Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе аз чаҳор бахш, маъмурӣ, ҷавонон ва тарбия, толори иҷтимоӣ ва ҷамоатхона иборат аст.

Ба гуфти Музаффар Ҷорубов, роҳбари иҷроияи Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, ин панҷумин маркази исмоилиёни ҷаҳон дар Душанбе буда, қаблан, чунин марказҳо дар Канада, Бритонияи Кабир, Нисабелии Португалия ва Дубай ҳам сохта шудаанд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон соҳибназарон дар мавриди ифтитоҳои ин марказ назароти мухталиф доранд. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, дар марҳалае ки кишвари мо қарод дорад ва дарҳои бози Тоҷикистон ба ҳама давлатҳо ба истилоҳ боз аст, ҳар ҷониб метавонад аз ин истифода кунад ва дар қаламрави кишвар дафтар ва ё қароргоҳҳои худро бунёд кунад. Созмони оғохон нахуст бо мақсадҳои кумакрасонӣ вориди Тоҷикистон шуд ва бо мурури вақт тавонист маҳбубияти хешро дар сатҳи олӣ ба вуҷуд оварад ва корҳои дигареро роҳандозӣ кунад.

Ҳикматтулоҳ Сафулоҳзода дар мавриди бинои Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе мегӯяд, «Як бинои зебову муосир дар яке аз хиёбонҳо сохта шудааст ва Аллоҳу Акбар ҳаккокӣ шудааст. Умед мекунем, ки роҳандозӣ шудани ин гуна қароргоҳҳо ва ё марказҳо сифр ба хотири кӯмак расонидан ба ниёзҳои қишри алоҳидаи ҷомеа мебошад. Агар ин масъала бошад, ҳеҷ мушкиле нест. Вале боиси таассуф аст, ки баъзе аз ин гуна марказҳо ҳадафҳои дигарро низ дунбол мекунанд. Ман наметавонам ҳоло дар ин маврид далелҳои собит дошта бошам нисбат ба созмони Оғохон. Вале хеле хушам меомад, ки агар ин гуна ҳадафҳоро дунбол намекард».

Ба гуфти оғои Сайфуллозода, исмоилиҳо дар Тоҷикистон бо ҳанафиҳо аз асрҳои пешин дар паҳлӯи ҳамдигар ба сар мебаранд. Ва гар ин гуна марказҳо тавонанд, ки дар ташаккули афкори мазҳабии исмоилиҳо саҳм гузоранд, боиси таҳсин хоҳад буд.

Саъди Юсуф, коршиноси дигар, бар ин назар аст, ки кушодашавии ин марказ барои Тоҷикистон метавонад баёнгари он бошад, ки дар кишвар ҳуқуқи ақалиятҳои мазҳаби на танҳо поймол намешавад, балки ба шакли хубе риоя мешавад. Вай афзуд, маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе дар муаррифии пайравони ин мазҳаб метавонад хидмат кунад. «Ин кори хуб нест, ки мазҳаби исмоилияро ба мазҳабҳои дигар, ки худро бо таври ошкор муаррифӣ намекунанд, нисбат диҳем.».

Сохтмони ин марказ 5 сол пеш дар масоҳати 3 гектар шурӯъ шуда буд. Меъмори бино шаҳрванди Канада Фаррух Нурмуҳаммад аст. Дар сохтмони ҳудуди 90 миллион сомонӣ ва ё худ 23 миллион доллари амрикоӣ масраф шудааст. Ҳазинаи бино аз тарафи Шоҳзода Оғохони IV, пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон, пардохт шудааст. Дар бинои Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе Амфитеатр барои кӯдакон ва ҷавонон ҳам фаъолият мекунад. Тарҳи Амфитеатр қадима буда, дар саҳни марказ сохта шудааст.

Ҳамчунин, дар дохили марказ чорбоғ дар масоҳати 1. 200 метрии мукааб барои истироҳати мизоҷон бунёд ёфтааст. Дар дохили бино анъанаҳои наққошии Осиёи Марказӣ истифода шудааст. Ҳамчунин, дар сақфи биноҳои дохили он анъанаҳои ҳунари мардуми Бадахшон истифода шудааст. Дар равшан кардани дохили бино аз нури офтоб бештар истифода мешавад. Чун тирезаҳои марказ калон сохта шуда, асосан оина мебошанд, ки нурҳои офтоб барои равшании дохили он мусоидат мекунад.

Ба гуфти масъулин, бино бо хишти суфтаи аз Самарқанд овардашуда, сохта шудааст. Дар он 3 миллион дона хишт сарф шудааст. Ҳамчунин, марказ панҷ манора дорад, ки дарозии ҳар яки он аз 15 то 21 метр мебошанд. Дар даромадгоҳи дохилии марказ «Аллоҳу Акбар» ва «Ло Илоҳа Илаллоҳ» ҳаккокӣ шудааст. Аз ин маркази фарҳангӣ ҳар шаҳрванд метавонад истифода барад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG