Пайвандҳои дастрасӣ

Орзуи Шаҳбози 10-сола ба воя расидан ва аз муҳоҷират баргардонидани падараш аст.

Ӯ мегӯяд, ҳанӯз дар мактаб таҳсил намекард, ки падараш ба хотири ба даст овардани рӯзӣ роҳ сӯи Русияро пеш гирифт. Ҳамакнун Шаҳбоз дар синфи чорум мехонад, аммо ҳанӯз ҳам падарашро надидаст, зеро ӯ дар мардикорӣ баръакс қарздор шуда ва имкони баргаштан ба хонаро надорад.

Шаҳбоз меафзояд, «дадам мегӯяд биёям, омада наметавонад, чунки кор нест. Модарам танҳо дар бозор кор мекунад. Дадам занг зада гуфт, ки қарздор аст ва ҳоло омада наметавонад».

Сафари мардҳо ба ғурбат, ки нерӯи аслии корӣ дар деҳот ба шумор мераванд, корҳои сангини хоҷагиро бар души занону кӯдакон бор карда бисёри наврасонро аз мактаб дур намудааст ...
Тибқи омори расмӣ, ҳамасола ҳудуди 600 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири пешбурди зиндагӣ ба Русия ва кишварҳои дигар кишварҳо сафар мекунанд. Аммо аксари онҳо ба хонаводаҳои хеш маблағи кофӣ ирсол намекунанд ва солҳо барои зинда мондани худу фарзандон заҳмат кашида, маблағи ночиз ба даст меоранд.

Коршиносон мегӯянд, зиндагии оилаҳои муҳоҷирони номуваффақ дар Тоҷикистон печидаву нигаронкунанда буда, ин вазъ қабл аз ҳама ба рӯҳияи фарзандони чунин хонаводаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Тоҷиниссо Одинаева, раҳбари созмони «Зам-зам»-и ноҳияи Мӯъминобод, мегӯяд, сафари мардҳо ба ғурбат, ки нерӯи аслии кории деҳот ба шумор мераванд, тамоми корҳои сангини хоҷагиро ба души занону кӯдакон бор карда, бисёри наврасонро аз мактаб дур намудааст.

Бунёди атфоли СММ – ЮНИСЕФ мегӯяд, 25 дарсади духтарон дар Тоҷикистон мактабро пурра хатм намекунанд. Дар ин замина Сивик Шопонтю, ҳамоҳангсози Созмони ҷаҳонии ғизо, гуфт, аксари кӯдакон ба хусус духтароне, ки падаронашон ба муҳоҷират рафтаанд, ба мактаб намераванд, чун маҷбуранд дар кори кишоварзӣ ба хонаводаи худ кӯмак расонанд.


Оғои Шопонтю мегӯяд, аз назари равонӣ дурӣ аз падар беш аз ҳама ба тарбияи писарон бетаъсир нест ва боиси камҷуръату худнобовар ба воя расиданашон мегардад. Созмони ҷаҳонии ғизо 400 ҳазор атфоли чунин оилаҳои ниёзмандро дар мактабҳо бо ғизои гарм таъмин мекардааст.

Сивик Шопонтю гуфт, «бисёр оилаҳое ҳастанд, ки бонувон онҳоро сарварӣ мекунанд ва ин занҳо ҳамсаронашонро дар як сол як бор ва баъзан дар ду сол як маротиба мебинанд. Занон ва кӯдакон аз синни барвақт маҷбуранд, ки масъулияти зиёд ва бештарро ба ӯҳда гиранд. Ҳамин аст, ки вақте мо кӯдаконро мепурсем, ки оянда кӣ шудан мехоҳанд, бархе аз онҳо мегӯянд, ки чун падаронашон ба Русия мераванд, аммо бархе мегӯянд, ки ман ба Русия ба мардикорӣ намеравам, чун падарам рафту дигар барнагашт».

Ба гуфти Тоҷиниссо Одинаева, раҳбари созмони «Зам-зам», маъмулан фарзандони муҳоҷирон ҳам, ки дар деҳот бо корҳои хоҷагӣ ва дониши кам ба воя мерасанд, ояндаи худро дар муҳоҷират мебинанд ва дар ноҳияи Мӯъминобод ҳанӯз аз синни 17-18-солагӣ роҳ сӯи Русияро пеш мегиранд ва гурӯҳе аз наврасон бо дидани шароити нисбатан беҳтар зиндагии доимиро дар онҷо ихтиёр мекунанд.

Муҳаммад Бодурбеков, ҳамоҳангсози барномаҳои бахши идоракунии маҳалии Бунёди Оғохон, мегӯяд, муҳоҷирати тӯлонии сарварони оилаҳо аксари кӯдаконро ба кори мухталифи бозору хиёбонҳо ва олами ҷиноӣ наздиктар карда, муҳим аз ҳама аз тарбияи дурусту комили оила маҳрум месозад.

Вай афзуд, «ин кӯдакон имкони аз тарбияи волидон баҳравар шуданро надоранд. Волидон ҳам дасташон ба тарбияи кӯдакон намерасад. Таъсири манфӣ ин аст, ки кудакон аз мактаб дур рафта ба дуздӣ даст мезананд, кӯчагардӣ миёни онҳо меафзояд ва арзишҳои ахлоқии онҳо коста мегардад».

Аммо мавриди зикр аст, ки ба муҳоҷират рафтани волидон дар баробари паёмадҳои зиёди манфӣ доштанаш барои рушд ва даст ёфтан ба шароити нисбатан хуби бархе аз кӯдакон ҳам мусоидат кардааст. Фарзандони муҳоҷирони муввафақ, ки падаронашон даромади хешро барои рушди фарзандон сарфа мекунанд, имкони беҳтари таҳсил дар мактабҳои бонуфуз, донишгоҳҳои дохил ва ҳатто берун аз кишваро пайдо кардаанд.

Бар илова Муҳаммад Бодурбеков мегӯяд, маблағҳои равонкардаи муҳоҷирон барои таъсиси соҳибкории хурду миёна дар кишвар аз ҷониби аҳли оила ба хусус фарзандонашон саҳм гузоштаанд.

Коршиносон мегӯянд, раванди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои пешрафта дар шароити феълӣ, ки ҳукумат имкони таъмини шаҳрвандон ба хусус ҷавононро бо ҷои кор кам дорад, айни муддаост, аммо ҳукумат бояд барои ба роҳ мондани муҳоҷирати қонунӣ заминаҳои мусоидро фароҳам оварад.
XS
SM
MD
LG