Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон бозии дуввумашро дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола дар Непал бо тими Эрон бо ҳисоби 0: 0 анҷом дод.

Бозии даври дуввум дар гурӯҳи «В» 7-уми октябр дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду баргузор шуд.

Пеш аз ин дар даври аввал дастаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Зоир Бобоев бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 2:0 пирӯз гашта буд.

Дар бозии дигари даври дуввум дар гурӯҳи «В» тими Баҳрайн бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ дастаи Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар ҷои аввал аст. Дастаҳои Лубнон ва Баҳрайн 3-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Эрон, ки як бозӣ кардааст, як имтиёз дорад. Вале тими мизбон – Непал бидуни имтиёз дар ҷои охирин мебошад. Дастаи Ҷазоири Молдив аз ширкат дар ин мусобиқа даст кашид.

9-уми октябр, дар даври севум, нахуст дастаҳои Тоҷикистон ва Лубнон, сипас Эрон ва Непал бозӣ хоҳанд кард.

Сабқати интихобӣ аз 8 гурӯҳ иборат аст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ , инчунин, ғолиби гурӯҳи «Н» ва беҳтарин дастаи дар ҷойҳои севум қароргирифта ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Дар айни ҳол ду дастаи беҳтарини гурӯҳи «F» - Чин ва Тимори Шарқӣ, инчунин, дастаи Ҷопон аз гурӯҳи «Е» ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтаанд. Ҷопон 7-уми октябр бар тими Тайван бо ҳисоби бузурги 5:0 ғолиб шуд.

Дар гурӯҳи «D» (Уммон, Урдун, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон) 6 бозӣ бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: АМА – Қирғизистон – 3:0, Ҳиндустон – Урдун – 1:6, Туркманистон – Уммон – 0:2, Ҳиндустон - Туркманистон – 2:1, Уммон – Қирғизистон – 2:0, Урдун – АМА – 0:0. Дар ин гурӯҳ Уммон бо 6 имтиёз дар ҷои аввал аст. Урдун ва АМА 4-имтиёзӣ доранд.

Дар гурӯҳи «Н» се даста – Австралия, Малайзия ва Лаос ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ танҳо як бозӣ доир шудааст. 6-уми октябр дастаи Австралия тими Лаосро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.

Бозиҳои гурӯҳи «А» бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Кувайт, Покистон, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка ва Узбакистон 19-уми октябр шурӯъ мешаванд.

Бозиҳои гурӯҳи «С» (Бутан, Ироқ, Фаластин, Қатар, Сурия ва Яман) 8-уми октябр оғоз меёбанд.

Дастаҳои гурӯҳи «G» (Камбоҷа, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Мянмар, Тайланд ва Вйетнам) 9-уми октябр ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG