Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов, ки дар Қасри варзиши «Самандар-асри ХХI»-и шаҳри Турсунзода тӯли се рӯз идома кард, шоми 5-уми октябр ба анҷом расид.

Cаркотиби ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа 230 варзишгар аз 8 кишвар- Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат варзиданд. Паҳлавонон дар 9 вазн қувваозмоӣ карданд».

Чаҳор паҳлавони Тоҷикистон – Акмолиддин Каримов (52 кг, Душанбе), Ҷамил Абдураҳмонов (62 кг, Ваҳдат), Мустафо Ҳасанов (68 кг, Душанбе) ва Набимуҳаммад Хоркашев (100 кг, Душанбе) ва се варзишгари Гурҷистон – Автандил Тсинзадзе (57 кг), Нико Кутсия (82 кг) ва Олег Давиташвили (+100 кг) ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд. Инчунин Дамир Муҳидов, аз Узбакистон (74 кг) ва Андрей Кипчевич, аз Беларус (90 кг) пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ғолибон дар 9 вазн бо мукофотпулии сарпарастони мусобиқа, ҳар кадом ба маблағи 800 доллар, сарфароз гаштанд. Варзишгароне, ки ҷойҳои дуввумро гирифтанд, бо 400 доллар мукофотонида шуданд. Ба онҳое, ки ҷойҳои севумро азони худ карданд, 150-долларӣ супурда шуд.

Азбаски Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни 100 килограмм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шуда буд, ғолиби мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ дар ин вазн Набимуҳаммад Хоркашев, ҳамчунин, бо ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода – мошини сабукрави ҷопонии «Toyota Corolla» - мукофотонида шуд.

Дар вазни 100 кг 18 паҳлавон, аз ҷумла 14 нафар аз Тоҷикистон ва якнафарӣ аз Гурҷистон, Русия, Узбакистон ва Қирғизистон рақобат карданд. Набимуҳаммад Хоркашев дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақиби худ Микдия Бодавели (Гурҷистон), қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2007 ва қаҳрамони дукаратаи Аврупо, аз рӯи холҳо пирӯз гашт.

Дар маросими мукофотсупорӣ калиди мошинро ба Набимуҳаммад Хоркашев фарзанди Саидмӯъмин Раҳимов – паҳлавони маъруф Саидаҳтам Раҳимов супурд.

Набимуҳаммад калиди мошинро ба Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дод ва хоҳиш кард, ки маблағи аз фурӯши ин мошин ба даст омадаро аз номи ӯ ба хонаҳои кӯдакони ҷумҳурӣ тӯҳфа намоянд.

Ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, бо қарори Федеросиюни байналмилалии самбои ҳаваскорӣ (FIAS) аз соли 2010 сар карда дар Тоҷикистон «Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои ёдбуди Саидмӯъмин Раҳимов» баргузор хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG