Иттиҳодияи Аврупо


Ян Фишер, нахуствазири Ҷумҳурии Чех ва Хосе Мануэл Барросо, раиси Комиссиюни Аврупо
Ян Фишер, нахуствазири Ҷумҳурии Чех ва Хосе Мануэл Барросо, раиси Комиссиюни Аврупо

Баъд аз дидор бо нахуствазири Ҷумҳурии Чех Ян Фишер, раиси Комиссиюни Аврупо Хосе Мануэл Барросо, ки бисёр хашмгин ба назар мерасид, гуфт, Иттиҳодияи Аврупо намебоист дар чунин вазъият бимонад.

Ҳамагӣ даҳ рӯз қабл зимни назархоҳии такрории бисёр мушкил Ирландия ба аҳдномаи Лисабон розӣ шуд ва дар ниҳоят раисиҷумҳури саркаши Лаҳистон Лех Качинскӣ зери ин санад имзо гузошт.

Барросо нахост далелҳои раисиҷумҳури Ҷумҳурии Чех Васлав Клаусро барои имзо накардани аҳдномаи Лисабонро бипазирад. Раиси Комиссиёни Аврупо мавқеи Клаусро мавриди интиқоди шадид қарор дода гуфт, ки баъд аз он ки ҳукумати Чех аҳдномаро ба имзо расонд ва порлумони он кишвар онро тасвиб кард, танҳо додгоҳи олии Ҷумуҳурии Чех ва на президент ҳақ дорад ин равандро ба таъхир гузорад.

Додгоҳи олии Ҷумуҳурии Чех барои баррасии норозигиҳои баъзе сенаторҳои кишвар 27 октябр нишасти вижа доир хоҳад кард. Барросо дар ин бора гуфт, “мо бар ин назарем, ки Ҷумҳурии Чех ягон далел надорад, масъулиятҳояшро дар назди боқии кишварҳои узв ва ниҳодҳои Аврупои иҷро накунад”.

Барросо аз Васлав Клаус қотеона хост, то Иттиҳодияи Аврупоро эҳтиром кунад. Аҳдномаи Лисабон осон кардани тасмимгириҳо дар Иттиҳодияи Аврупоро дар назар дорад. Баъд аз он ки Фароса ва Ҳоланд соли 2005 аҳдномаи конститусиониро напазируфтанд, иттиҳодия бо бӯҳрони сиёсӣ рӯбарӯ шуд ва аммо шикасти аҳдномаи Лисабон дар нахустин назархоҳии умумии Ирландия вазъро боз ҳам ваҳимтар кард.

Ва акнун баъд аз он ки Ирландия саранҷом ба тасвиби аҳдномаи мазкур омодагиашро намоиш дод ва ба назар мерасид, ки бӯҳрони сиёсӣ пушти сар шуд, Васлав Клаус ба ин умур дахолат кард.

9-уми октябр Клаус ҳамаро огоҳ кард, ки то замоне, ки ба кишвараш замонат дода нашавад, ки қонунҳои баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон қабул шуда лағв нахоҳанд шуд, ӯ аҳдномаро имзо намекунад. Тибқи қарордоди Бенес, олмониҳои минтақаи Судетен ҳақи тақозои моликияти худро надоранд ва Клаус дар ташвиш аст, ки агар вай аҳдномаи Лисабонро ба тасвиб расонад онҳо дубора аз ин ҳақи худ бархурдор мешаванд.

Нахуствазири Ҷумҳурии Чех Ян Фишер ба Барросо гуфт, ки ҳукуматаш кӯшиш мекунад, аҳдномаро то охири соли ҷорӣ ба тасвиб расонад.

Аммо аломатҳои он мавҷуданд, ки зимни ҳафтаи ҷорӣ ҳукумати Чех таҳти фишори Клаус ақибнишинӣ мекунад. Қарордоди Бенес пуштибонии қариб тамоми доираҳои сиёсии Чехро касб кардааст ва аксарияти таҳлилгарони кишвар дарк мекунанд, ки мавқеи Клаус бисёр мустаҳкам аст.
XS
SM
MD
LG