Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирати корӣ ва дурнамои он


Дар Душанбе барои баррасии масоили муҳоҷирати корӣ ҳамоиши коршиносон ва дастандаркорони умури муҳоҷират баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз Амрикову Русия ва Олмону Ҳинд ширкат доштанд.

Ширкаткунандагон таъкид карданд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳоҷирати корӣ ба мушкили ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфтааст.

Ҳукуматҳои минтақа дар оғоз ба масъалаи муҳоҷирати кории шаҳрвандон таваҷҷӯҳ надоштанд ва бар ин назар буданд, ки муҳоҷирони корӣ танҳо барои бароварда сохтани ниёзманиҳои хонаводаии худ дар ҷустуҷӯи кор ба Русия ё ба кишвари дигар мераванд.

Аз тарафи дигар, пиндори мақомоти расмӣ чунин буд, ки муҳоҷирати корӣ сафи бекоронро камтар мекунад ва аз ин роҳ шиддати масъалаи бекорӣ низ то андозае аз байн меравад. Вале дар ин миён аслан табақаи солими нируи корӣ рӯ ба муҳоҷират овард, нируе, ки дар кишвари худ дасти корӣ ба шумор мерафт. Гузашта аз ин, чунин муҳоҷират аксаран ғайриқонунӣ ва хориҷ аз контрол ва гоҳо бо пайомадҳои риққатбор ҳамроҳ буд. Аз ҷумла, дар Русия поймол шудани ҳуқуқ ва таъқибу таҳқири муҳоҷири ғайриқонунӣ аз сӯи корфармоён ва пулис ба падидаи маъмулӣ табдил ёфт.

Дар ҳамоиши Душанбе коршиносон изҳор доштанд, ки бо гузашти чанд сол аз оғози раванди муҳоҷират ҳоло дар сохторҳои давлатӣ низ ин масъала аҳамият пайдо кардааст. Алишер Ярбобоев, мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш бо назардошти муҳоҷирати кории худҷӯш ва ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар гуфт, ҳамаи равандҳо қобили танзим аст ва ин равандро низ бояд тавассути қонунҳо ба танзим даровард.

Ҷавлон Ҳамдамов, раҳбари намояндагии АСТЕД дар вилояти Хатлон, роҷеъ ба танзими муҳоҷирати корӣ қадаме пештар мегузорад ва мегӯяд, ҷомеъа ва созмонҳои байнулмилалӣ низ дар танзими раванди муҳоҷират бояд бо барномҳои вижа саҳм дошта бошанд. Вай мегӯяд, ҳам дар сатҳи ҷомеа ва ҳам дар сатҳи ҳукуматӣ барномаҳо таҳия шавад. Бояд марказҳои машваратӣ таъсис ёбад.

Ҳамоиши коршиносони умури муҳоҷират дар шаҳри Душанбе се рӯз баъд аз интишори гузориши СММ дар бораи саҳми муҳоҷирони корӣ дар барқарории иқтисод дар марҳалаи бӯҳрони иқтисодӣ баргузор шуд. Дар гузориши СММ гуфта шудааст, бӯҳрони сартосарии иқтисодӣ нақши муҳоҷирони кориро коҳиш додааст. Бо вуҷуди ин, дар гузориши СММ пешгӯиҳои коршиносон дар бораи даҳсолаҳои оянда роҷеъ ба дурнамои муҳоҷирати корӣ ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад. Тибқи ин гузориш, дар 40 соли оянда кишварҳои рушдёфта ба камбуди нируи корӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар ҷараёни барқарории иқтисод аз бӯҳрони молӣ ниёз ба нируи муҳоҷирони корӣ дубора афзоиш меёбад. СММ дар ин гузориш пешниҳод кардааст, ки бо назардошти чунин дурнамо кишварҳои пешрафта бояд маҳдудият дар рафту омдаи муҳоҷирони кориро аз миён бардоранд ва муҳоҷирони бетахассусро тарбия ва ба корҳои дигар гузаронанд. Ин кор ҳмчунин бо раванди дигар иртибот дода шудааст, яъне дар баъзе кишварҳои пешрафта шумораи аҳолӣ коҳиш меёбад ва онҳо бояд ҷойҳои холии кориро бо муҳоҷирон пур кунанд. Дар ин миён дар гузориш Русия истисно дониста намешавад, кишваре, ки муҳоҷирати кории тоҷикон аслан ба ин кишвар мушоҳида мешавад.

СММ пешниҳод кардааст, ки Русия бояд барои муҳоҷирон саддҳоро аз миён бардорад, зеро ин кишвар ба камбуди нируи корӣ ва бӯҳрони демографӣ мувоҷеҳ аст. Масалан, тибқи гузориш, аз соли 1993 то ҳол аҳолии Русия 6,6 миллион нафар коҳиш ёфтааст ва то соли 2025 боз 11 миллион нафари дигар аз аҳолии ин кишвар камтар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG